Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
«Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекарданд. Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустин рӯзи офариниши баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд. Яъне, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумӣ буда, мувофиқи сарчашмаҳо таърихи ҳафтҳазорсола дорад. Дар ривоятҳо Наврӯз ба замони Каюмарсу Ҷамшед бармегардад ва муаллифи «Наврӯзнома» Абӯрайҳони Берунӣ онро чунин шарҳ медиҳад: “Мувофиқи боварҳои мардуми қадим ҳангомае ки замину осмон ва ҷирмҳои кайҳонӣ офарида шуданд, ҳама дар оғоз беҳаракат буданд. Сипас, бо амри Офаридгор хуршед ба ҳаракат даромад ва аз ҳамон замон нуқтае тулӯъ кард, ки Фарвардин оғоз мешавад. Аммо солҳои баъд натавонист, ки дар замони муайян аз он нуқта ҳаракатро оғоз кунад. Ин сабаб шуд, ки солшуморӣ дақиқ будани худро аз даст диҳад. Гузаштани зиёда аз ҳазор сол хуршед тавонист, ки дар замони муайян аз ҳамон нуқта берун шавад ва аввалин касе, ки инро дарёфт Каюмарс буд ва ӯ амр намуд, то ин рӯзро гиромӣ бидоранд ва ҳар сол аз он ба хушнудӣ истиқбол намоянд.
Вожаи «Наврӯз» аз ду ҷузъ, яъне «нав» ва «рӯз» иборат аст. Порсиёни миёна онро бо номҳои «Нукрӯз» ё «Нугрӯз» ва дар талаффузи арабҳо шакли «Нирӯз» мегуфтанд. Донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ шарҳи дақиқи вожаи «Наврӯз»-ро додааст, ки мувофиқи он Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат Наврӯз ном гирифт, ки аввали сол мебошад.
Хушбахтона, имрӯз истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба мо имкон фароҳам овардааст, ки фарҳанги қадимаи худро эҳё намоем ва беҳтарин суннатҳову оинҳои миллиро бори дигар рушду такомул бахшем. Имрӯзҳо Наврӯз ҷашни ҷаҳонист ва зиёда аз 300 миллион нафар сокинони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз он бо ифтихор таҷлил менамоянд. Ба ҳавзаи Наврӯз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва боз чанд кишвари дигар дохил мешаванд, ки вожаи тоҷикии «Наврӯз» барои ҳамаи онҳо ошнову маҳбуб мебошад. Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»- ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Озар-бойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21- март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Ин маъниро дар Точикистон чунин сурудаанд:
Гулафшон гашт аз нав зиндагонӣ,
Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ.
Дар ин рӯз анъанаҳои писандидаи гузаштагон ниҳолу гулшинонӣ, гузаронидани иди гулҳо, ҷуфтбаророн, ободии кӯчаҳо, маҳаллаву қабристон ва ташкили озмунҳои мухталиф бо ҳавасмандии зиёд амалӣ мегардад.
Наврӯз ҷашнест, ки иртиботи комили ҷомеаро ба табиат собит месозад ва сокинони сайёраи нозанинро ҳушдор медиҳад, ки муҳити солими зистро дар Замин ҳифзу пайгирӣ намоянд, чун худ ҷузъе аз ин сайёра мебошанд. Баҳор дар баробари эҳёи табиат ва ба ҳаракат овардани тамоми мавҷудоти зинда ба қалбу рӯҳи инсон низ таъсири файзбор дорад, ба дараҷае, ки дар ниҳоди ҳар фарди солим дилбастагиву эҳсоси гуворое ба зиндагӣ тавқият меёбад. Гӯё тамоми мавҷудоти зинда чун аввали соли шамсии Аҷам, дар либоси ҷавонӣ ба ҷилва меоянд.
Наврӯз аст, ки рӯҳи ҷони инсонро ба ҷунбиш меоварад , мардумро ба сайри гулшану саҳро мебарад, зебоӣ ва саховати табиатро дар замири дилҳо ҷойгузин месозад, ишқро ба ҳаёт, ба зиндагӣ, ба Замин-Модар, ба олами ҳастӣ, ба ёру диёр афзун мегардонад. Хоҷа Ҳофиз бо камоли малакутии хеш мардумонро ҳушдор медиҳад:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ ,чароғи дил
барафрӯзӣ.
Чун Наврӯз дармерасад , ҳам ҷисман ва ҳам маънаван поку беолиш, оинасон беғубор, гулосо тозаву тар бояд буд ва ҳама нопокиву олудагӣ, ҳама афкори нохушояндро аз худ дур биафканад. Агар гуноҳе кардаӣ, бояд тавба бинмоӣ, агар дилеро биранҷондаӣ, узр бихоҳӣ ва агар кинае ба дил гирифтаӣ, ҳатман онро дур биафканӣ, вагарна Наврӯз бо ту наҳоҳад буд, вагарна аз файзу баракати Наврӯз бенасиб хоҳӣ монд. Наврӯз айёми бахшоиши гунаҳон, биҳил кардани гунаҳкорон аст, қаҳриён гиреҳи чеҳраҳо бикушоянд ва бо табассум ба ҳам дида дӯхта, ҳамдигарро ба нишони оштиву дӯстӣ ба оғӯш бигиранд ва ба ҳикмати ниёгон мувофиқ шаванд:
Рӯзи шодист, биё, то ҳамагон ёр
шавем,
Даст бо ҳам бидиҳему бари дилдор
шавем.
Наврӯз ҷашни халқӣ мебошад ва дар ҳар мавзеъву минтақа мувофиқи суннатҳои бостонии хеш истиқбол мегиранд. Маросимҳо ва рамзҳои наврӯзӣ чун гулгардонӣ, оростани дас-тархони ҳафтшину ҳафтсин, дуд додани ҳазориспанд ва афрӯхтани оташ, расондан ва пухтани суманак, авлончакравии духтарон, ба китф орд пошидан, гирди сар намак гардондан, ба ҳам гул тақдим кардан ва ғайра, аз пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, умедворӣ бар навмедӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, шукуфоӣ бар пажмурдагӣ, шарофат бар разолат дарак медиҳанд.
Наврӯз имрӯз ба оинаи пурҷилое табдил ёфтааст, ки дар он чеҳраҳои шоду хуррам, бахту иқболи баланд ва рӯзгори фирӯзи ҳар як сокини Тоҷикистон равшану дурахшон таҷассум ёфтааст. Наврӯз аз мавҷи хурсандӣ, шодиву нишот, шӯру шавқ ва хандаҳои дилангези кӯдакону ҷавонон ва куҳансолон шукӯҳи тоза ёфта, барнотар, дилангезтар ва неруманду тавоно гардидааст. Наврӯз хуршеди заррини истиқлолият аст, ки Тоҷикистони озоду соҳибиқболро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи тобону дурахшон мунаввар месозад.
Бар мардуми фарзона, Наврӯз
муборак бод,
Бо шеваи меҳрона, Наврӯз муборак бод!
Таҳияи Шералӣ Хоҷаев
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.