Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд


Раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд




Ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи гӯштини кураши Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии Олимпӣ, аъзои федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон баргузор шуд.

Дар ҷаласа Зуҳуршо Нурмуҳаммадзода раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ ба ин вазифа номзади ягона буд ва Носир Бозоровро, ки муддати 20 сол раҳбарии ин федератсияро ба уҳда дошт, иваз намуд.

Зуҳуршо Нурмуҳаммадзода зимни ҷаласа чунин таъкид дошт: “Дар ҳамкорӣ ин риштаи варзишро рушд медиҳем ва дар ҷавоб ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоро ҷоннок намуда, натиҷаҳоро хуб хоҳем кард”.

Мавриди зикр аст, ки ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуда буд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода