Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Компютерҳои корношоям барои маълумотдиҳӣ аст ё назарфиребӣ?


Компютерҳои корношоям барои маълумотдиҳӣ аст ё назарфиребӣ?


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-ро эълон намуд, ки он бо мақсади дар амал татбиқ намудани бистсолаи “Рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ барои солҳои 2020-2040” мебошад. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” яке аз номинатсияҳо технологияи информатсионӣ аст. Шахсоне, ки дар ин номинатсия иштирок мекунанд, бояд дониши хуби технологияи нав, аз ҷумла компютерро дошта бошанд. 

Ба ин хотир мо дар минтақаи Кӯлоб аз вазъи бо компютеру тахтаҳои электрониро таъмин будани муасссаҳои таълимии шаҳру   ноҳияҳо дидан кардем. 

Дар ноҳияи Балҷувон нахуст ба МТМУ №4, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”омадем ва иттилоъ гирифтем, ки дар ин муассиса 497 хонанда дар се баст таълим мегиранд. Дар ихтиёри онҳо 7 адад компютер мебошад, ки солҳост дар гӯшаи синфхона гузошта шудаанду аз он истифода бурда намешавад. Омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Зафар Мирзоев, ки   дорои маълумоти олист, мегӯяд: “Тафаккури зеҳнии хонандагон баланд асту ба фанни технологияи иттилоотӣ шавқи беандоза доранд. Вале мо дарсҳоро назариявӣ мегузарему халос, зеро компютерҳо, аз соли 2015 инҷониб корношоям шудаанд. Давоми 6 соли охир ба муассиса ягон адад компютери нав ворид нашудааст. Хонандагон ҳатто тарзи фаъол кардани компютерро дар амал надидаанд”. 

Ҳамин гуна вазъиятро дар МТМУ №8-и маркази Ҷамоати деҳоти “Сайф Раҳим”мушоҳида кардем, ки аз 13 компютери мавҷуда 10 ададаш корношояманд ва хонандагон имкони омӯхтани онро надоранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №24 як компютер, он ҳам корношоям, МТМУ №10-ум 6 компютер, 50 фоизаш корношоям ва дар маркази ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз 14 компютери мавҷуда, ки насли нави компютерҳо мебошанд 6 -тои он  кор намекунанд. Барои гирифтани иттилои бештар ба маркази технологии назди шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат кардем. Директори марказ Рамазон Сайдалиев ба мо чунин иттилоъ дод: “Дар 32 муассисаи таълимии ноҳияи Балҷувон 287 компютер мебошад, ки аз ин шумора 32 ададаш дар ҳолати корношоям қарор доранд. Аз соли 2007 ба муассисаҳои таълимӣ компютери нав ворид нашудааст ва аксари компютерҳои мавҷуда ба шароити имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Ҳангоми ҳолати ворид кардани барномаҳои таълимӣ хомӯш мешаванд. Дар соли 2020 бо дастгирии маркази техологияи вилояти Хатлон 62 адад компютерҳоро таъмир кардем, ки ин басандагӣ намекунад ”.

Дар ноҳияи Муъминобод низ дар баъзе муассисаҳои таълимӣ вазъият чунин аст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 аз шумораи 10 компютер се тоаш корношоям, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 аз 14 компютер 13 адад корношоям буда, ба гуфти омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ давоми 6 моҳи охир ба таври амалӣ дарс нагузаштаанд. Вазъияти ташвишовар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ба чашм мерасад. Аз 24 компютер ҳамагӣ 2-тоаш кор мекунаду халос. Дар дигар компютерҳо мушаку клавиатура ё диску дигар қисмҳо корношоям гардидаанд ва аксари компютерҳо насли пентюм мебошанд.

Бинобар иттилои Саймуҳаммад Иброҳимов, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод 625 компютер мавҷуд буда, 174 адади он корношояманд. Панҷоҳ фисади дигар бошад, ба талаботи барномаҳои таълимии имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба муассисаҳои таълимӣ 15 адад тахтаҳои электронӣ дастрас карда шудаанд, ки дар ҳолати хуби корианд.

Хушбахтона, дар муассисаи дигари ин ноҳия ҳолати кории компютерҳо ва раванди таълими фанни технологияи иттилоотиро мушоҳида кардем. 

Дар ноҳияи Фархор аз чанд муассиса дидан кардем. Дар синфхонаи компютерии МТМУ №23 аз 19 компютери мавҷуда, мутаассифона, фақат чор адади он дар ҳолати корӣ қарор доранду халос. Ба гуфти омӯзгорони муассиса дарсҳо бештар назариявӣ гузаронида мешавад. Дар МТМУ №22 бошад, аз 14 компютери мавҷуда 5-тоаш корношоям мебошанд. 50 фоизи компютерҳо солҳост, ки аз истифода баромадаанд. Аз сабаби набудани шароит дарсҳо дар бисёр маврид дар синфхонаҳои дигар гузаронида мешаванд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ба мо иттилоъ доданд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон беш аз 200 компютер дар соли 2020 таъмир карда шудааст. Дар ҳамаи муассисаҳо мутахассисони соҳавӣ ба кор ҷалб гардидаанд, вале то ҳол дар ин самт камбудиҳо вуҷуд доранд. Дар МТМУ №15, ки навбунёд аст, аз 24 компютери насли нав 8 ададаш бо сабабҳои гуногун кор намекунанд.

Мутахассиси пешбари бахши иттилоотии шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор  Тоҷиддин Вадудов мегӯяд: “Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор ҷамъ 1163 компютер мавҷуд буда, дар соли 2020 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ   50 адад компютер ва 6 принтер харидорӣ карда шуда ба муассисаҳо дастрас гардиданд. Инчунин, 244 адад компютерҳо аз таъмир бароварда шудааст. Аз 8 то 10 фоизи компютерҳо корношояманд ва сабаби таъмир накардани онҳо набудани қисмҳои эҳтиётӣ мебошад.”

Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳолати кории компютерҳои муассисаҳои таълимии нигаронкунанда аст. Аз 50 то 60 фоизи компютер ва тахтаҳои электорнӣ корношоям гардидаанд. Дар МТМУ №43, ки 2 сол қабл ба истифода супорида шудааст. Дар он 744 хонанда таҳсил мекунанд ва то ҳол компютерро надидаанд.   Директори муассиса Зулайхо Бадарғаева дар суҳбат бо мо иброз дошт: “Ҳангоми кушодашавии муассиса 32 компютер оварда, дар синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи муаллимон ва утоқи кории директор гузоштанд. Баъд аз як ҳафта ҳамаи компютерҳоро бурданд. Ба мо гуфтанд, ки баъди анҷоми пурраи сохтмон компютерҳо харидорӣ ва ба муассиса оварда мешаванд. То ҳол мо ягон компютер надорем” . Ин муассисаро аллакай ду насл хатм карданд ва боз хатмкунандагони имсола бидуни ошноӣ бо компютер номаи камол гирифта мераванд.

Дар МТМУ №14 зиёда аз 40 фоизи компютерҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд. Дар як қисми компютерҳо хонандагон машғулият мегузаранду бештари онҳо ҳамчун асбоби аёнӣ ба хонандагон нишон дода мешаванд.

Маркази технологияи иттилоотӣ барои таъмири компютерҳои муасиссаҳо муваззаф аст ва бо дархости шуъбаи маориф ва муассисаҳо бояд компютерҳоро таъмир намуда, ба муассисаҳо баргардонад. 

Баъди чанде даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оғоз мегардад ва дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ аз ин ноҳияҳо чӣ гуна ширкат меварзанд, вақт нишон хоҳад дод. 

Мо ин мавзӯъро дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ пайгирӣ хоҳем кард.

Ш. Сафарзода, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода