Ҳаҷҷи умра мӯд шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 172
Соли 2023 ҳазорҳо нафар тариқи роҳҳои гуногун, аксаран тариқи Ҷумҳурии Узбекистон ва баъзеҳо бо миёнравии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон сафар ба Арабистони Саудӣ кардаанд, ба нияти зиёрати хонаи Худо, яъне ҳаҷҷи умра ба ҷо оварданд.
Тоҷикистон давлати демократӣ буда, барои шаҳрвандон имконияти васеъро фароҳам овардааст. Вале ба ақидаи баъзе аз ходимони дин, шахс бояд пеш аз ҳаҷҷи фарзӣ ҳаҷҷи умра кунад. Ҳаҷҷи фарзӣ барои ӯ қарз мешавад. Азбаски ҳаҷҷи фарзӣ аз ҳаҷи умра нархаш гаронтар аст, бисёриҳо ин ҳаҷҷро дунболагир шудаанд.
Дар солҳои пештар мардум ҳаҷҷи фарзиро бештар ба ҷо меоварданд ва байни онҳо гуфтаҳойе роиҷ буд, ки агар ягон хешу ақрабо ё ҳамсояе мушкилот дошта бошаду шумо ҳаҷ намоед, он қабул намешавад.Вале айни ҳол ин хел нест. Яке бо нияти соҳиби номи ҳоҷӣ шудан, дигаре бо нияти сайёҳӣ ва дидан аз он мавзеъҳои таърихии исломӣ ба он ҷо мераванд ва баъзеи дигар “ҳамсоя рафту ман мондам”, гӯён ба ҳаҷ мераванд.
Ба гуфти кормандон ва ходимони дин, агар дар оила падар ва ё модар фарзандони ба балоғатрасида, писари безан ва ё духтари бешавҳар дошта бошанд, бояд аввал онҳоро хонадор намуда ва ё агар наздикон ё худ ҳамсояи камбизоате доранд, бояд мушкилии онҳоро ҳал намуда, баъдан метавон нияти ҳаҷ (яъне зиёрати хонаи Худо) кард.
Айни ҳол ин шартҳоро касе риоя накарда, бо мақсади аз дигарон қафо намондан, яъне “аз мӯд қафо намонем, мо аз дигарон чӣ камӣ дорем?!”, гуфта ҳаҷҷи умраро бо ҷо меоранд.
Ин хуб аст, албатта, вале хубтар он, ки аввал мушкилиҳоро ҳал мекарданд ва ба нияти неку дили соф ҳаҷро ба ҷо меоварданд.
Рустам МИРЗОЕВ,
сокини ноҳияи Вахш
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...