Ҷазо баъди 28 сол. Як сокини ноҳияи Ҷайҳун барои ҳуҷуми мусаллаҳона ба 15 соли зиндон маҳкум шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 167
Холов Саймуддин Муҳиддинович, санаи таваллудаш 2 марти соли 1974, зодаи ноҳияи Ҷайҳун, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, баъди муътадил гаштани вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1996-1998, дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бо маслиҳати пешакӣ бо Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашӯрович, Маҳмадов Одилҷон Кабутович, Хушбахтов Маҳмадюнус Ашӯрович, Кенҷаев Абдуғаффор Аҳлиддинович, Сафаров Одил Юсуфович ва дигар шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дастаи мусаллаҳи устувор, ки дар ихтиёрашон силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ доштанд, ташкил намуда, дар ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи он роҳбарӣ ва ғайриқонунӣ дар ин даста фаъолият намудааст.
Бино ба иттилои Варқаи Зайниддин, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Хатлон, аз ҷониби дастаи мусаллаҳи усту-вор дар солҳои 1996 - 1997 кушторҳои қасдонаи кормандони милитсия, Комиссариати ҳарбӣ ва дигаронро содир карда-анд. Як қисми шарикони ҷиноятии онҳо, аз қабили Хушбахтов Ё.А., Маҳмадов О.К., Хушбахтов М.А. ва Кенҷаев А.А. бо ҳукмҳои судӣ маҳкум карда шудаанд.
Муфаттишон шахсияти пурраи Холов С.М.-ро муайян карда, нисбаташ 8 августи соли 2024 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 74 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур муайян карда шудааст, ки Холов С.М. 10-уми апрели соли 1996 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҳамроҳии Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашӯрович ва Сафаров Одил ном шахс ҷамъ омада, аз рӯи нақшаи тарҳрезигашта кушторҳои нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун Пиров Саъдӣ, корманди Комиссариати ҳарбии ноҳия Хоҷаев Уктам, шаҳрвандон Салоҳуддинов Маҳмуд ва Бердишукуров Абдуҷалилро маслиҳат намуда, ин ҷиноятҳои тарҳрезишударо амалӣ намудаанд.
Ҳамчунин онҳо нақшаи ба хонаи раиси биржа, истиқоматкунандаи колхози ба номи Раҳмонови ноҳияи Ҷайҳун Қурбонов Абдуғаффор ҳуҷуми мусаллаҳона намуданро бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ тарҳезӣ намуда, онро низ амалӣ намудаанд. Оид ба ин амалҳои ҷиноятӣ 6 сентябри соли 2024 аз тарафи шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Холов С.М. ва дигарон бо моддаҳои 104 бандҳои «а, в, г, з, и, м, н, о» ва 156 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакии он ба итмом ва ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон судшаванда Холов Саймуддин Муҳидинович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 бандҳои «а,в,г,з,и,м,н», 156 қисми 2 (таҳрири соли 1961) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ дар асоси ин моддаҳо ҷазо дар на-муди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адо кардани ҷазо дар колони-яи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.
Комрони Бахтиёр,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00