Ашки шодӣ се соли дур аз ватан баробари як умр буд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 183
Достони муҳоҷирати иҷбории Шарофат Ҳусейнова, омӯзгори собиқадоре аз ноҳияи Шаҳритус, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ се сол бо пайвандонаш дар Афғонистон умр бар сар бурд, Шарофате, ки дар он сӯйи марз барои кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷири тоҷик мактаб ташкил дод, Шарофате, ки бо вуҷуди аз даст додани се азизаш руҳан шикаст нахӯрд, Шарофате, ки сулҳофару ваҳдатсарою бунёдгарост, Шарофате, ки зиндагиномааш шоистаи ибрати ҳазорҳо зани тоҷику тоҷикистонист.
То ҳанӯз марқади падарамон номаълум аст…
Барои се рӯз ба сарҳад рафтему се сол ғариб шудем…
Ҳар касе моро ғариб кардаст, ғарибгӯраш кунад…
Агар ин ҷо (Афғонистон) барои мо қаср ҳам бисозанд, соҳибхонаю ватандор нахоҳем буд…
Эй тоҷики саргашта, биё бар Ватани худ…
Қадри дидор аз ҷудоӣ шуд азиз, серӣ баъди бенавоӣ шуд азиз…
Кош, аз меваи боғи мо, ки самараи Ваҳдати миллист, ҳамеша дар базму шодӣ ва сури ваҳдату ободӣ истеъмол кунанд...
ЧАРО МО ФИРОРӢ ШУДЕМ?
- 11 ноябри соли 1992 буд. Барои меҳмонон, онҳое, ки аз Қӯрғонтеппаю Вахш фирор карда, ба хонаи мо омада буданд, дар танӯр нон мепухтам. Аз кӯча шӯру мағали ҳамсоязанҳо ба ҳаво хест. Овозаи шурӯи ҷанг даррасид. «Ба ноҳия танкҳо омаданд, ҳамаро тирборон мекунанд», - нидо карданд занони деҳа.
Ҳама дар такопӯ афтоданд. Тамоми деҳа тарки манзил карданд. Мо низ ба хотири таъмини амнияти фарзандон онҳоро гирифта, ба қумзори назди сарҳад рафтем. Аммо падаршӯям, ки марди 94-сола, иштирокчии ҶБВ буд, бо мо нарафт. «Тамоми умр ба мардум хизмат кардам, наход маро бикушанд?» гуфт. Ба хонаи дӯсташ, муаллими шинохта Салим Акрамов ба совхози «Тоҷикистон» рафт ва пас аз чанде хабар расид, ки мӯйсафедонро гурӯҳи ниқобпӯше омада бо худ бурдаанд. То ҳанӯз аз онҳо дараке нест ва марқадашонро ҳам намедонем, ки куҷост.
Аз сарҳад, он ҷо, ки муваққатан паноҳ бурда будем, ҷавонмардон барои гирифтани ғизо пинҳонӣ ба деҳа, ки ҳудудан 20 километр роҳ буд, бармегаштанд, аммо ҳар рӯз чанд нафар аз онҳо бенишон мешуданд. Касе аз сарнавишти онҳо хатту хабаре надошт.
Чанд рӯз пас хабар омад, ки хонаҳоямонро ғорат кардаву оташ задаанд. Замини киштамон ҳам валангору тороҷ шудааст. Он лаҳзаҳо аз зиндагӣ бисёр ноумед шуда будам. Ҳарчанд нафаре аз мову пайвандону ҳамдеҳагон ба ҳеҷ кадом сангари ҷанг ҳамроҳ набудем, ҳар гуна таҳдидҳо мешуд, ки ин ҷо зинда нахоҳем монд.
ШАҲНОЗИ БЕГУНАҲИ ГАҲВОРААМ…
Бо азоби бисёр ба он сӯйи рӯди Ому гузаштем. Вақте ба заврақ нишаста, ҷилои Ватан мекардам, нишаста наметавонистам. Дар дастам тифли ширмак рост истода будаму чашмонам ба сӯйи Ватан буд, Ватане, ки ба қасди Афғонистон лаҳза ба лаҳза аз он дур мешудам.
Дилам таҳ мерафт, ки акнун ман ва кӯдакони ман беватан шудем. Бародарам, ки 6 духтар дошт, андаруни дарё ғарқ шуду фарзандонаш бепадар монданд.
Афғонҳо моро хуб истиқбол гирифтанд. Бо дастаи нон ба сӯйи заврақи муҳоҷирон мешитофтанд, то ба дасти кӯдакони гурусна нон диҳанд. Он ҷо кӯдаки як- солаам Шаҳноз мубталои бемории шадид гардид.
Ҳарораташ баланд шуда, гул баровард. Духтур набуд, ки саривақт табобаташ кунем. Азбаски дар шароити нохубе умр ба сар мебурдему кори бомузд надоштем, маблағе ҳам барои муолиҷа дарнаёфтем. Аз фишори қалб барои Шаҳнози ҷигарбандам шеъре ҳам навиштам:
Шаҳнози ман, гулбози ман,
Эй кӯдаки хушнози ман,
Эй тифлаки бехонаам,
Бегунаҳи гаҳвораам…
(Давомашро гуфта натавониста, ашк аз чашмони Шарофат ҷорӣ мешавад). Бисёр оҷизу дилшикаста будам, вақте ки духтари беморам рӯйи дастонам ҷон ба Ҷаббор супурд…
УМЕДИ БОЗГАШТ БА ВАТАН ҲАМЕША БО МАН БУД…
Ҳар рӯзу ҳар соат ин умед бо ман буд, ки бармегардем ба диёри худ, ба Тоҷикистони азиз, ба назди ақрабои паҳну парешонамон. Аммо айёми гурезагию бехонаӣ тӯл мекашиду замирамро дард медод. Се сол фақат ба хуни дилу ба оби чашм дар мулки бегона зиндагӣ кардем. Обу ғизои мулки ғарибӣ маза надошт, ҳатто гашнизу райҳони он кишвар дар назарам бӯйи хуш намекард. Дарди ҷонсӯзи беватаниро бо шеър марҳам мебахшидам. Шабҳои бехобӣ, ки ба гиря рӯз мешуд, ғаму дарду ҳасрати худро ба қалам медодам:
Ҳар касе моро ғариб кардаст, ғарибгӯраш кунад,
Беватан, бехонумон, чун зиндадаргӯраш кунад.
Ҳарки моро кардааст муҳтоҷи хоки мардумон,
Аз бародар бенасиб, аз дӯстон дураш кунад…
Мо дар Мазори Шариф панаҳ мебурдем, аммо шеърҳои маро гирифта, дар радиои Қундуз мехонданд ва ҳамватанони дигаре, ки дар он дашти бефарёд дар ҳоли гурезагӣ мезистанд, ба ман ҳамовозӣ мекарданд.
МАКТАБ ДАР ЛАГЕРИ МУҲОҶИРОН ВА ТАЪЛИМИ 200 КӮДАКИ ТОҶИК
Зиёда аз 60 ҳазор нафар ба он сӯйи марз фирор карда буданд. Кӯдакони мо бе мактаб монда буданд. Китобе набуд, ки мардум алифбои сириликро омӯзанд, то бесавод намонанд. Бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ дар чаҳор лагери гурезаҳо мактабҳои мавсимӣ ташкил шуданд. Ман, ки собиқаи бисёрсолаи омӯзгорӣ доштам, кори ин таълимгоҳҳоро ҳамоҳанг мекардам ва ба шогирдони тоҷикистонӣ дарс мегуфтам. Муҳоҷирони тоҷик аз ифтитоҳи мактаб истиқбол карданд ва фарзандонашонро барои таҳсил мефиристоданд. Ҳудудан беш аз 200 кӯдаки тоҷик дар он ҷо ба таълим фаро гирифта шуданд.
Ёдам ҳаст, ки ҳайате аз Тоҷикистон барои мулоқот бо гурезаҳои тоҷик ба Афғонистон рафта буд. Шукурҷон Зуҳуровро дар он ҳайат хуб дар ёд дорам. Онҳо мардумро даъват мекарданд, ки ба Ватан баргарданд, зиндагии осоиштаро барпо кунанд, кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Вақте дар он мулоқот ба ман сухан доданд, гуфтам, ки
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок фиребост, вале хоки Ватан нест.
Агар дар ин ҷо барои мо қаср ҳам бисозанд, соҳибхонаю ватандор нахоҳем буд. Мо муштоқи Ватан, парастори сулҳем. Ҳарчанд мардуми афғон барои мо кумакҳои бисёр мекунанд, аммо мо ин ҷо беватанем…
Ростӣ, дар Афғонистон истода ба ҳамон хонаамон, ки сӯхтаву валангор шуда буд, зор шудам, муштоқи бӯсаи хоки Ватан, дидори ҳаққу ҳамсояҳо, гулу гиёҳҳои диёри нозанинам шуда будам.
«БАРМЕГАРДЕМ! АГАР МИРАМ ҲАМ, ДАР ВАТАН ГӮРАМ КУНЕД…»
Соли 1995 буд. Шавҳарам гуфт, ки дигар як лаҳза сабри ғарибӣ надорад. Агар мекушандам, пас, мехоҳам хунам дар хоки Ватанам бирезад. Баргаштем. Хонаҳои сӯхта, дороиҳои аздастрафта – ҳамаи ин дар баробари ҷони инсон заррае қимат надоштааст. Камари ҳиммат баста, якҷо бо фарзандону бародарон барои бозсозии хонаю дар, кишти замин ва таъмини рӯзгори осуда талош кардем…
Қадри дидор аз ҷудоӣ шуд азиз,
Серӣ баъди бенавоӣ шуд азиз.
Баски хеле тирашабҳо дидаем,
Аз ҳамин рӯ, рӯшноӣ шуд азиз.
СОЗИШНОМАИ СУЛҲ ВА «БОҒИ ФИРДАВС»
Вақте 27 июни соли 1997 тариқи радио дар бораи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хабар доданд, Шарофат Ҳусейнова бори аввал дар 5 соли охир ашки шодӣ рехт. Шукри он кард, ки хиради азалии тоҷикон боло гирифт ва сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Акнун ӯ умедвору дилпур шуд, ки ниҳоят пайвандони дигараш ҳам аз мулки ғарибӣ ба Ватан баргашта, тамоми тоҷикони парешонгашта дубора ба ҳам меоянд ва соҳибватан мешаванд. Шарофат он рӯз бадоҳатан шеъре офарида, дар он васфи ваҳдати миллӣ намуду аз кулли гурезаҳои тоҷик даъвати бозгашт ба диёри нозанинро кард:
Эй тоҷики саргашта, биё бар Ватани худ,
Аз ҳар кӯҳу ҳар пушта фаро бар чамани худ.
Хун шуд ҷигарат дар ғами ин ёру диёрат,
Хунора ба он шуста, биё бар Ватани худ…
Шарофат Ҳусейнова солҳои зиёд дар мактаби №1-и ноҳияи Шаҳритус ба насли наврас дарс гуфт. Ба шогирдонаш ҳамеша дӯстию рафоқат, таҳаммулпазирӣ, худшиносӣ, сулҳофарӣ ва фарҳанги баланди ҳамзистиро меомӯзад. Сокинони ноҳияи Шаҳритус ӯро натанҳо ҳамчун омӯзгори хушсалиқаю обрӯманд, балки ҳамчун боғбони ҳалолкору намунавӣ мешиносанд. Бо вуҷуди масруфияти зиёдаш Шарофат Ҳусейнова ҳамроҳ бо фарзандонаш хоҷагиеро таъсис дода, ба он «Боғи Фирдавс» ном ниҳодааст.
Ба ҷуз аҳли оила, ҳамчунин даҳҳо сокини дигари ноҳия дар он соҳиби ҷойи кор шуда, аз маҳсули фаровони боғ ҳазорҳо нафар дар Шаҳритус ва тамоми Тоҷикистон баҳра мебарад.
- Ин боғро пас аз хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баъди бозгашт ба Ватан бунёд кардем, - мегӯяд Шарофат. – Он самараи ваҳдати миллист ва орзуманди онам, ки аз меваҳои ширини ин боғ ҳамеша дар тӯю сур истеъмол кунанд ва сулҳу ризоият, баробарию бародарӣ дар Тоҷикистони азизи мо мисли ин боғ ҳамеша сабзу серҳосил ва шукуфону устувор бошад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...