Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Фаъолияти кории ман давоми солҳои мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ гардидааст. Айни замон нафақахӯр буда, зери осмони софу амнияти кишвар, дар ҳалқаи фарзандон давлати пирӣ меронам. Давоми фаъолияти кориам бо бисёр роҳбарони вақт суҳбату вохӯриҳо доштам. Вале онҳоро бо роҳбари кунунии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қиёс карда наметавонам. Зеро он заҳмату меҳнате, ки ин марди фидоӣ барои Тоҷикистону мардуми он кашидааст, назирашро таърих ёд надорад. Сулҳу сафо дар Тоҷикистони ҷангзада, баргаштани фирориёни иҷборӣ ба ватан, ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон, барқарор намудани харобиҳои ҷанг, сохтмону бунёди иншоотҳои бузург, роҳу пулҳо хизмати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дигар бахшҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ аз заҳмату талошҳои ин марди фидоӣ сарчашма мегиранд.
Дар ин росто мехоҳам, ки дар бораи як бахше аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар соҳаи фарҳангу адабиёт, дастовардҳои миллати тоҷик андешаҳои хешро иброз намоям. Хотиррасон намудани саҳми Пешвои миллат дар арҷгузории бузургони аҳли адабу пешвоёни мазҳабамон, эҳёи ёдгориҳои таърихии миллат ва дигарҳо аз зумраи ҳамин хислатҳои фарҳангпарваронаю фарҳангдӯстӣ, эътибори хоса додан ба дастовардҳои ниёгону аҳли адаб ба шумор меравад.
Бунёди «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», нашри асарҳои гузаштагон ва муосири имрӯза бошад, аз нав нашр намудани китоби «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров ройгон ба ҳар оила тақдим намудани он аз ҳамин қабил мебошад.
Шоҳиди як воқеае шудаам, ки он фарҳангдӯстию адибпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб инъикос менамояд ва он ҳеҷ гоҳ аз хотирам нахоҳад рафт. Моҳи сентябр буд. Болои деҳаи Шайдон чанд чархбол парвоз мекард. Ба ростӣ, дилам таҳ зад. Вале ба зудӣ хабар ёфтам, ки шоирону нависандагон ба ин ҷо меоянд. Ҷои исташон назди Шаршара, ҳамон Шаршараи номдори Сари Хосор будааст. Чаро ман ҳам наравам. Охир ман сарвари хоҷагии «Гулдара»-и ноҳияи Ховалинг, ҳоло тобеи ноҳияи Балҷувон будам. Ва ин Шаршара дар ҳудуди хоҷагии ман қарор дорад. Пас аз чанде худро он ҷо гирифтам. Дар ҳақиқат, он ҷо аллакай нафарони зиёде ҷамъ омада, сайругашт мекарданд. Чанд нафари онҳоро шинохтам. Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самад аз ҷумлаи онҳо буданд. Раиси ноҳияи Ховалинг шодравон Тоҷиддин Рауфов низ онҷо буданд. Чанд кат барои меҳмонон ороста шуда буд. Вале меҳмонон аз катҳо дида ба табиати атроф дилбастагӣ дош-танд. Шояд аксари онҳо бори аввал ин манзараҳоро медиданд, ки шукронаи оби сарду болаззат, ин замини файзрез ва ин ватани аҷдодӣ мекарданд.
Муддати зиёде нагузашта, боз як чархболи дигар омада, ба замин нишаст. “Ташаббускори ин саёҳат низ омаданд”, гуфтанд мизбонон. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чархбол поин шуда, назди адибон омад.
Меҳмонон баъди истиқболи Сардори давлат дар катҳо ҷой гирифтанд. Онҳо дар васфи ин гӯшаи зебоманзар сухане гуфта, шеъре қироат мекарданд. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди ҳар кат мерафт, бо адибон менишаст, суҳбат мекард. Ин манзараро дида, бори дигар ба хоксорию фарҳангсолорӣ, инсондӯстию ҳимматбаландии Пешво офарин хондам.
Дар рафти суҳбат фаҳмидам, ки ин гурӯҳи адибонро Сардори давлат аз гӯшаю канори мамлакат ҷамъ намуда, ба ин гӯшаи дурдасти кишвар, манзараҳои дилфиреб овардааст, то соате ҳам бошад, фароғат ёбанд, ғаму андуҳи гузаштаро фаромӯш намоянд. Чи амри хайре. Ва ин корро танҳо нафаре карда метавонад, ки дилаш ба ватан, халқаш месӯзад, ба адибонаш, аҳли илмаш ихлосу эътиқоди бузург дорад.
Дар ин вохӯрӣ ман бо шоирону нависандагони ҳамсинну солам Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким ва нависанда Абдулҳамид Самад аз наздик шинос шуда, суҳбат оростем. Ва ҳатто барои хотира бо Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулназар Келдӣ расм ҳам гирифтем. Чи одамони муътабаре буданд ин нафарон, ёдашон бахайр.
Аз ин сафар на танҳо адибон лаззати маънавӣ гирифтанд, балки аҳолии Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” алалхусус фарзандони онҳо низ баҳра бурданд. Ҳангоми вохӯрӣ раиси ноҳия аз мушкилоти таълими фарзандони аҳолии деҳоти Сари Хосор, дурии мактаби онҳо сухан кард. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки дар ин ҷо як интернати замонавӣ бунёд карда мешавад, то мушкилоти хонандагон бартараф гардад. Дар муддати кӯтоҳ ин мактаб-интернат сохта шуд, ки хонандагонро ба оғуши худ гирифт. Хонандагон то синфи чор дар деҳаи худ хонда, баъдан синфҳои болоиро дар ин мактаб-интернат идома медоданд. Ҳоло аз ин мактаб-интернат кадрҳои зиёде баромада, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд.
... Аз сафари Пешвои миллат ба ин гӯшаи дурдасти кишвар, ҳусни таваҷҷуҳи Сардори давлат ба аҳли фарҳанг, адибони кишвар ва ҳамчунин, таваҷҷуҳашон ба соҳаи маориф, таълиму тарбия таассуроти хотирмон бардошта, бори дигар эҳсос кардам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ҳастанд. Мо аз ин шукргузор буда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, хоҳони онем, ки солҳои минбаъда низ болои сари мардуми тоҷик, халқи Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, онҳоро ба сӯи қуллаҳои навини зиндагӣ раҳнамун созанд. Худо мададгоратон бошад, Пешвои миллати ман!
Қувваталӣ САИДОВ,
нафақахӯр, сокини
ноҳияи Восеъ
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.