Дарё ду ди л дошт. Сӯгномае бар ёдгори устоди суханомӯз Муқим Абдураҳмонов
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 372
Чеҳраи ошно, навозишгар, суханомӯз, раҳдон, дастгир... пеши рӯям нигоҳи бихрадона баста, аз муқоваи китоби нав армуғон расидаам. Сари он дорад, ки на сурат аст, балки тандиси зиндааст, сохте, ки бо тапишу кашишу набзу нафас ва шуълаи нури рӯ.
Ҳамон Муқим Абдураҳмонови барҳаёт истода... Овои пойи ҳарфу қаламу ангезаҳои ангорааш гарму форам аз даричаи дилам медарояд мисли шохаи эҳсоси умедкаш. Хуш бад-ин ҳол! Ӯ Муқим Абдураҳмонови устоди рӯзноманигории мо; кунун азизи дуруфтода на, ҳампову ҳамроҳи мост, гуфтӣ китоби “муҳаррир”-ро дар пушт бардошта. Ба ҳар дидор сабақи қаламкорӣ меомӯзонад...
Сари ин савғои қимати қимат нигоҳам суроғи роҳ мегирад ба тақдими дуруду ризову сипосу хотирхушбоши сармуҳаррири имрӯзаи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, ки ҳиммату эътибораш чун тулуи сапедадам китоби дилнишини “Муҳаррир”-ро мураттаб ва ҳадяи арҷманди рӯидасту чашми шогирдону мухлисону хонандаҳои равшанбин гардонда. Дар ёду хотираҳо чароғи арвоҳпосдориву зикри хайр афрӯхта, давотҳоро пур карда бо ҷавҳари рангин бо оби қалам. Муҳаррир Абдураҳмонов сухани обдори решадавони бо бӯи сурби чопӣ омехтаро дӯст медошту мебӯйиду мебӯсид.
Боракалло бародари қаламдаст, Носирҷон, ахтари сухансанҷро, ки дурафтода буд, аз нав ба нигини чашмон шинондед.
Ба қарибӣ журналисти маъруф Саломиддин Мирзораҳматов аз тариқи мобилӣ нидои шодиёна хонд маро, ки Носирҷон Маъмурзода кореро шабеҳи тулуи ситора сомон дода бо барориши китоби “Муҳаррир”. Ман тамсил овардам қадами мубораки “Муҳаррир”-ро, ки аз мақоми корсози об дар санг дидаам.
... Шохобаки шӯхи қади кӯҳдара чашму ҳушу овозамро бурд бо устокорияш. Санги барзангии садди роҳашро шикофта, тарнов сохта. Раҳ кушода. Обаки ба сират нарму нафису ҳалим сангтарошие карда, ки бо зарбати кутидану кандану шикастану шикофидани путку оҳансову пармаву теша сомон пазирад. Муқим Абдураҳмонов каломро ба шонати оби сангтарош дидан мехост, ки аз тангнои хома ба паҳнои саҳро то рагу пайи решаҳо, талаби баргу гулу бору нашъати шохаҳо, то шукӯҳи хирману анбори хамбану карсону дастархон, то тараннуми ид раҳ кобад.
Рӯзгорест, ки мо ҷамъи шогирдону ҳампешагони ошефтаву мухлиси қаламкориҳои тоза ба тозаи хушоянду хушнишини устод кулвори пурнолише дар шонаи дил мекашем: он бузургвори донову суханперои сафаркардаро сӯямон бозгаште нест, нест...
Ҳай дареғо, фусӯсо, ҳасрато... Дигар набзи пуртапиши журналисти маънифарину тозаталаб, нафаси пурумеди муҳаррири сухани тавонёб овоза мондаву овоз гум карда, чун обшори хушкида. Эй войе, навиштаҳои шогирдонаамро ба умеди таҳрири устодона, таҳлили олимона, таърифи одилона пеши кӣ барам? Пеши кӣ барам, ки қалами кафшергараш рӯ-рӯи сатрҳои иншоям бидаваду каму костамро ба ислоҳ оварад, дар тариқи по баровардани ҳарфу маънои дорувори табобатгар бар эҳтиёҷи амалҳои созандагиву орояндагии зиндагиафрӯзи мардуми шарифи ҳамдиёру ҳамканор.
Ӯ боғе дошт дар сарзамини андешаҳояш. Хату имлову ислоҳаш меваҳое буданд лаззатбахш. Ҳар ислоҳаш, ки дар болои хати мо ранг мегирифт, панд буд, ёдрас буд ё Дасти Пири дастгир. Тавсияву насиҳати бохабарӣ буду партави гармӣ ба ангезиши шавқи нави эҷоду эҳсону масъулияти мушкилписанди рӯзноманиго рӣ.
Ба ҳар қасам, эҳсосу оҳанги муҳоботу тааллуқу тамаллуқе надорам дар сифоти ситораи эҷодкориву сарвариву иттифоқсозиву маҳорати сафарбарии ӯ; дастаеро, ҷамъиятеро короварду уҳдабаро кардан. Зеҳну таҷрибаву дониши коровараш ба гунае устодона буд, ки сухани рӯзномаро чун шарораи оташ фурӯғ мебахшид. Аз қаламаке ниҳоли дарахти мевабор месабзонид. Ва боз суханро чунон куртаву ҷомаи мутаносиб мепӯшонд, ки гуфтӣ сурби рехтаст.
Сабақ медод: огоҳ бошед ва болидаву сарафроз, ки овози рӯзномаву маҷалла ба масал шунавотар аз зангӯлаи оҳанин мехезад. Мисли овози радио ҳаво нест. Дар қолаби сурбӣ рехтагарӣ мешавад. Ифтихори мост-ҳарфи оҳанини мо. Онро чун оҳаноб пазонидан бояд, баъд пешкаши мардум. Ҳарфи рӯи газета шакли сокит нест. Пойи бирав дораду овози расо дар синаи таърихи бардавом.
Воқеан, устоди мо ҳамонест ёбандаи сухани ноб. Чунон, ки Бозор Собир ситойида: ”Дилаш дар чашму чашмаш дар дилаш буд”.
Бад-ин шонат, агарчи устоди сафаркарда, пири дастгир бо мо нест, дар мо ҳаст. Дар мо ҳаст чун гаҳвари такшини зери дарё. Ӯ бо чашми пӯшида рафтааст, дилаш ҳанӯз бо тапише қадам мезанад дар гӯшу ҳушҳои ҳар касе, ки мешинохташ, сипоси лутфу шафқату миннаташ дошт.
Ранги замонаи нуронӣ, даврони тиллоии умр бо ҷавонӣ, бо ғайрат, бо нону китоби фаровон, бо ҳурмату иззати тоҷикият, бо роҳбари раҳкушову дастгиру сабақомӯз медурахшад, дар ёд буд. Ба мо аз ӯ монда бо дасту нафаси бетамаъу беозманд қалам ба ибтикори тасвири бародарнаво-
зиву бунёдкории мардуми шоистаи корзо-
ри кишвар сойидан.
Ёдҳо аз оташ сӯзонтаранд, аз сангу фӯлод сахттар.
Рӯзе, ки вилояти навтаъсиси Қӯрғонтеппа симои қонунии худро ҷавлон дод, мо рӯзноманигорони нашрияҳои ноҳиявиро, гуфтӣ саҳаргоҳи рустану шукуфтан ба пешвозамон рух кушод. Ё гуфтӣ дари даромадан ба боргоҳи ганҷе кушода шуд.
Дар рӯзномаи “Ҳаёти нав”-и ноҳия Панҷ камина ва Исматулло Ибодов ном ҷавони ба ҳадди аъло ошефтаву ошиқи қалами журналистӣ (ҳарду хатмкардаи риштаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ва бо тақозои дастгоҳи назди Кумитаи Марказӣ оид ба матбуот вобаста омадем ба кори рӯзномаи “Ҳаёти Нав”-и ноҳияи Панҷ.
Ана дар ҳамон маҳал рӯзномаи ви-лоятии “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”- мақоми партиявии вилояти навтаъсис чеҳра барафрӯхт. Бози тақдири Исматулло кафкӯбону ғазалхон пар гирифт умедхоҳ ҷониби Қӯрғонтеппашаҳр ба истиқболи сапедадами тақдири нави қаламфарсойӣ. Раҳакӣ шуду маро ҳушдор дод: “Бародар, дунё ҳамеша дар талаби марди беқарор аст. Ку болотар бипарем, чӣ мебинем як зина боло. Умр комил шудан мехоҳад. Обат барад, оби калонат барад”.
Ӯ раҳакӣ шуду маро водор кард, ки ҳоли саросема нашавам. Даставвал бо табрики муҳаррири нав тасдиқшудаи рӯзнома Муқим Абдураҳмонов меравад. Пири қаламиаш ҳисоб меёфт. Ошно буд бо худашу эҷодаш. Рафт таҳқиқ тагас кунад, ки қабули хотири он журналисти номдори соҳибтаҷриба мегардем, кирои қаламдастии бари ба бари ӯро дорем? Хонаву дар меёбем, имкони даст ёзондан пеши кор ҳаст?
Ӯ рафту куҷо маро дасту пову чашму ҳушу гӯши ором? То рагу паям дар бадан амре чироғак зад: “Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем”. Ӯ рафту овозаш зуд расид: “Пойи иловагӣ барору бидав, ки гап пухт. Ҳоли, биё, мефаҳмӣ, ки моро чӣ падари маърифатомӯзе канор кушода ба ҳамоғӯшӣ”.
Нафас рост накарда шитофтаму иҷозаи вуруд пурсидам аз котиби якуми райком, шодравон Искандар Чиллаев. Роҳбари оқилу донову ғамхор буд дар тариқи тарбияту камолоти ҷавонони шоистаи вазифаву амал.
-Хуб, меравӣ аз пайи обутоби зеҳну қаламат,-арзамро маъқул пазируфта, пиндори неки худро рушанӣ дода.
-Матали ҳафт бор чен куну як бор бибури бобигиро дуруст таҳлил кардаӣ? Ҳоли, ки ту ҷавонӣ, биандеш, ки шитобзада нашавӣ. Ҷонишини муҳаррирӣ, худро нишон деҳ, пеш меравӣ ба корҳои партиявию давлатӣ пухта мерасӣ...”.
Бисёр ташаккурӣ хондам ба насиҳатҳояш. Аммо иҷоза ба рафтанро салоҳандеш донистам ва дарёфтам дурри мақсудро.
Дар кӯчаи ёдрас додаи Исматулло пероману даруну бару қади девору дари биное чангу часпи таъмиру навсозӣ тобиш мезад. Исматуллоро дидам, ки бо марди миёнқади гармрӯе гуфтугӯ дошт. Ду даст ба салом додам, ӯ оғӯш кушод ба меҳре, ки гӯи мо солҳо бо ҳам муниси дерин буда бошем. Хиҷолат кашидам, ки дар канори марди маъруф лоиқи оғӯштанам ҳаст?
-Хаёлам, Мирзои гуфтагитон ҳамин додар, дуруст-мӣ, Исматулло?-даст бар китфам ниҳода суол кард марди хушовози оромтабъ.
-Шинохтед, муаллим. Гуфтам ин акаи Мирзо як сол пеш аз ман унверситетро хатм кард. Ҳозир ҷонишини муҳаррири газетаи райони Панҷ,-хушодоб ҷавоб гардонд Исматулло. Ӯро ҳам ба ман муаррифӣ кард Исматулло: “Устод Муқим Абдураҳмонов”.
-Ҳа дуруст,-овози маҳину меҳрубони устод нишаст дар гӯшам.
Дар ин “Ҳа дуруст”-аш нигоҳе, пазирише навозише ёфтам. Пасон бо “Ҳа дуруст”-аш мо тобеонаш чун ба савғоти идона одат кардему хӯ гирифтем. Ин “Ҳа дуруст” ончунон арзишманд буд, ки ҳар бор агар мавриди дар болои маводи навиштаамон бо имзояш ба иҷозаи чоп садо медод ё сари пешниҳоду баҳсу баёну таҳлилоти лоиҳаи шумораи навбатӣ ё барасии шумораи чопшуда тақдими касе мегашт, шодӣ мебахшид ба гунае, ки Грамотаи фахрии ҳукумати вақт армуғон ба даст расида.
Нахустин дидор, нахустин салому каломи зебову дилнишинашро ёд мекунам, мудом ёд мекунам.
-Кам-кам шиносам бо навиштаҳоятон тариқи газетаҳои марказӣ, суҳбат орост дар ҳамон гуфтугӯи нахуст.
-Барои ин газетаи худамон мудири шуъбаи партиявӣ мекобам. Ба арзиш, ин шуъба. Дар нашрия мартабаи дараҷаи якумро қойим аст. Ман шуморо дар ҳамин курсӣ шинонданӣ. Аммо шарте дорад: дар камитети партиявии вилоят тасдиқ ёбӣ.
Роҳаш ин. Дар шумораи аввалини газета бояд мақолаи шумо дар мавзуи партиявӣ дурахшад, яъне нишони эътимодномаи лаёқату истеъдоди шумо гардад, ки муносиби ин вазифаед.
-Хуб,-гуфтам,-муаллим. Дар шумораи нахустини рӯзнома маводи тайёр кардаам чоп шуд, бо сарлавҳаи “Коммунист ва колектив”. Гузаштам аз имтиҳон.
-Додарам, акнун қаламу тавони худро ба роҳ андозед,-дуоям дод устод.
...Камина, агар дар рости шахсияти худ таърифро ба дарозо ғоз додам, хоксорона пӯзиш, пӯзиш. Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам: чи хушиҳову баракату иззате даст дод ба мо аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” дар сояи дастгириву шафқату сабақомӯзиву ташриф ба олами дарёби вожаву ҳарфу ҷумлаву нидову хитоби шоиста ба кору зиндагиву муроду талоши ҳамватанони дарёдилу кӯҳсинаву офтобталъатамон. Ва агар ёдҳо аз бодҳои он айёми шукуфтанҳову рустанҳоро аз таърифи худам саришта гирифтам, боз ҳам пӯзиш, пӯзиш. Манзурам ба яқин имоест, ки ҳолномаи ҳамаи аҳли қалами рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” яксон андӯдаи меҳру эҳтирому эҳсони он марди тамом буд. Надошт “худӣ”-и бологузар, писандидаи эрка, ҳамрози ниҳонӣ, хизматгори ниҳонкор. Ҳамаро ба як чашми навозишгар тарбият кардан мехост.
Гиреҳ мебаст дилҳоро ба нардбони умед, чашмонро ба дидани бухлу кина дар торикӣ, андешаро ба дӯстдориву вафои Ватан, қаламро ба нигоришоти ростиву покӣ, меҳрро ба саодати ҷамъоҷамъиву хонаободиву фарзанддорӣ.
Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам, ки чандин моҳ меҳмонхонаи шаҳрро зистангоҳ карду бо мусоидати мақомоти ҳукуматӣ ҳамаи ходимони редаксияро пай дар пай соҳиби хонаи шахсӣ. Худ баъди ҳама калиди хонаи шахсӣ ба даст гирифт. Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам, соатеро, ки пешаш даромадаму хоҳише гузоштам: “Муаллим, ташаккур, ки ба ману Исматулло меҳрубонитон аз ҳад гузашт.
Ҳоли як навозиши дигартона илтиҷо дорем. Ҳамкори дӯсте дар ноҳияи Панҷ ҳаст. Даст додаем, ки агар ҷову кори хуб пайдо кунем, ӯро ҳам инҷо қуввати дил меорем. Ҳар рӯз занг мезанад “Ҳақиқат”-и шуморо мехонам, гӯё коса-коса ширинӣ мехӯрам,- эҳсон мепошад.
“Баред, охир маро ҳам бо худ” талабгор аст. Ӯ шинохта ҳаҷвнигорест, сахт фидои кори газета.
-Ҳо? Мушкил чист? Мо ошиқи истеъдод,-ҷавоби дилобхӯр гирифтам аз роҳбари дилбин.
Ӯро даъват кардем, омад худро ба таҳсилоту тамрини мактаби Муқим Абдураҳмонов омехт. Имрӯз адибе бо исми маъруфи Саидҷаъфари Баёзӣ дар кӯчаҳои шоириву нависандагӣ гардиш дорад, бо маҷмӯаҳои шеъриву насрияш, бо унвони узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гирифтааш.
Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам: Рӯзе буд, ки аз гӯшии телефон овози дӯсти хайрхоҳе саломам расонд: “Бародар, нафареро ба наздатон фиристодам. Сахти сахт иштиёқманди кор дар газет. Имкон бошад даст диҳед, ки эҷодкори ҳамроҳатон шавад”.
Интизор шудам. Даромад ҷавонмарди хушқаду хушлибос бо дуруду назари муаддабонаи ошноӣ. Салому садояш ба ҷид мунаввар тофт, ба таҳти дилам нишаст. “Маълумоту ҳавасу ҳавоятон писанд бародар. Ку бихезед, пеши сардор дароем”, ҳамовозаш шудам.
Устод дар зуҳури ҷавони ношинос пайдои тозарасе дид, чӣ, ки бо лутф аз ҷой хесту пазируфта моро ба дидор. Ҳамроҳамро муарифӣ кардам:
-Ин бародар мутахассиси забони русӣ. Ба нияти кори рӯзноманигорӣ омада. Мурод аз вуруди мо ба наздатон ҳамин.
-Ҳа дуруст,-садои хушбархуди ҳамешагияш вазид бо табассуми ҳамеша дастёбаш.
-Аммо,- бо каме андешаи малеҳ дигар шуд гапи устод,-газета минбари эҷоду истеъдод. Душвор аст бо забони газета овоз баровардан. Чизе навиштаед?
-Кумаки аввалияш тани ман, муаллим, яқин дорам, донишманд аст. Эҷодкор мешавад.
Бо ҳамон “Ҳа дуруст”-и шафоатгараш ҷавонмарди навомада муҳассили мактаби эҷодии Муқим Абдураҳмонов гардид. Болу пари эҷодӣ кашид сӯ-сӯи паҳнову кӯҳу куталҳои касабаи журналистӣ. Ва ӯст имрӯз Саломиддин Мирзораҳматови номӣ, журналисти сатҳи ҷаҳони айнӣ. Ва мегӯяду менависад такрор ба такрор ёд бод он рӯз, ки тақдир раҳомузаш гашта ба дидори шарифи Муқим Абдураҳмонов...
Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам, нахуст шумораи “Достони водии тиллоӣ”- ро, ки бо ташаббусу амру илҳому завқи мунаввари муҳаррир Муқим Абдураҳмонов “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” чун сабади гул тақдими хонандагон гардид ва дар тамоми ҷумҳурӣ навиди фараҳбахши заминкушоиву фатҳи биёбони хушксор ангехт. Бузургони қаламфарсойро ба рӯи сандуқи сина нишаст. Шодӣ ба гунае буд, ки меваи ҷавонӣ дода боғи пир.
Партави он “Достони водии тиллоӣ” ёдпардозе буд аз номҷӯиву шаҳодати барқофарини поймардуми ватансозу ватангири Тоҷикистон. Дар гӯши ҷаҳониён он аҳд падарону бобоёни чирадасту фӯлодбозӯи мо фарёди фатҳу фараҳи барориши руди даррандахӯи Вахшро ба рӯи чӯли ҳазорон сол ҷигарсӯхта зангӯлазанону базмафрӯзон рехтанд.
Ангораҳои қаламии ҳамкорони мо Саломиддин Мирзораҳматов, Исматулло Ибод, Солеҳҷон Қаҳҳорӣ, Сайҷаъфари Баёзӣ, Давлатҷон Султон, Аъзамҷон, Мӯсоев, Шарифамоҳ Кишварова, Саттор Қарахонов, шоир Пирумқул Сатторӣ ба ному шаъни падарони заминкушо овозаву шуҳрат андуданд. Чунон махмали сабзу боғу гандумзорҳои сарзамини навини Вахшу оби ширинаш. Ҳама дарёби онон аз баракати тарбияту раҳнамоии устоди доно, мушфиқ, дар сарзамини сухан андешаофарин Муқим Абдураҳмонов шуъла мегирифт. Ҳамагон миннату раҳмату икроми зиёд меситоянд ба рӯҳи устод.
”Достони водии тиллоӣ” армуғоне буд ба иди таҷлили 50-солагии ободонии водии Вахш. Он боясти шумора ба шумора ҳар панҷсолаи ин панҷоҳсолро мусаввараи ёдгори сабақомӯз меафрохт. Он сабзкорӣ хотирхоҳи таърихи муҷаллои кишвар, эътибору эҳтимоми беҳин шоирону нависандагону журналистони давронро ба ҳар забон ҳамоғӯши “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” сохта буд.
Редаксия маъвои дилкаши қаламдастони номӣ гашта буд. Отахон Латифӣ, мухбири бонуфузтарини газетаи вақти СССР “Правда” ҳар бори сафараш ба вилоят вориди даргаҳи редаксия мешуду обрӯ меафзуд ба эътибори аҳли эҷод. Қаламдастони тавоно Бахтиёр Муртазо, Исо Раҳим, Сулаймон Эрматов, Теша Раҷаб ва чандин ҳамтоёни ононро ҳам “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” чун суфраи густардаи суманаки Наврӯзӣ ба шириничашиву шириниороии сухани созанда ба ҳам канор меовард. Нақши қалами офтобии онон нури рӯи саҳифаҳои “Достони тиллоӣ”-ро ранги муҷаллотар мезад.
Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам. Рӯзи истироҳатӣ буд. Писарчаи хурдака камро ба сайри боғи шаҳр баровардам. Сари гардишгоҳ мошине дар қафоямон истод шуд. Нигарам, устод аз мошин фуромадан дошт. Салом ба ҷо овардем. Даст ба китфи кӯдак ниҳоду пурсид:
-Писаратон?
-Ҳо муаллим.
-Аз кадомин модар?
Устод медонист, ки ҳамсари аввалаам бар асари бемории шадиде гузашта буд.
-Аз аввала,- парешонхаёл ҷавоб додам.
-Аз дуюмаш чӣ?
-Як духтарча.
-Ҳа дуруст. Шуморо ду дил доштан зарур. Мушкил доред,-оҳ кашид устод. Дилам дар сина дуболо ларзид. Дар чашмам сиришк гирдоб зад. Рӯшане дар сарам фурӯзид: марде, ки бад-ин ангори мармарин сиришта шуда ва дарки рисолати меҳрубониро ба ҷигаргоҳи мардум ҷо медиҳад, ба яқин худ ду дил дорад...
Воқеан, ӯ худ, ду дил дошта, ки якеаш вобастаи ватандориву ситоиши шаъну шарафи мардуми диёр буд, дигараш ҳамнишини қаламу коғазу аҳли сухан. Сухане, ки худ мегуфт: “Гапи мо бояд ҳамтои Вахшруд бошад. Дар ин водии зархез бояд сари қаламу ранги қаламро ба дарёи Вахш тамсил дод”.
Ман ёд мекунам, мудомат ёд мекунам, ки бо пешниҳоди ӯ камина дар ҳайати шахсиятҳои маъруфи вилоят хотирхоҳи санҷиши мусобиқаи меҳнатӣ ба вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон сафар кардам. Бо чи мардуми муборакоғӯшу муборакнияту дӯстдорандаву дастархондору ба ҳадди аъло меҳмонпазире вохӯрдаму ибрату шонат бардоштам. Рӯзи сафар дуояш ин буд: “Мирзо, бо савғотӣ биё”. Савғотии гуфтаи устод бо дастовези хуб навишта биё, маънӣ дошт.
Баргаштам бо очерки “Салом, Андиҷон!”. Ба устод писанд омад. “Водии Вахш” садописанду санописанд аст”, - гуфту дар болояш имзои муборак барои чоп гузошт.
Солҳо баъд китоби навашро ба ман фиристод бо соядасте чунин: “Солҳои кор дар Қӯрғонтеппа айёми тиллоии умрам буд. Шуморо чун сутуни редаксия ёд мекунам, Мирзо”.
Камина дар поёни соядасти дилафрӯзи устод дил пур кардам: “Солҳои бо Шумо кор кардан давраи тиллоии умрам буд”.
Мирзо НАБОТ, ноҳияи Панҷ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00