Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нишоти талхшуда


Нишоти талхшуда



Дар замонҳои қадим одамон асоро сӯзану кафшро  ғалбер  карда,  бо  ҳазорон  азобу уқубат  кашолаю  шохмола  пойи  пиёда  ба ҳаҷ  мерафтанд.  Ҳатто  пеш  аз  ба  сафар  баромадан бо дасти худ дар зиндагӣ як даҳан нон  карда,  оши  худоиашонро  медоданд,  ки ин  гӯё  як  ҷаҳон  маъно  доштаасту  хосияташ аз  ҳама  беҳтар  будааст.  Мазмун,  роҳи  дур азоби  гӯр  асту  сиҳату  саломат  баргаштани касро  аз  он  мулкҳои  дур  Худо  медонад.  Лекин,  ҳоло  ҳаҷравӣ  нӯшидани  фурти  ҷой  шудааст. Ҳавопаймоҳои тезпарвоз дар як чашм пӯшида  кушодан  мусофиронро  сари  бод  ба манзил  мерасонанд.  Танзим  гуфта,  на  оши худоӣ  додан  лозим  мешаваду  на  оростани маъракаҳои пурхарҷу хароҷоти пеш аз сафар.

Гӯсолаи  гов  чаппа  омадагӣ  барин  кор имрӯз  ранги  дигар  гирифтааст.  Ҳоҷиёне,  ки пештар ангуштшумор буданд, ҳоло якто-нимто одамони ба ҳаҷ нарафтаро тамасхуромез нишон  дода,  мегӯянд,  ки  онҳо  ин  мартабаи баландро  ҳанӯз  соҳиб  нагаштаанд.  Кампири  хушдоманамро  низ  дар  сари  пирӣ  шояд ҳамин хел баъзе занҳои аз зиёрат баргашта алов  мондаю  бероҳа  карда  бошанд,  ки  дар васвасаи  ҳаҷравӣ  афтод.  Ду  пойро  дар  як мӯза монда, талаб намуд, ки вайро ба ҳаҷ фиристонам. Гӯё аз ин савобаш ба ман бештар мерасидааст. 

Арвоҳ  ранҷаду  хушдоман  не.  Пушти  сарамро хорида-хорида, ноилоҷ чор тангаяк пасандози бо нӯги нохун харошидаю тарошида ҷамъкардаамро аз бонк гирифта, барои ӯ чиптаи самолёт харидам. Аз ин завҷаам, ки бе ин ҳам тоби ҷанг мекофт, андаке мулоим шуда, бори аввал дар умраш ба рӯям нимтабассум намуд.

Рӯзу  ҳафтаҳои  дар  ҳаҷ  будани  кампир телефони  мобилиам  қарор  надошту  асло дам намегирифт. Бо фармони занак лаҳза ба лаҳза занг зада, аҳволи пиразанро мепурсидам, ки барои ин маблағи зиёде сарф мешуд, вале аз тарси ҳамсарам худро хушҳол вонамуд карда, ҳатто ниқ намегуфтам. Охир, дар ин синнусол ба роҳи дур рафтан барои кам-пир, ки офтоби лаби ҷар шудааст, магар осон аст? 

-Момоҷонаш  аз  ҳаҷ  бароямон  оби  шифобахши  Замзам  меорад,  -гӯён  занак  писарчаамонро  сари  даст  бардошта,  бо  лаҳни кӯдакона вайро навозиш мекарду ба ман бо қираи чашм бад-бад менигарист, ки мабодо аз фиристодани пиразан ба ҳаҷ пушаймон нашуда бошам, то шамшери забонашро аз ғилоф баркашад. 

Бандаро бе ин ҳам воҳима зер карда буд, чунки баъди аз сафар баргаштани кампир ҳарчанд мамнуъ аст, қарзу қавола карда, бояд маъракаи ҳоҷибинони вайро мегузаронидам.

Тасбеҳу ҷойнамозу дигар савғотиҳояшро бо супориши занак аз Душанбе кайҳо харида оварда будам, зеро медонистам, ки пиразан аз ҳаҷ ду даст дари бинӣ бармегардад. 

Ниҳоят рӯзи аз ҳаҷ баргаштани кампир, ки онро  чун  шаби  лайлатулқадр  бесаброна  интизор будем, фаро расид, лекин болои сӯхта намакоб ногоҳ писарчаамон касали сахт шуду ба беморхона афтод. Аз ин сару калобаамро гум намудам. Чӣ бояд кард? Агар ба фурудгоҳ пешвозгирӣ наравам, занак маро аниқ хомохом мехӯрад. Ба кӯча баромада, дар роҳ та-содуфан бо як дӯстам вохӯрда, воқеаро ба ӯ нақл кардаму хоҳиш намудам, ки агар ба ҷои ман ба фурудгоҳ рафта, кампири табаррукро пешвоз гирад, ба вай сад сомонӣ медиҳам. 

-Рафту  пиразан  наояд  чӣ?  –пурсид рафиқам.

-Дар ин ҳолат сесад сомонӣ аз шири модаратон ҳалолтару ба номакатон муҳру васиқа. 

-Аз  серкорӣ  вақтам  ба  сархорӣ  намерасад,  ҷӯраҷон,  -гӯён  нархи  савдоро  боло бурданӣ шуд дӯстам. 

-Тасаввур  кунед,  ки  боз  панҷсад  сомо-нии дигари нақд дар ҷайбакатон сайр дорад, -ҷавоб додам ман. 

-Сабил  монад,  вақтҳои  охир  самолётҳо баъзан ба фалокат дучор мешаванд, -забон хоид рафиқам. Мабодо кампир боз дар яке аз онҳо савор набошад? 

-Хас  каму  ҷаҳон  пок,  -  гуфтам  дар  дил тоқипартоӣ  карда  ва  бо  умеди  тезтар  фаро расидани  рӯзи  нишот,  ки  дӯстам  пешгӯӣ  намуда  буд,  дар  олами  ширини  хаёлот  сайр кардаю  ҳаловат  мебурдам,  вале  андешида бароям,  кайфам  якбора  парид,  зеро  «ганда мурдан надорад» гуфтаанд. 

Ҳиллаҳои  шаръӣ  бисёранд.  Банда  бехабар ким-кадом як нимчамуллое пеш аз сафар ба пиразан гуфта будааст, ки бе никоҳ зинҳор ба ҳаҷ рафтан мумкин несту сарҳисоби корро  як  бало  карда  ёбад.   Барои  ҳамин  бо маслиҳати  духтараш  кампир  бо  мӯйсафеде, ки вай низ ба ҳаҷ мерафтааст, пинҳонӣ ақди никоҳ мебандад. 

Мақоли ганда сахтҷон мешавад, -гуфтани халқ бесабаб набудааст. Пиразан соқу саломат  ҳамроҳи  як  мӯйсафеди  бурдангале,  ки барои ман тамоман ношинос буд, баргашт...

С. Баёзӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода