ПАЁМ ИНЪИКОСГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 225
Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо нишон дода шудааст.
Дар робита ба ин метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйироти институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ғояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ ба ҷомеаро пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин, таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ чунин иброз намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».
Самти дигаре, ки дар Паём ҳамчун самти меҳварӣ баён гардид, ин масъалаи татбиқи дигаргуниҳои институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа - таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, бартараф намудани монеаҳо баҳри рушди соҳибкорӣ ва сарфаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳалли масъалаҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳоро пешбинӣ менамояд. Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки ҳар як низоми сиёсӣ бояд қобилияти экстраксионии ҳудро нигоҳ дорад ва захираҳои дохилиро барои такмил ва рушди минбаъдаи худ истифода барад. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси ниҳодҳои нав, тағйирпазирӣ ва барҳам додани ниҳодҳое, ки вазифаи худро ба анҷом расонидаанд ё бояд дар шакли дигар фаъолияташонро ба роҳ монанд, қонунияти умумипазируфташуда дар рушди давлат буда, нишонаи аз байн рафтани талаботи иҷтимоӣ ба фаъолияти кунунӣ ва усули корбарии онҳо мебошад. Яъне, талаботи иҷтимоӣ ҳамчун ченаки муайянкунанда ба мавҷудияти ин ё он сохтор омили таъсиррасон ба самаранокии фаъолияти низоми сиёсии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи давлатдории мо собит месозад, ки масъалаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар сари вақт ба миён гузошта шуда, бо ҳамин восита қобилияти тағйирпазирии мутавозин ва муътадили сохторҳои ҳокимияти сиёсӣ таъмин карда мешавад.
Омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.
Б. Қурбониён,
судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04