Тарбия ба он кӣ масъул аст: оила, мактаб ё ҷомеа?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 376
ДЕБОЧА
Тарбия ҳанӯз аз батни модар оғоз ёфта, дар оила, мактаб ва ҷомеа идома меёбад. Аз бетарафию бемасъулиятӣ раванди тарбия халалдор мешавад.
Хушбахтона, бо ғамхории падарона ва иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбия ва касбинтихобкунии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, дари муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу донишгоҳҳои олию касбӣ-техникӣ ба рӯйи фарзандон боз аст.
Бо вуҷуди ин ҳама, боз ҳастанд падару модароне, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд бетаваҷҷуҳу бемасъулиятанд, ҷомеа бошад, бетарафиро ихтиёр карда. Аз ин рӯ, ҳодисаҳои бадахлоқию шабгардии бархе аз ҷавонон, беэҳтиромӣ нисбати калонсолон ва дилозории онҳо дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан дар дохили нақлиёти мусофирбар як воқеаи муқаррарӣ шуда мондааст.
Инак, чанд мушоҳидаи худро оид ба одобу ахлоқи ҷавонон рӯйи коғаз меорем.
ДИЛОЗОРӢ ҲУНАР НЕСТ...
Ин воқеа чанд рӯз пеш дар дохили нақлиёт (автобусҳои нав)-и мусофирбар рух дод. Аслан, сари бегоҳ, баъди анҷоми кори рӯз, автобусҳо пуропури мусофирон мешаванд. Онҳо кӯдакони мактабхон, донишҷӯён, кормандони идораҳо, бозорнишинону бозоракиҳоянд. Аксариятро занони синну соли гуногун ташкил медиҳанд. Онҳо боз халтаҳои пурбор ва ё кӯдак доранд.
Дар истгоҳи якум автобус қарор кард. Нафаре аз он нафаромад. Баръакс, ду-се духтарчаи мактабхон ва як зани тахминан 65-сола бо писарчаи 4-5-сола ва борхалта дар даст вориди автобус шуд.
Дохили автобус ҷойи сӯзанпартоӣ надошт. Зан бо мақсади дари даромадгоҳи пешро банд накардан хост байнтар гузарад. Вале духтари тахминан 25-солаи худро орову торо дода бо дугонааш роҳи байнро банд намуда, ба зан роҳ надоданд, ки гузарад. Духтар бо дағалӣ ба зан фаҳмонд, ки ба ӯ роҳ намедиҳаду ба онҳо наздик нашавад, тоқати бӯйи бадани вайро надорад. Бо ҳамин моҷарои онҳо сар шуд. Мусофирон лаб накушода, “консерт”-и бепулро тамошо мекарданд. Бетарафии онҳо боиси даст ба гиребон шудани ҷавондухтару модари солрафта шуд. Зан духтарро бетарбия мегуфту духтар занро “қишлоқӣ”. Мушоҳида кардам, ки дар аксарияти курсиҳо ҷавонону мактабхонҳо менишастанд ва занону мардҳои калонсол болои сари онҳо рост меистоданд. Ҷавонон бо телефонҳои мобилӣ машғули бозиҳо шуда, гӯё дар болои сарашон нафарони овезоншударо намедиданд. Ҳарчанд чанд нафар зани ҷавон аз онҳо хоҳиш намуданд, ки ба калонсолон ҷой диҳанд, аз куҷо? Баръакс, занҳо “гап” шуниданду ба гӯши “фил”-ҳои кар овозе надаромад. Онҳо ҳатто дарк намекунанд, ки дилозорӣ ҳунар нест, агар тавонӣ дилеро ба даст ор...
Дар ин маврид беихтиёр ёдам ба солҳои даврони шуравӣ рафт. Дар он давра одобу ахлоқ, ҳурмату эҳтироми якдигарӣ дар пояи баланд меистод. Калонсолон дар ҳама ҷо эҳтиром доштанд. Махсусан, дар нақлиёти мусофирбар. Ҷавонон ҳатман ба калонсолон ҷойи худро медоданд. Онҳо боз ҳангоми ба автобус саворшавӣ ва фурудоии калонсолон ба онҳо кумак мекарданд. Дар автобусҳо, инчунин барои маъюбону модарони кӯдаки кӯчакдошта курсиҳои махсус, бо аломату навиштаҷоти “Барои маъюбону модарони кӯдакдор” ҷудо шудаю дар онҳо каси дигар наменишаст.
Ин ҳамаро барои мисолу тарбия ба ҷавонон нақл кунӣ, онҳо бовар накарда, “афсона нахон”, мегӯянд. Афсӯс!
ГУЛ БЕ ХОР НЕСТ...
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон зиндагии осудаҳолона доранд. Кишвари азизамон аз иқдомҳои созандаю ободгари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаннати рӯйи замин табдил ёфтааст. Тоҷикистон сабзпӯш асту гулрезу дилрабо.
Бале, бо заҳмати сокинон кӯчаю хиёбонҳо ободу зебо шудаю канори роҳҳову роҳравҳо гулҳои рангоранг шинонида шуда ва ба ҳусни диёр ҳусни тоза зам шуда.
“Гул бе хору моҳ бе айб нест”, мегӯяд мақоли мардумӣ. Боз ҳастанд нафароне, ки ин ҳама ободкориҳоро нодида мегиранд, гулу ниҳолҳои наврустаро поймолу решакан мекунанд. Дар ин маврид рафтори ношоистаи бархе аз ҷавонписарон ва кӯдакони хурдсол ба чашм мехӯранд...
Гашти рӯз. Хонандагону донишҷӯён баъди анҷоми машғулиятҳо ба хобгоҳ бармегарданд. Ду донишҷӯдухтар аз ҳамроҳони худ ҷудо шуда, дар гулгаште нишаста, яхмос мехӯранд. Дар ҳамин ҳолат аз куҷое гурӯҳи ҷавонони озорӣ пайдо шуда, духтаронро давра гирифта, бо алфози қабеҳ ба онҳо майли шиносоӣ мекунанд. Ҳарчанд духтарон аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки ин корро накунанд, баръакс ҷавонон шерак шуда, яке аз дасти онҳо медошт, дуюмӣ мӯйи сарашонро сила мекард. Вале, атрофиён бетарафиро ихтиёр карда, мақоли “Ба харе бор надорӣ, ба он чӣ кор дорӣ?”-ро ба гӯшашон ҳалқа карда буданд.
Оқибат як бибии шердил назди ҷавонон омада, ба онҳо гуфт: “Агар ҷавоне хоҳари ҳар яки шуморо чунин азоб диҳад, чӣ кор мекардед?”.
-Сари ӯро мебуридам”- посух дод яке аз он озориҳо.
-Пас, фаромӯш накунед, ки ин духтарон низ бародар доранд, -гуфт бибӣ.
Ҷавонон аз шунидани ин сухан ба якдигар нигоҳ карда, хомӯшона пароканда шуданд...
ЁДЕ АЗ ОН РӮЗҲОИ ПАНДОМЕЗ
Мушоҳидаҳои болозикр оид ба одобу ахлоқи бархе аз ҷавонон, ки маърифати шаҳрнишиниро риоя намекунанд, хотироти бандаро боз ба рӯзҳои пандомези даврони шуравӣ мебарад.
Дар маҳаллаи Умари Хайёми маъмул бо номи 14-уми шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дар хонаҳои бисёрошёна зиндагӣ мекардем. Сокинон аз ҳама шаҳру навоҳии вилояти навташкили Хатлон омада буданд. Ҳоло бисёре аз онҳо (махсусан бонуҳо) аз маданияти шаҳрдорӣ дур буданду баъзан қоидаҳои онро риоя намекарданд. Масалан, дар ошёнаи боло мезистагиҳо гилему шолчаҳояшонро дар тиреза овезон карда метакиданд, сатили оби мағзобадорро ба поён мерехтанд. Ё худ сатили ахлотро дар даромадгоҳ, паси дар мегузоштанд. Ин ба онҳое, ки рустабор буданд, сахт мерасид.
Баъди ин кампиракҳои русзабон ба “тарбия”-и занҳо омада, қоидаву қонуни шаҳрнишиниро ба онҳо мефаҳмониданд. Махсусан, як амали пандомези ин кампиракҳо хушоянд буд. Онҳо аз роҳу роҳравакҳои назди биноҳо ва канори роҳи нақлиётӣ пасмондаи (окурка)-и сигорҳои чакидаро ҷамъ мекарданд. Сокинон ба ин амали онҳо сарфаҳм нарафта, гумон мебурданд, ки ин пасмондаҳоро барои чокидан ҷамъ меоранд. Онҳо ин манзараро то ба охир тамошо мекарданд. Пас аз оне, ки кампиракҳо пасмондаи сигорҳои ҷамъкардаро ба қуттиҳои махсуси дар кӯчаҳо насбшуда мепартофтанд, тамошогарон фикрашонро тағйир медоданд. Кампиракҳо бошанд, ин амали худро чунин маънидод мекарданд: “Ин ба хотири он аст, ки пасмондаи сигорро кӯдакону наврасон гирифта, начоканду сигоркаш нашаванд”.
Боз як мушоҳидаи дигар. Ҳар бегоҳ занҳо бо кӯдакони худ сари роҳи калон баромада, назди гулҳои навшинонда чақ-чақ карда менишастанд. Кӯдаконашон бошанд, дохили сабзаю гулҳои навруста шуда, онҳоро поймол мекарданду гулҳоро сарчин менамуданд.
Дар ин ҳолат низ ҳамон момоҳо ба наҷоти гулҳо меомаданд. Кӯдаконро аз байни гулҳо берун карда, модарони бемасъулиятро насиҳат карда, ба қадри заҳмати кормандони идораи манзилию коммуналӣ расиданро талқин мекарданд.
Ҳоло чӣ? Акнун он кампиракҳои рӯзгордидаю дилсӯз нестанд ва шахсони дигар ин корро намекунанд. Чаро?
Дар ин росто сухани рӯзноманигори шинохта, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, шодра вон Акбаралӣ Саттор ёдам меояд, ки гуфта буд: “Ҳама шаҳрнишин шудему шаҳрӣ не”...
P.S. Хонандаи гиромӣ! Мо дидаю шунидаи хешро оид ба тарбия, одобу ахлоқи фарзандон, маърифати шаҳрнишинӣ ба қалам додем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон мефармоянд: “... Фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дас-тёр ва ғамхори падару модар бошанд”.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00