Ҷамъоварии гиёҳҳои табиӣ оғоз ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 112
Майдони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали “Шӯрообод” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 12 ҳазору 381 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он парандагону ҳайвоноти нодир нигоҳубин карда мешавад.
Ин мавзеъ табиати хеле зебо дошта, дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳандаи он бо гулу гиёҳҳояш мувозинати экологиро нигоҳ медорад. Ҳамасола тибқи нақша майдони ҷангалзор барқарор ва аз нав бунёд карда мешавад. Ба ин хотир дар назди муассиса ниҳолхона ташкил карда шудааст, ки дар он беш аз 10 ҳазор ниҳол парвариш меёбанд.
Имсол барои васеъ намудани майдони хучзор дар ниҳолхона беш аз 3 ҳазор қаламчаи хучи бехор шинонида, парвариш карда истодаанд. Баъди сохтмони иншооти нав ҷавобгӯ ба талаботи тиббию бозори истеъмолӣ хушконидани мева ва гулу гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондаанд. Масъалаи таъминот бо оби нӯшокию полезӣ низ аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ ҳалли хешро пайдо кардааст. Дар ин бора директори МДХҶ Сайҷаъфар Асрорзода чунин иброз дошт: “Аз масофаи 5 километр тариқи қубурҳо хатти об кашидем, ки дар парвариши ниҳолҳои ниҳолхона истифода бурда мешавад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар масоҳати шаш садяк замин иншооти барои хоҷагӣ хеле зарур бунёд карда шуд. Аллакай дар он беш аз 500 килограмм гиёҳҳои шифобахш ва 200 килограмм мевагӣ хушконидем. То охири сол мақсад дорем ин корро идома бахшем.”
Ба гуфти кормандони муассиса то як моҳи дигар ҷамъоварии гиёҳҳо идома меёбад ва то охири тирамоҳ бошад, ба захира ва хушконидани мева машғул мегарданд.
Ш.Сафарзода