Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Китоби "Нома ба Панҷшер""


Китоби "Нома ба Панҷшер""



Мураттиби китоб шоири ҷавони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “НОМА БА ПАНҶШЕР”-ро “Паёми аҳли зиё ва ҷавонони бедори Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” арзёбӣ кард ва маҷмӯаи хешро ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба неҳзати бедорӣ ва сулҳхоҳии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд унвон кард.

Маҷмӯаи мазкур аз ҷониби ТҶБ “Истиқбол” ба нашр расидааст. Дар ин маҷмӯа ашъори шоирони тоҷик Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоча, Озарахш, Шаҳрия Нуқраи Суннатниё, Давлат Сафар, Озар, Абдуллоҳи Раҳнамо, Исмоил Зарифӣ Салими Зарафшонфар, Нурали Нурзод , Адибаи Хуҷандӣ, Орзу Исо, Шоира Рахимчон , Адибаи Азиз, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳимҷон Дӯстализода, мақолаҳои донишмандону журналистон Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шукурзода, Ҳафиз Раҳмон, Анзурати Маликзод, Одил Нозир ва дигарон гирдоварӣ шудааст.

Дар ин нигоштаҳо аҳли зиёи Тоҷикистон ғасби Афғонистонро аз ҷониби гуруҳи террористии “Толибон” маҳкум карда, хостори истиқрори сулҳу осоиш дар Афғонистон шудаанд. Ин маҷмӯа дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодаи нашр шуда, паёми мардуми Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон аст.


«Нома ба Панҷшер» будани ин нома бесабаб нест. Зеро, тавре ҳама огоҳӣ дорем, Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ягона минтақае аст, ки дар баробари «Толибон» суқут накард ва нурест дар ҷабини гирифтаи Афғонистони ҷангзада. Наъраи Шерони Панҷшер дар ин авохир гӯши оламро кар кардан дорад. Панҷшер Каъбаи озодии Афғонистон, ягона умеди мардуми азияткашидаи ин минтақа барои расидан ба сулҳ аст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода