Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ


Зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ



Чанде пеш бо супориши идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба шаҳри Панҷакент сафар карда, аз ҷойҳои таърихӣ дидан намуда, таассуроти худро пешкаши хонандагон мегардонем.

Нахуст, ба деҳаи Мазори Шариф – зодгоҳи устод Лоиқ Шералӣ омадем. Дар аввал ба оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро, ки дар ин ҷо аст, ворид шуда бисёр маълумотҳои таърихӣ ба даст овардем. Хушбахтӣ ин аст, ки 17-уми сентябри соли ҷорӣ зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ва чанд мавзеи таърихии мо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Сипас, ба хона-музейи устод Лоиқ Шералӣ рафта, бо бародараш амаки Ботурбек суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, аз саргузашти ин бузургвор қиссаву ривоятҳои аҷиб шунидем. Дар хона-музей ҳуҷҷатҳо сару либосу осори устод Лоиқ ҷамъоварӣ шудаанд, ки кас аз диданаш ҳаловат мебарад.

Баъди анҷоми саёҳати деҳаи зебои Мазори Шариф роҳ сӯи Оромгоҳи устод Рӯдакӣ пеш гирифтем. Он қадар манзараҳои зебо моро ҳамроҳӣ мекарданд, ки кас аз диданашон дар ҳайрат мемонд. Кӯҳҳои сарбаафлок ва чашмаҳои софу ширину хунук бинандаро ба як олами афсонавӣ ворид менамуд. Маҳз чунин иқлими зебо будааст, ки шахсиятҳои баруманд аз ин хок бурун омадаанд.

Оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар ҷое қарор дорад, ки хеле зебост ва он зиёратгоҳи хосу ом гардидааст. Сайёҳон аз Эрону Афғонистон ва дигар мамолики ҷаҳон ба ин ҷо хеле зиёд меоянд. Чанде пеш пажӯҳандагони эронӣ оромгоҳи Рӯдакиро зиёрат карда, хотироти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд. Соли гузашта яке аз равшанфикрони афғони муқими Амрико Шафиъ Айёр низ ба зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ омада, маҳфили хуберо роҳандозӣ кард. Сиёсатшинос бо таассуроти зиёд аз ин ҷо баргашт.

Бояд зикр намуд, ки аксари чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин макон гузаронида мешавад. Аз хурд то бузург шеърхонӣ мекунанду рақсу бозӣ менамоянд. Мардуми ин ҷо бисёр фарҳангӣ буда, суханашон бо шеър оғоз меёбад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзеи таърихӣ ободу зебо гардида, мақбара дар шакли наву замонавӣ таъмир шудааст. Инчунин, дар қисмати рости он китобхонаи барҳаво ва осорхонаи Рӯдакӣ таъсис дода шудааст. Мо аз китобхона ва осорхона дидан намудем.

Дар осорхон тамоми осори Рӯдакӣ ва ковишҳои илмие, ки дар ин ҷо гузаронида шудаанд, маҳфуз мебошанд ва аз таърихи мо далолат мекунанд.

Дар роҳрави оромгоҳ байтҳои хеле зебои устод Рӯдакӣ бо хатти форсӣ ва кириллӣ навишта шудаанд, ки бинанда аз хондани онҳо ғизои маънавӣ мегирад.

Дар осорхонаи Рӯдакӣ пайкараи устод аз санги хора вуҷуд дорад, ки он аз ҷониби пайкаратароши арманӣ Арутунян тарошида шудааст. Инчунин, дар ин ҷо пайкарае ҳаст, ки симои аввалини устод Рӯдакӣ дар он нақш бастааст. Он дар натиҷаи ковиши қабри устод Рӯдакӣ ба даст омадааст.

Соли 1956 экспедитсия таҳти роҳбарии чеҳрашиноси рус М.М. Герасимов сурат гирифта буд ва аз рӯи устухонҳои косахонаи сари устод ин муҷассама соли 1957 сохта шудааст. Нимпайкараро Герасимов аз гаҷ офаридааст.

Бояд зикр намоем, ки ташкили экспедитсия ва ёфтани қабри устод Рӯдакӣ ташаббуси бевоситаи устод Садриддин Айнӣ мебошад. Аз аввал ин ковишҳои илмиро устод Айнӣ пайгирӣ мекарданд, мутаассифона, то ба анҷом расидани натиҷаи экспедитсия умри устод вафо намекунад. Устод Айнӣ барои миллати тоҷик хизматҳои шоён кардаанд.

Роҳбари экспедитсия М.М. Герасимов ва ҳамроҳонаш Раҷаб Амонов, В.А. Ранов археолог Р. Маҳмудов буданд ва дар ҷараёни кор сокинони маҳаллӣ ҳамчун коргарони кироя хизмат мекарданд.

Пеш аз оғози экспедитсия бо иштироки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ конфронси муштарак баргузор мегардад ва Герасимов суханронӣ намуда, мегӯяд, ки агар 15 нишонаро аз қабр дарёфт кунем, пас, он қабри устод Рӯдакист. Хушбахтона, нишонаҳо ёфт шуданд ва қабри устод Рӯдакӣ муайян гардид.

Соли 1940 бо ташаббуси асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ омӯзиши мероси адабӣ ва тарҷумаи ҳоли Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Барои омӯзиши он Садриддин Айнӣ шахсан машғул шуда, ба диёри устод Рӯдакӣ экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ ташкил намуд.

Устод Айнӣ мегӯяд: «Ман имсол ба Панҷрӯдак (Панҷрӯд), ки ҷойи қабри Рӯдакист, алоқадор будани Рӯдак ва бо вай дар як район будани онро аз манбаъҳои бисёр куҳна ёфта, бо пурсуков аз нафаре дар ҳақиқат мавҷуд будани ин қишлоқро шунидам, ки ин маълумотро секретари райкомпартияи Панҷакент рафиқ Муҳаммадиев таъкид карда буд ва баъд аз он дар асоси ҳамин маълумот экспедитсияи расмӣ фиристода шуда буд, ки вай ҳам ин маълумотро тамоман тасдиқ карда омада буд».

Хулоса карда метавонем, ки яке аз ҷойи таърихӣ ва зебои Тоҷикистон ин Панҷрӯди Панҷакент аст. Ҳатман ба он ҷо сафар кунед ва мақбараи устод Рӯдакиро зиёрат намоед. 

Рӯҳи устод Рӯдакӣ шод бод!

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода