Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТ ҶИНОЯТ АСТ


САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТ ҶИНОЯТ АСТ


Аҳтамов Сайфуддин Асомудинович таваллудаш 03 январи соли 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти “Даҳана”, деҳаи Гултеппа, маълумоташ олии нопурра, оиладор, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, даст ба содир намудани ҷиноятӣ -саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ задааст,-хабар медиҳад прокуратураи шаҳри Кӯлоб.  

Ӯ дар қайди ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб буда, ҳамчун даъватшаванда 27 ва 28 августи соли 2020 дар асоси даъватнома уҳдадор шудааст, ки барои гузаштан аз муоинаи ҳарбии тиббӣ 28 августи соли 2020 ба  комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир шавад. Аммо,  ӯ бе ягон асос дар рӯзи муқарраршуда ба комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир нагардида, бо ҳамин роҳ аз сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ намудааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Кӯлоб   аз 5.02. 2021 сол  судшаванда Аҳтамов   Сайфуддин Асомудинович бо қисми 1, моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,   нисбати мавсуф   бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои    ҷарима дар ҳаҷми 150  нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 8700 сомонӣ тадбиқ карда шуда, бо дастрасии моддаи 70 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба  2900 сомонӣ ҷарима нисбаташ кам  карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода