Чапаеви ҳақиқӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 345
Собиру Боҳир баъди ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданашон бо ҳам шинос гардиданд. Ҳарчанд дар факултаҳои гуногун таҳсил мекарданд, ситораҳояшон ба якдигар мувофиқ омаду бо ҳам сахт унс гирифтанд.
Ҳатто як пиёла чойро бе якдигар наменӯшиданд.Солҳои донишҷӯӣ, ба қавле, дар як мижа задан гузашта рафту Собир мутахассиси бемориҳои рӯҳӣ ва Боҳир табиби касалиҳои дил гардида, ба ноҳияашон баргаштанд. Ҳарчанд аз якдигар дур афтода бошанд ҳам, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар доимо бохабар шуда меистоданд.
Боре Боҳир ба дидорбинии дӯсташ ба ноҳияи рафиқаш рафт. Азбаски дӯсташ дар ҷои кораш будааст, Боҳир рост ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ шитофт. “Девонаро Худо мебахшад”, -мегӯянд. Ҳарчанд соати дамгирии нисфирӯзии беморон буд, онҳо дар саҳни шифохона шавқуну давутоз доштанд. Яке чамбараки мошин дар даст ронанда шуда буду дигаре ба сифати нозири роҳ вайро барои дар чароғаки сурх гузаштан ҷарима мебаст. Беморон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, қисме тарафи нозири роҳ ва қисме тарафи ронандаро мегирифтанд, ки дар чароғаки сурх нагузаштаасту ҷарима ноинсофист. Кор то ба занозанию кашталдаронӣ расид. Дили Боҳир ба дӯсташ, ки солҳо бо девонаҳо сарукор дошт, сӯхту тозон ба назди Собир рафта, ӯро аз воқеа огоҳ намуд.
-Ҳозир рафта пӯстаки ин девонаҳои худозадаро наафшонам, аз пушти падарам набошам, -гӯён дӯсташ аз шафати курсӣ чанбараки чорчархаи хаёлиро бардошта, чун садои огоҳкунандаи мошин бо забон биб-бибкунон ба Боҳир фармуд, ки дар курсии пеш лангар партояд, то рафта дурустии воқеаро санҷанд.
Аз омадани сардухтур беморон воқиф шуда, аз тарс шамол барин ҳар яке давида рафта, ба ҳуҷраҳои хобашон даромаданд. Дӯстон аз пушти онҳо ба ҳуҷраҳои беморон рафтанд. Ба кадом ҳуҷрае, ки надароянд, девонаҳо мисли низомиён пошна ба ҳам зада, даст ба чакаҳояшон бурдаю бо як овоз тӯтивор “Ман Чапаев” мегуфтанд. Сардухтур ду нафар ҳамшираи шафқатро, ки пинаки нисфирӯзӣ рафта буданд, ҷеғ зада, фармуд, ки ба беморон сӯзандору гузаронанд, то ором гарданд ва ҳамроҳи дӯсташ биб-бибгӯён ба ҳуҷраи корӣ баргаштанд.
Боҳир аз даст ба чакка бурдаю “Ман Чапаев” гуфтани беморон дар тааҷҷуб монда, сабаби онро аз дӯсташ пурсиду дар дил худро тасалло дод, ки хайрият табиби касалиҳои рӯҳӣ нашудааст, вагарна, ба аҳволи рафиқаш гирифтор мешуд.
-Сурфа саночаш мекашад, кола ба зоташ, -гуфт дӯсташ даст афшонда. Ба гапи ин девонаҳо асло бовар накунед, -чамбараки мошинро ба паҳлӯяш гузошт асабиёна Собир. -Чапаеви командири номдор куҷою ин девонаҳои сарзада куҷо! Чапаеви ҳақиқӣ, ана ҳамин акочатон,- гӯён сардухтур пошна ба ҳам зада, даст ба чакка бурд...
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00