КӮШОНИЁН АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ОБОД ГАШТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 2 315
Ноҳияи Кӯшониён тавассути меҳнати суботкоронаи меҳнаткашон пайи амалӣ гаштани қарорҳои Ҳукумат, фармону дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд қарор дорад.
Дар ин самт ҳар сол корхонаҳои хурду бузург, иншоотҳои истеҳсолӣ ва дар баробари ин, нуқтаҳои хизматрасонии маданӣ-маишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Кӯшониён корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфта, барои ғанӣ гардидани буҷаи маҳал ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 222,182 млн сомонӣ пешбинӣ шуда, аз он ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 35,528 млн сомонӣ, буҷети вилоятӣ 15,78 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 9,45 млн сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳ-қонӣ, аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 67,354 млн. сомонӣ ва маблағҳои сармоягузориҳои хориҷӣ 94,07 млн сомонӣ мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 278 миллиону 394,9 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум, 55 миллиону 550,9 сомонӣ ё 124,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2021-2025 амалишавии 193 лоиҳа бо маблағи 212,182 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин 54 лоиҳа бо маблағи 83,958 млн сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 92 лоиҳа бо маблағи 73,208 млн сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа бо маблағи 52,893 млн сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 9 лоиҳа ба маблағи 11,860 млн сомонӣ бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 6 лоиҳа бо маблағи 263 ҳазор сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.
Соҳаи кишоварзӣ низ дар ноҳия бо маром рушд намудааст. Соли 2020 истеҳсоли ғалладонагиҳо 43709 тоннаро ташкил доданд. Ҳамчунин, 133451 тонна сабзавот, 11612 тонна полезӣ, 918,9 тонна картошка ва 14323 тонна мева истеҳсол карда шудааст.
Айни замон дар ноҳия 69596 сар чорвои калони шохдор, 79134 сар чорвои майда ва 85930 паранда маҷуд аст. Даст-оварди чорводорон дар соли сипаригардида 11158 тонна гӯшт, 47406 тонна шир, 3660,0 ҳазор дона тухм, 183 тонна пашм, 20 тонна пилла, 43 тонна асал ва 40,5 тонна моҳиро ташкил медиҳад.
Сохтмончиёни ноҳия баҳри бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ободу зебо гардонидани диёр як зумра корҳоро ба сомон расониданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии таъмири 337 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 258 иншоот ба сомон расонида шудааст.
Ҳамчунин, ба мақсади ободониву сабзгардонӣ ва зебогардонидани маҳалли зист наздики 35,0 ҳазор бех дарахт шинонида шудааст.
Айни замон, дар ноҳия 59 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 3 гимназия, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунад. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохт-мони 57 синфхона бо теъдоди 1445 ҷойи нишаст идома дорад, ки ин ҳам аз рушди ноҳия дарак медиҳад.
Теъдоди муассисаҳои то-мактабӣ 9 адад аст, ки ба онҳо 957 нафар кӯдакон ҷалб шудаанд. Шумораи кормандони боғчаҳои кӯдакона 59 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 41 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 8 кохи фарҳангӣ, филармонияи хал-қӣ, 30 китобхонаи деҳотӣ, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05