Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бобоҷон Ғафуров дар водии Вахш


Бобоҷон Ғафуров дар водии Вахш




Дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ҳамчун маркази Вахшонзамин ба шаҳри шукуфон табдил ёфта буд. Ба ҷойи як деҳаи харобгаштаву валангор як шаҳри зебои дорои кӯчаҳои васеъ, боғу хиёбонҳо, клубу қасрҳои фарҳангӣ бунёд гашт.

Аз рӯйи нақшаи Москва мебоист дар ҳудуди Тоҷикистон 120 ҳазор нафарро ҳабс ва бадарға намоем. Ин кор душвор ва иҷронашаванда буд. Ман аз куҷо дар ҳудуди хурди Тоҷикистон 120 ҳазор “душмани ҳукумат” пайдо карда метавон истам? 

Шаҳри Бохтар бо теппаи таърихии «Қалъаи Қӯрғон» маълуму машҳур аст. Аз ду тарафи теппа ду наҳр, аз ҷануб наҳри “Ҷӯйбор” ва аз шимол наҳри “Ҷӯйхонум” мегузарад. Дар теппа ва атрофи он ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида нашудааст.

Як воқеаро сокинони куҳансоли шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) нақл мекунанд: солҳои 50-уми асри гузашта котиби якуми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо сафари корӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа меояд. Вай ҳангоми аз назди теппа гузаштан, мебинад, ки коргарони зиёде хоки теппаро ба мошинҳо бор карда, куҷое бурда истодаанд. Ин ҳодисаро  Бооҷон Ғафуров дида, мошинро боз медорад, назди коргарон рафта, онҳоро аз ин кор манъ мекунад. Котиби якуми Ҳизби коммунисти шаҳри Қӯрғонтеппа Парамоновро даъват намуда, “Чаро ёдгории таърихии шаҳрро вайрон карда истодаед?” –гӯён сарзаниш мекунад.

Пас аз ин кор супориш медиҳанд, ки корро дар теппа манъ карда, хокҳои бурдаро дубора ба ҷояш биёранд. Аз афти кор, гунаҳкорони ин ҳодиса ба ҷазои сахт “мукофотонида” шуданд. Бобоҷон Ғафуров муаррихи барҷаста, шарқшиноси бузург ҳеҷ вақт намегузошт, ки таъриху маданияти халқамон поймол гардад.

Ӯ ҳамчун сарвари ҷумҳурӣ солҳои 40-50-ум барои инкишофи илми таърих корҳои бузургеро ба анҷом расонидааст. Бо шарқшиносони барҷастаи ҷаҳонӣ А.А. Семенов, М.С. Андреев, Б.А. Литвинский, А.М. Беленитсикий, В.А. Ранов, Т. И. Зеймал ва дигарон шароит ва муҳити кории илмӣ муҳайё сохта, ҳамкориро барои омӯхтани таърихи халқи тоҷик ҳаматарафа васеъ намуд.

Бобоҷон Ғафуров кӯшиш намуд, ки ягон давраи таърихи халқи тоҷик торик намонад. Соли 1968 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналхалқӣ бахшида ба таърихи давраи Кӯшониён гузаронида шуд. Дар водии Вахш дар маркази шаҳри Ҳалевард (Кофирқалъа) ҳафриётҳо гуза-
ронида шуданд.

Дар нимаи дуюми солҳои 30-юми сари ХХ, баъди аз ҳаёти сиёсӣ дур кардан ва ҳатто ҷисман нобуд сохтани баъзе роҳбарону равшанфикрон, раванди аз манотиқи дигари ИҶШС ба водиҳои аз лиҳози мелиоративӣ коркарданашудаи Тоҷикистон кӯчонидани деҳқонон ва дигар аҳолӣ зиёд гардид. Масалан, солҳои 1935- 1936 ба ҳудуди Тоҷикистон 4250 муҳоҷир оварда шуд, ки 90 фисади онҳо муқими водии Вахш гардиданд. Соли 1936 ба ин водӣ боз 2000 хоҷагӣ кӯчонида шуд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи муҳоҷиркунонии деҳқонон ба водиҳо барои ба кор даровардани заминҳои бекорхобида яке аз масъалаҳои мубрами кишоварзӣ маҳсуб мегардид. Барои Тоҷикистон захираҳои қувваи кории худӣ кофӣ буд. Лекин касе ҷуръат намекард ба Сталин ин гапро гӯяд. Ба бахти миллати тоҷик соли 1946 Бобоҷон Ғафуров котиби якуми ҲК Тоҷикистон интихоб шуд. Агар ин шахсияти таърихӣ намешуд, сиёсати муҳоҷиргардонӣ ба водии Вахш мисли пештара сурат мегирифт.

Ҷасорат, тавоноӣ, ақлу хиради Бобоҷон Ғафуров даст дод ва ӯ тавонист Сталинро дар бораи ниҳоят фаровон будани қувваи кории худӣ дар Тоҷикистон бовар кунонд.

Масъалаи дигари барои Бобоҷон Ғафуров ва миллати мо ниҳоят душвору хавфнок он буд, ки соли 50-уми асри ХХ таъқибу ҳабскунии солҳои 30-ум аз нав оғоз гардид. Аз рӯи маълумотҳо, Ҳукумати марказӣ барои тамоми ҷумҳуриҳои шуравӣ нақшаи ба ҳабс гирифтани миқдори муайяни шаҳрвандонро ба маҳалҳо фиристода буд. Дар ин бора Бобоҷон Ғафуров навишта буд:

Азбаски план иҷро нашуда буд, Бобоҷон Ғафуров ва раиси Кумитаи бехатарии Тоҷикистонро ба Москва хонданд. Лаврентий Берия онҳоро бо қаҳру ғазаб қабул ва сарзаниши зиёд карда, савол дод, ки чаро дар Тоҷикистон нақша иҷро нашудааст?!

Бобоҷон Ғафуров оромона ҷавоб медиҳад: “Лаврентий Павлович, ҷумҳурии мо майда, одамаш кам аст. Агар 120 ҳазор одам ҳабсу бадарға шавад, мо бо кӣ кор мекунем?”

Дар ҷавоб Берия мегӯяд, ки ба назди шеф рафта, ҳисобот диҳед. 

Дар назди Сталин низ чунин саволу ҷавоб доир мегардад. Аммо Бобоҷон Ғафуров ба ақидаи худ устувор меистаду гуфтаҳои худро бо Берия дар назди Сталин ҳимоя мекунад.

Аз ин мулоқот маълум мегардад, ки дар он солҳои ниҳоят нозуки сиёсӣ Бобоҷон Ғафуров миллати тоҷикро ҳимоя карда тавонист.

Устод Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муаррих барои чуқуртар омӯхтани таърихи миллати худ борҳо ба мамлакатҳои дуру наздик сафар намуда, дар китобхонаву осорхонаҳои машҳури ҷаҳон, ба монанди шаҳрҳои Деҳлӣ, Теҳрон, Париж, Алигарх, Кароҷӣ ва ғайраҳо корҳои ҷустуҷӯйӣ анҷом додааст. Ба ҳайси як муаррих, олими бузурги шарқшинос дар конференсияҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат варзида, оламиёнро бо таърих, фарҳанги забони тоҷик ошно сохта, ба ин восита обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ афзун намудааст.

Солҳои 1957-1966 дафтари ЮНЕСКО барои мураттаб сохтани лоиҳаи “Шарқу Ғарб” дар Иттиҳоди Шуравӣ як қатор корҳоро ба сомон мерасонид. Дар ин ҷода, муаррихи барҷаста, аллома Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, ба кори дафтари бахши таърихии ЮНЕСКО “Омӯзиши  тамаддуни Осиёи Марказӣ”-ро дохил кард. Дар кори лоиҳа шаш давлати дунё: ИҶШС, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ширкат варзиданд. Дар арафаи ин лоиҳа, соли 1968, бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи “Таърих, бостоншиносӣ ва маданияти Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён” баргузор гардид. Худи Бобоҷон Ғафуров дар ин симпозиум таҳти унвони “Давраи Кӯшониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ” маърӯзаи таърихӣ намуд.

Дар арафаи гузаронидани симпозиуми мазкур Бобоҷон Ғафуров ба суроғаи Котиби аввали Ҳизби коммунистии ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) Сироҷиддин Исоев нома ирсол намуда, дар он таъкид карда буд, ки моҳи сентябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналхалқӣ доир мегардад, мумкин аст, ки меҳмонони хориҷӣ барои дидан намудани Кофирқалъа ба он ҷо раванд.

Дар ҳақиқат, ҳамон сол Бобоҷон Ғафуров бо меҳмонони хориҷӣ ба Вахшонзамин омада, ҷойҳои таърихии онро дидан карда буданд.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари давлат дар азхудкунии Вахшонзамин ва муаррифии он ниҳоят бузург аст. Сохтмон ва мустаҳкам намудани иқтидори колхозу совхозҳои водӣ, тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи маҳаллӣ, инкишофи пахтакорӣ ба номи ӯ марбут аст.

Хушвахт АБДУНАЗАРОВ,
“Вахшонзамин”, соли 2003

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода