Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Фарзандонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаълумот ва мутахассиси замони нав гарданд, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд
Эмомалӣ РАҲМОН
ДЕБОЧА
Бале, имрӯз ба таълиму тарбияи фар-зандон, бахусус насли ҷавон, ки ояндаи миллату давлат унвон шудаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Маҳз онҳо муаррифгари волидон, миллату давлат мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки агар фарзанд
бадахлоқу камсавод аст, обрӯи падару модар ва омӯзгору мактабро паст мезанад. Вақте ки онҳо дар хориҷи кишвар, яъне дар муҳоҷирати меҳнатӣ ё таҳсил қарор доранд, расму оин, қонуну қоидаҳои буду бошро риоя намекунанд, забондон нестанд ва касбе ҳам надоранд, миллат бадном мешавад.
Ҳар боре аз ин хусус сухан меронем, беихтиёр аз дидаю шунидаҳо ёдовар мешавем.
ТОҶИКОН ДАР ХОРИҶА
Ё чаро одобу ахлоқ ва рафтори баъзе аз онҳо тоҷикона нест? Муҳоҷирати меҳнатӣ. “Эҷод”-и он ҷанги шаҳрвандӣ аст. Кишвари ҷаннатии мо ба харобазор табдил ёфту заводу корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд, сокинон дар банди бекорию гуруснагӣ печиданд. Ва бо ин сабабҳо мардум барои дарёфти қути лоямут рӯ ба муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои хориҷа ниҳоданд. Андешаи хешро ба дарозо намекашем. Аз ҳаёти имрӯзаи муҳоҷирони тоҷик ҳарф мезанем. Вале, мисли солҳои пешин талаботи давлати хориҷа нисбати онҳо сабук нест. Аз ҷумла, ҳоло вақте ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё таҳсил мераванд, тибқи талабот бояд босаводу соҳибкасб, забондону хушахлоқ бошанд ва расму оин, қонуну қоидаҳои буду бошро риоя карда, таърих ва таомули давлатро эҳтиром намоянд. Дар асл ин тавр нест, албатта. Ҷавонони мо таваккалӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, касбе надоранд, ки ҷойи кор ёбанд, ақаллан забони онҳоро намедонанд. Дар натиҷа ба таҳқиру таҳдиди кормандони пулис ва корфармо дучор мешаванд. Ба корҳои сиёҳи миёншикан машғул мешаванду даромади ночиз меёбанд.
Чизи дигар. Тоҷикписарони дар корҳои сохтмону бетонрезӣ машғулбуда бо либосҳои корӣ-трикою пойафзоли лойолуд, сару рӯйи ифлос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-нақлиёти мусофирбар, мағозаи хӯрокворӣ мегарданд. Рафтори онҳо, албатта, тоҷикона нест. Бо ин амалашон номи миллатро паст мезананд.
Хушбахтона, ҳастанд нафароне, ки дар давлати хориҷа, бахусус Россия, фарҳанги волои миллӣ доранд, бо одобу ахлоқи баланди тоҷиконаи худ аз тарафи шаҳрвандони он мамлакат ситоиш меёбанд. Масалан, дар нақлиёти мусофир-бар тоҷикписаре бо шахсони солхӯрда ҷойи нишасти худро медиҳад, онҳо зуд пай мебаранд, ки ӯ ҳаммиллаташ нест. Ва тоҷик будани ӯро фаҳмида, миллати мо ва Тоҷикистони азизро таъриф мекунанд, ки ин хушоянд аст. Аз ин ифтихор мекунем, ки мо тоҷик ҳастем ва миллату кишвари моро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифию шуҳратёр кардааст.
ТАРБИЯ АЗ ГАҲВОРА ОҒОЗ МЕЁБАД
Ман ҳамарӯза аз нақлиёти мусофирбар, махсусан автобусҳои нав, истифода мебарам. Ҳар бор, албатта ягон амали мусофи-ронро мушоҳида мекунам. Барои мисол як рӯзи онро ёдовар мешавам.
Субҳи рӯзи навбатӣ. Дар ин соатҳо толи-билмони синну соли гуногун ба мактаб ме-шитобанд. Автобус пуропури хонан-дагон мешавад. Онҳо дар истгоҳи наздики мактабашон фуруд меоянд. Духтарчаи хурдакаки синфи якум намедонист дар кадом истгоҳ берун шавад. Модар ӯро ба автобус шинонда, ӯро танҳо ба мактаб равон кардааст, ки ин бемасъулиятии волидайн аст. Хайрият, духтарча рақами мактабро дар ёд дошт. Вақте ки мусофирон аз ин огоҳ шуданд, аллакай як истгоҳ паси сар шуд. Як донишҷӯдухтар ӯро роҳбаладӣ карда, ба мактаб бурд.
Тавре ки дар боло ишора рафт, хонандагони мактабрав хеле зиёданд. Онҳо дар курсиҳо нишастаю калонсолон болои сари онҳо рост истода. Хонандагон ба онҳо ҷой намедиҳанд. Ноилоҷ, нафаре аз бузургсолон онҳоро хезонда, занҳои ка-лонсолро дар ҷойи онҳо мешинонад.
Дар ин маврид гуноҳи ронанда-гон низ ҳаст. Онҳо аз меъёр зиёд мусофир мегиранд, ба қавле ин кор-ро барои иҷрои нақша мекунанд.Ҳамон зан “Бетарбияҳо, шумо-ро кадом модару омӯзгор тарбия кардааст”, - гӯён ба унвони падару модарон ва омӯзгорони онҳо суханони қабеҳ мегуфт. Дар ҳақиқат, дар баъзе оилаву мактабҳо таълиму тарбия коҳиш ёфтааст. Падару модар ҳатто боре ба китобхонию дарстайёркунии фарзанд эътибор намедиҳад, дафтару рӯзномаашро аз назар намегузаронад. Бо мактаб ошно намешавад, робита надорад.
Месазад волидон дар тарбияи фарзанд ва мактабу омӯзгор дар таълиму саводнокгардонии шогирдон масъулият дошта бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки бадахлоқию бесаводии фарзандон (шогирдон) боиси бадномии шумо мешавад. Аз ин рӯ, дар баробари таълиму тарбия бо онҳо дарси тарбиявӣ, яъне маърифати шаҳрнишиниро гузашта, бояд шахсони шоистаи давронро ба камол расонд.
Волидони донишҷӯён низ боре ба донишгоҳи фарзанд намеоянд, намедонанд, ки онҳо ба чи кор машғуланд: таҳсил ё шабгардӣ? Бисёр мушоҳида мегардад, ки онҳо вақти зиёди хешро ба шабгардӣ, интернетбозӣ сарф мекунанд.
Баъзе аз донишҷӯён то ба таҳсил омадан аз хона берун нашудаанд. Ба шаҳр омада, маърифати шаҳрнишиниро намедонанд...
P.S. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи до-ниш таъкид доштанд: “Ба устодону омӯзгорони муҳтарам ва падару модарони азиз муроҷиат мекунам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандонамон, эътибори ҷиддӣ диҳем, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунем, то ки онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонда тавонанд”.
С. АТТОР,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.