Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 30 фоизи кормандони бонкҳо занонанд


30 фоизи кормандони бонкҳо занонанд



Алиаҳмад Юсуфзода, роҳбари Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки 30 фоизи кормандони бонкҳо дар минтақаро занон ташкил мекунанд.

Ӯ гуфт: "Ба санаи 30.06.2023 дар ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 1290 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз ин шумора занҳо 380 нафар, ё ин ки 30 фоизро ташкил медиҳанд. Шумораи занҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1285 нафар, аз ин занҳо 348 нафар) 38 нафар, ё 9 фоиз зиёд гардидааст."

Зикр шуд, ки раванди низоми бонкии минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи якуми соли 2023 устувор гардида, он ба таҳкимёбии нишондиҳандаҳои муҳимтарин ба монанди зиёдшавии дороиҳо ва уҳдадориҳо алоқаманд мебошад.

Дар минтақаи Кӯлоб 46 филиал, аз ҷумла 27 филиали бонкҳо, 9 филиали ташкилоти амонати қарзии хурд, 3 филиали ташкилоти қарзии хурд, 6 фонди қарзии хурд, 1 филиали фонд ва 179 маркази хизматрасонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолият менамояд.

Бояд зикр намуд, ки ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб дар пешравии иқтисодиёт ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна нақши муҳимро мебозанд ва ба санаи 30 июни соли 2023 қарзҳои додашуда маблағи 557,6 миллион сомониро (филиали бонкҳо 289,7 миллион сомонӣ ва филиали ташкилотҳои маблағгузори хурд 267,9 миллион сомонӣ) ташкил дод. 

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи мизоҷоне, ки тавассути кортҳои пластикӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, дар ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб ба 372 829 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 090 нафар ё 15,5% зиёд гашта, ҳамарӯза рӯ ба афзуншавӣ доранд.

Хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳо тавассути 149 банкомат ва 299 постерминал амалӣ гашта истодааст.

- Ҳамзамон таҷҳизотҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки дар нуқтаҳои савдо ва маишӣ барои хизматрасонӣ ба муштариён тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб насб гардидаанд, ба 451 адад расонида шудааст.

Арзу шикоятҳои шаҳрвандон вобаста ба хизматрасонии бонкӣ, пардохти қарз ва гирифтани қарз аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, пардохти интиқоли пулӣ, дарёфти ҷойи кор ва гирифтани машварат оид ба хизматрасонии бонкӣ қабул гардида, аз тарафи Шуъба ҷиҳати қонеъ гардонидани муроҷиатҳо чораҷӯйӣ ва корбарӣ карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода