Агар лагерҳои истироҳатии ҳудуди вилоят фаъол бошанд, кӣ зарар ва кӣ фоида мебинад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 октябр, Бахш: Маориф ва илм / Номаҳои Шумо, Боздид 1 974
Соли равон аз вилояти Хатлон 915 нафар кӯдакону наврасон ба лагерҳои тобистона ҷалб шудаанд. Аз ин ҳисоб танҳо 105 нафар ба лагери “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор равон шуда, 810 нафари боқимонда ба лагерҳои берун аз вилоят сафарбар гардидаанд.
Шумораи кӯдакону кормандони ба санаторияҳо ҷалбшуда то ҳол муайян нест.
Фиристодани кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳатии минтақаҳои дигар, албатта аз як ҷиҳат хуб аст. Онҳо ҳам сайру сайёҳат мекунанд, ҳам бо ҳамсолонашон аз ноҳияву вилоятҳои дигар ошноӣ пайдо мекунанд. Аммо падару модарон мегӯянд, ки дурии роҳ мушкилоти молиявӣ ҳам барои онҳо дорад. Дар сурати вуҷуд доштани лагерҳо дар ҳудуди вилоят арзиши онҳо поин шуда, боис ба ҷалби бештари мактаббачаҳо дар истироҳатгоҳҳо мегардад.Пас дар вилояти Хатлон чаро ба фаъол кардани лагерҳои қаблан вуҷуддошта ва сохтмони лагерҳои нав кӯшиш намекунанд?
Аз ҷумла дар нақша буд, ки як лагер дар ноҳияи Мӯъминобод сохта шавад.
-Мо лоиҳаи сохтмони лагери кӯдаконаро дар ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров тартиб додаем. Мутобиқи нақша бояд аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмон маблағ ҷудо мегардид, вале мутаассифона то ҳол бо сабабҳои гуногун ин маблағ ҷудо нашудааст. Ноҳияи Муъминобод имконияти молиявӣ надорад, ки онро созад,-гуфт мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ин ноҳия Фирдавс Зарифов.
- Соли ҷорӣ се лагери мо бинобар сабаби вазъи бад доштанашон аз фаъолият боз монданд. Масалан, "Шарора"-и ноҳияи Муъминобод, ки мутааллиқ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аст, пурра фаъолият накард. Лагери "Сангоб"-и ноҳияи Данғара низ фаъол набуд, чун дар он ҷо корҳои таъмирӣ идома дошт. Мо мехоҳем, ки дар дохили вилоят лагерҳо зиёд бошанду маблағро дар ҳудуди вилоят гардиш бидиҳем. Бо маблағе, ки як нафарро ба дигар минтақа мефиристем, метавон ду нафарро дар лагерҳои ҳудуди вилояти Хатлон ҷалб намуд. Аз ҷониби дигар, дар Хатлон будани лагерҳои замонавӣ робитаи байни минтақаҳоро мустаҳкам мекунад. Яъне онҳо ба минтақаи мо меоянд ва мактаббачагони мо ба минтақаи онҳо мераванд. Ин метавонад дар рушди туризми дохилӣ низ саҳм гузорад, - мегӯяд Абдурозиқ Ризозода, раиси Шӯрои итифоқҳои касаба дар вилояти Хатлон.
Тибқи нақша дар ноҳияи Балҷувон ҳам як лагер бояд сохта мешуд. Бо ин мақсад 3 гектар замин ҷудо гардид, вале то ба ҳол сохтмон оғоз нашудааст. Сабабро раиси Кумитаи итифоқи касабаи вилояти Хатлон чунин шарҳ дод:
- Маблағ надорем, ки сохтмонро анҷом диҳем. Ҳарчанд чандин маротиба ба мақомот барои дастгирӣ муроҷиат кардем, вале натиҷае ба даст наомад.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ бошанд мегӯянд дар ин кор онҳо масъул нестанд:
- Маблағгузории сохтмони лагер дар мавзеи “Чанорҳо”-и ноҳияи Балҷувон ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон нест. Онро бояд Иттифоқҳои касаба бисозанд. Мақомоти ноҳияи Балҷувон маблағ надорад, -иброз дошт зимни суҳбати телефонӣ Шарифхон Тӯрахонзода, ҳуқуқшиноси мақомоти ноҳияи Балҷувон.
Баҳсу баррасиҳо дар мавриди фаъол набудани лагерҳо дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд теъдоди лагеру осоишгоҳҳо нисбат ба вилояти Хатлон чандин маротиба зиёд мебошанд ва аксари мактаббачаҳои имкондоштаи хатлонӣ ба он ҷо мераванд. Агар дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 4 лагер мавҷуд бошад, дар вилояти Суғд шумори онҳо ба 22 мерасад.
Аслан вилояти Хатлон минтақаҳои зебо ва мувофиқ барои сохтани истироҳатгоҳ ва лагерҳоро дорад, вале чаро аз ин шароиту имконоти мусоиди табиӣ истифода намешавад, маълум нест. Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг, Шӯроободу Балҷувон, Нораку Ҳамадонӣ имкони ташкил намудани лагер барои мактаббачаҳо вуҷуд дорад.
- Дар шаҳру навоҳии вилоят бояд мақомоти шаҳру ноҳияҳо мавзеъҳои истироҳатиро сохта, мавриди баҳрабардории умум қарор бидиҳанд. Вале афсӯс, то ба ҳол чунин ҳолат нашудааст. Ҳарчанд мо ба мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кардем, то дар сохтани санаторияву лагерҳо ба мо кӯмак расонанд, мутаассифона посухи мусбат нагирифтем. Аксарияти ташкилоту муассисаҳо аз ҳамкорӣ бо Итифоқҳои касаба худдорӣ мекунанд, зеро хусусӣ ҳастанд,- мегӯяд Абдурозиқ Ризозода, раиси Шӯрои итифоқҳои касаба дар вилояти Хатлон.
Кам будани шумораи лагер ва истироҳатгоҳҳо дар вилояти Хатлон як масъала, масъалаи дигар ва асосӣ фаъол набудани ҳамин теъдоди ками онҳост. Аз ҷумла, истироҳатгоҳи “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш ба талабот ҷавобгӯ нест. Осоишгоҳҳои “Шарора” ва “Истиқлол”-и Муъминобод, ки яке аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва дигарӣ аз раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб мебошанд, фаъолият надоранд, чун масъулин барои таъмиру тармими он маблағ ҷудо накардаанд.
Барои ҳалли масъала мо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардем, аммо касе ба ин масъала тавваҷӯҳ накард, - иброз дошт Абдурозиқ Ризозода.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, ки фаъолияти лагерҳо боис ба қавитар гардонидани робитаҳо ва рушди сайёҳӣ хоҳад гашт. Аз ҷониби дигар, ин василае мегардад, ки пули вилоят дар дохили он гардиш намояд. Масъулин бошанд, ба ҷои ҳалли ин мушкил ҳалли онро ба ҳамдигар вогузошта, талоше барои фаъол шудани лагерҳои қаблан вуҷуддошта ва сохтани истироҳатгоҳҳои нав анҷом намедиҳанд.
Аз ин кӣ фоида ва кӣ зарар мебинад?
Бовар дорем акнун сари ин мавзӯъ масъулин ҷиддитар хоҳанд андешид.
Набиҷони САИДАБРОР “Хатлон”