ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМАДОНӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА


ҲАМАДОНӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА



Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз вазъи зиндагии сокинон аз наздик шинос шуда, ҳамзамон дар як қатор иншооти ҷашниро ифтитоҳ намуданд.

Нахуст, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилоят аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳи аҳамияти маҳаллидошта дар масири байни деҳаҳои Дараи Калот – Лабирӯд – Қаҳрамон боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии ин роҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳаҳои зикршуда роҳандозӣ гардида, дарозии умумии он 14,2 километрро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамин иқдоми созандагӣ кашидани хати оби нӯшокӣ бо дарозии беш аз 5 километр ва хати интернети Тоҷиктелеком низ амалӣ гардида истодааст, ки барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тибқи маълумот барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии роҳ то имрӯз ба маблағи 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин иқдом бо дастгирии фаъоли аҳолӣ ва ҳиссагузории соҳибкорон амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ва ташаббускорон, иқдоми онҳоро намунаи олии ватандорӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки саҳми аҳолӣ дар корҳои ободонӣ бисёр муҳим мебошад. Зикр гардид, ки ноҳияи Ҳамадонӣ дар самти корҳои созандагиву ободонӣ яке аз ноҳияҳои пешсаф маҳсуб ёфта, сокинони он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди меҳнатӣ ва истифодаи ҳама имкониятҳо фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар идомаи боздид раиси вилоят ба масъулони соҳа ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи сифат ва сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳа супоришҳои мушаххас доданд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода