Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дандони «қимат»


Дандони «қимат»



Назди духтури дандон одамони зиёде навбат истодаанд. Духтур дандони ҷавонзанеро канда истодааст. Зан болои курсӣ дароз кашидаву ҳар гоҳе духтур ба дору кардану кандани дандонҳо машғул мешавад, хомӯш меистад ва чун анбур аз даҳон берун рафт, ба гапзанӣ медарояд. Ӯ беист ҳарф мезаду ҳарф мезад. 

Ва маълум набуд, ки ин пурҳарфӣ аз асаби хароб ё вақти хуши ӯст. Шояд духтур ягон шиносаш буд, ки баъди канда шудани дандон ба ӯ “ҳамагӣ даҳ сомонӣ дорам”, ҳаминашро гиред, боқимондаашро аз маоши шавҳарам медиҳам гуфт. Духтур бо ишораи таассуф сар ҷунбониду нимғурма “майлаш” гуфт. Зан берун рафт ва дар ҳоле, ки духтур нав омодаи қабул кардани бемори дигар буд, баргашт. 

Хеле саросема буду парешон. 

-Ҳа, чӣ шуд?-пурсид духтур.

-Илтимос, духтурҷон. Дандонҳои кандаатонро ёфта диҳед. 

-Барои чӣ, охир ман онҳоро ба сатили патов партофтам. Ғайр аз ин, онҳо дандони комил не, танҳо реша буданд.

-Фарқ надорад, реша аст, пеша аст, ёфта диҳед.

Духтур шояд дигар хиҷолат додани худу мизоҷашро намехост, ки ба ҳамшираи шафқати наздаш супориш дод, ки решаҳоро ёфта диҳад. 
Ҳамшира кофту кофт, аммо онҳоро аз байни партовҳои ҳархела наёфт. Духтур маҷбур шуд, ки корашро як тараф монаду худаш ба кофтан дарояд.

Акнун миёни б е м о р о н - м и з о ҷ о н гуфтугӯ сар шуд. Чаро ин қадар дандони ин занро кофта истодаанд. Шояд қимат ё тилло бошад?

-Э моне,- мегуфт дигарӣ.-Кадом одам дандони тиллоро меканад ва боз онро ба сатили партов мепартояд? 

-Ё ин ки ягон касали безеб дошта бошад, мисли гепатит ё синга? Мабодо мо ҳам сироят нашавем? 

-Не, не, - мегуфт дигарӣ. -Ҳозир ҳама асбобҳои духтурони дандон якмасрафа шудаанд. Ҳеҷ кас сироят намешавад. 

-Магар ҳамин духтуронро намедонӣ?! Аз дасти инҳо бармеояд, ки асбоби якмасрафаро низ думасрафа кунанд, - мегуфт бемори бадҷаҳли дигарӣ.

 Ҳамин тавр, миёни беморон шӯру валвала хест. Ҳар кас мувофиқи фикру хости худ дар ғами ҷонаш буд. Барои ҳама суол ин буд, ки дандон ва махсусан решаи кандаи он ба чӣ лозим?! 

Аммо ин шӯру ғавғо мисле, ки умуман ба гӯши “ҷабрдида” намедаромад. Ӯ дар фикри худ буд ва ҳар замон аз духтур тақозо мекард, ки “илмтимос духтурҷон, хоки поятон шавам, дандонамро ёбед”. 

Билохира, духтур аз миёни дастмолакҳои коғазии тоб дода партофташуда решаҳои пӯсидаи дандони занро пайдо намуд. Бо дидани онҳо ба чеҳраи зан хушҳолӣ дамид. Мисле ки ҷон гирифт. “Ҳазор раҳмат, духтурҷон!” гуфта, миннатдорӣ кард ӯ. 

- Ҷони маро харидед, гӯён пичпичкунон бо овози паст ба духтур чизе гуфту давдавон аз духтурхона баромада рафт. Дар чеҳраи духтур ханда намудор шуд. Аммо боз ҳам оҳе кашиду ба кораш идома дод.

Ҳама ҳайрон буданд ва бо нигоҳи суоломез ба духтур ва ҳамдигар нигоҳ мекарданд. Билохира, яке шӯхиомез пурсид:
-Духтурҷон, ин чӣ дандоне буд, ки ин қадар кофтеду ёфта додед? Решаи дандони канда ба чӣ кор меояд?
Духтур табассуме карду гуфт:
-Шояд барои шумо ба коре наояд, аммо нафароне ҳастанд, ки воқеан барояшон кор медиҳад. Масалан, ин зан солҳост, ки мизоҷи ман. Аз бори машаққати рӯзгор соле нест, ки як дандон ё реша наканад. Даҳонаш ҳам қариб аз ин “садафҳо” холӣ шудаанд. Аммо ҳар боре ба назди духтур меояд, то далели воқеии бемориашро ба шавҳараш нишон надиҳад, ӯ бовар намекунад ва ба қавле “рӯзашро сиёҳ” мекунад. Ҳозир ҳам агар ҳамин решаҳоро нишон надиҳад, ки ман воқеан дандонашро кандаам, ана баъд....ёбу гир...

Маҷбуҳ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода