Рӯзномаи Хатлон » Президент » Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли пойафзол дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти он


Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли пойафзол дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти он



17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.

Корхонаи пойафзолбарорӣ аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад.

Корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншооти мазкур соли 2022 шуруъ гардида, он дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 576 метри мураббаъ доман густурдааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амал” мебошад. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар минтақаҳои дурдасти кишвар заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки корхонаи “Сандал” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони худро дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошад.

Қобил ба зикр аст, ки тамоми таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Технологияи коргоҳ аз нигоҳи хароҷот каммасраф аст ва кори 2-3 соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад. 50 фоизи кор автоматӣ иҷро мегардад. Барои иҷрои корҳои дастӣ дар марҳилаи аввал 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд ва дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани он, то 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд. Кормандон низ аз ҳисоби сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ҷалб шуда, пеш аз ба фаъолият шурӯъ намудан, аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо инобати соддаю осон будани раванди кор ва мувофиқ будан ба шуғли занон, аксари кормандони сехи мазкурро бонувон ташкил менамояд, ки ҳар кадом таҷрибаи хуби чеварӣ доранд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли босифати пойафзоли “ЯК” ашёи хом аз Туркия ворид гардида, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот, имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст. “Сандал” дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусиятҳои хоса ба фаъолият пардохтааст.

Дар ин ҷо пеш аз ҳама ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ташхис гузаронида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво дар фасли сармо, тамоми ҳуҷраҳои корию истеҳсолӣ бо печҳои ангиштӣ таъминанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.

Дар навбати худ кормандони корхонаи “Сандал” ба Сарвари давлат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои арзандаи кору фаъолият ва таваҷҷуҳи хосаашон ба мардуми кӯҳистон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти беҳтарсозии некуаҳволии мардум талош меварзанд ва барои ободии сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

http://www.president.tj/node/31320

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода