“Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 441
Таҳти ин унвон дар арафаи ҷашни Истиқлол монографияи илмии муҳаққиқ Гулбону Одинаева ба табъ расид, ки ба таҳлилу таҳқиқу ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб, хусусиятҳои забону сабки ашъор, таҳлили вижагиҳои ҳунарӣ – идеявии ашъори адиб, таъйини нақши ҷойгоҳи шоир дар раванди адабии ҳавзаи адабии Кӯлоб ва дар маҷмуъ дар ҷараёни адабиёти муосири тоҷик бахшида шудааст. Мақсади асосии таҳқиқ муаррифӣ намудани шахсияти шоири шинохтаи тоҷик Ҳақназар Ғоиб ва таҳқиқи ҷанбаҳои ашъори ӯст.
Китоб бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба чоп тавсия шудааст.
Порае аз зиндагиномаи шоири маъруф аз ин китоб: “Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб беш аз 55 сол аст, ки дар арсаи шеър хомаи тавонои хешро ҷавлон дода, худро дар ин талошгоҳ чун чеҳраи хоссаи адабиёти миллӣ ба халқу Ватан муаррифӣ менамояд. Ӯ аз адибони насли чоруми адабиёти муосири тоҷик буда, бо сабки хоси эҷодӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он маълуму машҳур гаштааст.
Ҳақназар Ғоиб 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар «Муждаҳои ориёнӣ» ном китобаш дар бораи зодгоҳи худ навиштааст: «Ман дар ин теппачаю кӯҳҳои Офтоблиқои азизам бо кӯдакиям рӯбарӯ мешавам. Хотираҳои ман дар ин ҷо бори дигар аз хоби даҳшатангези дуриҳо бедор мешаванд. Ана дар ҳамин ҷо кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии ман дар гаҳвораю оғӯши падару модарам ба хоб рафтааст. Ман бошам дар пирӣ бо кӯдакиву, бачагӣ ва ҷавониам ба ин ҷо меоям. Вале….., ҳайҳот, ин ҷо аз он рӯзҳо истиқболгиреро надорам». Ба шоир аз он рӯзгорони дур танҳо хотираҳои талху ширин боқӣ мондааст ва макони азизон низ дар синаи ӯ ҷо гирифтааст:
Ба чашмам нури дил аз нури модар,
Нигоҳи пурғаму масрури модар.
Накобедаш зи гӯри тираву тор,
Бикӯчондам ба сина гӯри модар.
Падари шоир Ғоибназар Гадоев дар навохтани думраю най ва меҳтар (сурнай) маҳорати хуб дошт, то синни нафақа дар корҳои раҳбарии хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (пештар хоҷагии ба номи Сталин, «Ленинград»), фаъолият кардааст. Як муддат ба ҳайси раиси хоҷагӣ ва солҳои 50 – уми асри гузашта ба сифати раиси Деҳшӯрои Зиракии ин хоҷагӣ низ фаъолият доштааст. Модараш Зиннатбӣ бонуи хушзавқ буда, ӯ низ думбраро хуб менавохт ва рубоиёти халқиро ба ҳоли худ мувофиқ карда, дар маъракаи занҳо овозхонӣ менамуд. Аз рӯйи нақли шоир, ҳамсояҳояш Мирзо, Назар (директори мактаби деҳа) найнавоз, муаллим Абдулмаҳмад найнавозу думбранавоз ва таблакчию дойразани моҳир будаанд. Акаи Ҷонон Давронов, Бобои Қосим, Самад низ таблаку доираро ба усули навъҳои базм хуб менавохтаанд. Бобои Амирхон бо думбра таронахонӣ мекарду муаллим Аҳмад Мирзо бо ӯ ҳамовоз мегардид ва дар деҳа дар нишастҳои унси ҳамдеҳагон, дар омадани меҳмонон ба деҳа, Гадоев дар тӯю сур ва маъракаҳо писари ягонааш Ҳақназарро низ бо худ мебурд.
Идомаи ин қиссаи ибратомӯз аз зиндагиномаи Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро аз китоби “Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб” бихонед.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00