Пазмонат шудам, фариштаи ҳастиям!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 228
Сухане нест, ки покӣ ва бузургии модарро тасвир карда тавонад. Модар ҳаёт, рушноӣ, умед, бахт, беҳтарини беҳтаринҳост. Модар ин офтоб аст, офтоби қалби мо, ки нурҳои гарми меҳраш дили яхбастаи фарзандро об мекунад. Ҳеҷ як рассоме наметавонад зебогии ӯро рӯи авроқи сафед орад. Касе наметавонад, якшаба ранҷи ӯро ҷуброн намояд.
Не, не, модарҷон, ту аз инҳо болотарӣ, ту атои Худовандӣ, ту фариштаӣ.
Кош метавонистам рӯймоли сарат гардаму ҳамеша бо ту бошам ва ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо нагардам. Вале афсӯс, ки ин танҳо дар диёри орзуҳоям мемонад. Маро бубахш модарҷонам, барои ҳар як қатра ашки покат, ки баҳри ман рехтаӣ. Бубахш, барои ҳар як лаҳза, ҳар як сухани ноҷоям, ки дили нозуку ҳасосатро ранҷонидаам. Хурд будам.
Ҳамон вақт бузург шуданамро фаҳмидам, ки аз оғӯши ту дур гаштам. Дар хурдиам бисёр мехостам, ки ҳарчи зудтар бузург шавам, лекин ҳоло мехоҳам, ақаллан як рӯз ҳамон кӯдаки бепарво, ҳамон Нигинаи гирён гардам. Мехоҳам, ки бори дигар аз силаи дасти ту ва овози ширинат аз хоб бедор шавам. Ҳангоме ки афтидам, мехоҳам ба мисли пештара навозишам кунӣ, то тамоми захмҳоям сиҳат ёбанд. Ҳангоме ки касе маро ранҷонад, ё ин ки дилсарду аз дунё ноумед гардонад, мехоҳам ба оғӯши ту дароям ва аз таҳти дил чун кӯдак бигирям. Он дам ту ашкҳоямро пок созию бо як табассуми бебаҳоят маънӣ ва умеди зиндагӣ карданро ба ман дубора баргардонӣ.
Имрӯз, субҳидам барвақт хестаму хоби дидаамро ба ёд овардам. Дар он хоб олиҳаи зебоӣ, фариштаи поксиришт ва нафари ба ҷону дил баробар - модарамро дидам. Ин хоб мани донишҷӯро ба дуриҳои дур бурд, ки ҳамзамон дар назарам ҳар он гузаштаҳои дирӯза буданд. Ба кӯчаи кӯдакӣ бурд, ки меҳри модар, бӯйи модар муаттару ширин менамуд.
Ба ёдам он рӯзе омад, ки бо ифтихорнома ба назди ту омадам, аз чашмонат ашки шодӣ ҷорӣ шуд, аммо онро бо табассуми хоси худ ва чеҳраи гулгун иваз кардӣ. Ин ҳама натиҷаи заҳматҳои туст, модар.
Вақте ки кӯдак будам, аз бозиҳои кӯдакӣ хаста шуда, зуд хоб мекардам ва саҳаргоҳон дер мехестам.
Ёд меорам, он лаҳзаро, ки ҳар субҳи барвақт назди болинам омада, дастатро бо меҳрубонӣ болои сарам силакунон гузошта, бо овози форами дилнишинат мегуфтӣ: «Духтарам, Нигина, аз хобат хез! Субҳ дамидааст!”. Чун овози фораматро мешунидам, бо як дилхушӣ аз хобам мехестаму он рӯз то бегоҳ хурсанд мегаштам. То имрӯз он садо маро аз хоб бедор мекунад. Натанҳо аз хоби субҳгоҳӣ, балки аз хоби ғафлате, ки баъзан мехоҳад бар ман ғолиб ояд.
Аё модар, туро чӣ қадар пазмон шудам. Пазмон шудам навозишҳои дастони туро. Ёд кардам фарёдкуниҳою Нигинагӯиҳои туро. Ёд кардам, нонпазиҳои туро ва аз сари танӯр нони гармдоданҳоятро.
... Бо омадани фасли зебои баҳор, иди ту низ меояд. Пас, эй фариштаи ҳастиям, эй модари яктоям, идат муборак бошад! Ҳамеша хуш бошу хуш бизӣ, модари ягонаам!
Нигинабону КАРИМОВА,
омӯзгор аз ноҳияи Хуросон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...