ҲУЛБУК ҒОЛИБИ ОЗМУН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 026
Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ дар ҷамъбасти натиҷаҳои ноилшудаи соли 2020 аз рӯи нишондодҳои бадастовардааш дар бахши истеҳсолот ва рафти корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст оварда, байни ҷамоатҳои шаҳру навоҳии вилоят ғолиби озмун дониста шуда, ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид.
Маркази ноҳияи Восеъ, шаҳраки Ҳулбук аз маҳали сарироҳии минтақаи Кӯлоб мебошад. Шаҳраки Ҳулбук солҳои охир ба куллӣ симои худро дигар намуда, ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Манзилҳои истиқомативу биноҳои маъмурӣ ва марказҳои хизматрасонии баландошёнаи ҳозиразамон ба ҳусни шаҳрак ҳусни дигаре зам намудаанд.
Сарварии шаҳракро марди ҳалиму хоксор, кордону ташкилотчӣ Сайҷаъфар Мирзоев ба уҳда дорад. Бо Сайҷаъфар вохӯрӣ кардем. Барои ғолибияти аҳли ҷамоат дар ҷамъбасти беҳтарин хоҷагии халқ табрик гуфтем.
- Ташаккур, гуфт Сай-ҷаъфар ва илова намуд, - ин ҷо саҳми ман не, саҳми кулли сокинони шаҳрак ва алалхусус саҳми соҳибкорони боҳиммат ва бонангу номӯси ноҳия мебошад. Меҳнату заҳмати соҳибкорону мардони ҳимматбаланди ноҳия буд, ки давоми ду-се соли охир даҳҳо биноҳои назаррабо, манзилҳои истиқоматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Абдураҳим Қурбонов, Зафар Шарифов, Маҳмадназар Зоиров, Сафаралӣ Шукуров, Ҷамшед Қурбонов, Зокир Лутфиев аз зумраи соҳибкорони боҳиммат мебошанд, ки дар корҳои созандагиву ободкории ноҳия саҳми муносиби худро гузоштаанд ва имрӯз онҳо чун фардони бонангу номус ном баровардаанд.
Баробари соҳибкорон им-рӯз номи ташкилоту корхона, сарварони онҳоро, ки пайваста бо ҷамоати шаҳрак ҳамкорӣ дошта, дар беҳдошти корҳои созандагиву ободкорӣ саҳми худро мегузоранд, қайд кардан ба маврид аст. Махсусан, аз фаъолияти идораи таъмиру тармими роҳҳои ноҳия, сарвараш Қурбон Ҳикматуллоев, литсейи касбӣ-техникии ноҳия, директор Саъдӣ Бобоев, идораи СЭС, сарвараш Абдуқодир Сафарзода, КАТС мудираш Б. Азиззода, беморхонаи маркази ноҳия, сардухтураш С. Иброҳимзода, Кумитаи идораи замини ноҳия роҳбараш Амирхон Юнусзода розию қаноатмандем. Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук яке аз ҷамоатҳои калонтарини на танҳо ноҳия, балки вилоят ба шумор меравад. Дар он 4032 хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, 25212 нафар аҳолӣ дар 36 маҳаллаи он зиндагӣ менамоянд. Дар ҳудуди шаҳрак 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 1 литсейи касбӣ-техникӣ, 2 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд. Баробари марказҳои хизматрасонии тиббии давлатӣ, ҳамчунин, нуқтаҳои тиббии шахсӣ низ ба мардуми ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд. Шумораи фурӯшгоҳҳо, дорухонаҳо, бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ низ кам нестанд.
Шаҳраки Ҳулбук ғолиби озмуни вилоятии “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин”-и вилоят ва соҳиби ҷойи аввал дониста шуд. Барои мардуми шаҳраки Ҳулбук сарбаландӣ ва пешравиҳои назаррасро таманно менамоем
Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Восеъ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05