23 намуди нави маҳсулот истеҳсол шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 445
Имсол корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон истеҳсоли 23 намуди нави маҳсулоти саноатиро ба роҳ монданд.
Аз шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилоят зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар вилоят 209 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад. Дар нимаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли 123 намуди маҳсулоти саноатӣ (58,9%) афзоиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар вилоят 83 корхона ва як коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудааст, ки аллакай ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин таносуб дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар (40 корхона) зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 792 адад расид, ки дар қиёс ба нимаи якуми соли гузашта 118 корхона бештар аст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...