Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 200 НАФАР БА КАСБОМӮЗӢ ҶАЛБ ШУДААНД


200 НАФАР БА КАСБОМӮЗӢ ҶАЛБ ШУДААНД



Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Ҳунар ва шукуфоӣ” ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи грантии “Курсҳои касбомӯзӣ барои 200 нафар занон ва ҷавонони осебпазир дар ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон” касбомӯзонро ҷалб карда буд. 

Бояд изҳор дошт, ки ин барнома дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон ва муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш” барои 200 нафар занон ва ҷавонон аз ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои ошпаз, барқчӣ, кафшергари барқӣ, ороишгари мӯй ва рӯй, сартарош, ходими меҳмонхона, дуредгар, челонгари таъмири автомобил ва устои таъмиргари асбобҳои сардкунанда ташкил гардид. Ихтисосҳои номбаршуда дар асоси таҳлили бозори меҳнати минтақа интихоб карда шуда, дар бозори меҳнат серталаб мебошанд.   

Ба касбомӯзӣ мардони синну солашон аз 15 то 39 сола ва занони аз 15 сола боло ҷалб шудаанд, ки онҳо аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, бекор ҳастанд ва ё ниёз ба омӯхтани ихтисоси навро доранд. 

Омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ аз 1 то 2 моҳ идома ёфта, хатмкунандагон соҳиби ҳуҷҷати расмии давлатӣ - “Шаҳодатнома” гаштанд, ки он аз ҷониби корфармоён эътироф карда мешавад. 

Раванди омӯзиш дар бинои муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш” гузаронида мешуд. Машғулиятҳо бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба, асосан дар амалия гузаронида шуда, ҳама хароҷотҳои алоқаманд ба касбомӯзӣ, аз қабили маблағи омӯзиш, маводҳои масрафшаванда, роҳкиро ва хӯрок барои иштирокчиён аз ҷониби барнома таъмин гардид. 

Вобаста ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутаххасисон ба омӯзиши малакаҳои касбӣ тавассути ташкил намудани омӯзишҳои алоҳида ба касбомӯзон малакаҳои соҳибкорӣ, истифода аз компютер ва интернет омӯзонида мешавад, ки ин имкониятҳои бо кор таъмин гардидан ва ё соҳиби шуғли хусусӣ гаштани онҳоро бештар менамояд.  

Ба нафароне, ки дар омӯзишҳо фаъолона иштирок намуданд ва имтиҳони касбомӯзиро бо нишондиҳандаҳои баланд супориданд, асбобҳои зарурӣ барои бо ихтисосҳои омӯхтаашон тӯҳфа карда шуд.
Дар доираи ин барномаи грантӣ 100 нафар (15 зан ва 85 мард) аз ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён курсҳои касбомӯзии ихтисосҳои ошпаз, кафшергари барқӣ, ороишгари мӯй ва рӯй, барқчӣ ва челонгари таъмири автомобилро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусии намунаи давлатӣ гардиданд. 

Ба 76 нафар хатмкунандагони фаъоли курсҳои мазкур асбобҳои зарурӣ барои машғул шудан ба шуғли хусусӣ тақдим карда шуд, ки ин имконияти ба даст овардани даромади бештарро фароҳам меорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода