Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Марҳилаи сеюми Лигаи олӣ кай оғоз мешавад?


Марҳилаи сеюми Лигаи олӣ кай оғоз мешавад?



24-уми сентябри соли равон бозиҳои марҳилаи сеюми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд. Дар  ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои ФФТ ҳангоми тартиб додани тақвими марҳилаи сеюми чемпионат дастаҳо мувофиқи ҷойи ишғолкардаи худ рақамҳои силсилавӣ мегиранд. Тақвими марҳилаи сеюми чемпионат бо истифода аз ҷадвали Бергер тартиб дода мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мегарданд. Имтиёзҳои дар ду марҳила ба дастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи қисми аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр байни ҳам бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебарад. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар алоҳидагӣ бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум рақобат менамояд. Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба лигаи якум меравад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода