«Ҳеҷ касро пушти сар нахоҳем гузошт»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 423
Зери ин унвон дар шаҳри Бохтар дар чорчӯбаи лоиҳаи ТҶ “Фародис” “Маъракаҳои тарғиботӣ оид ба масъалаҳои хушунати хонаводагӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён”, дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Шоира» дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо “Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ” бо маблағгузории USAID Форуми ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Дар кори Форум намояндагони бахши кор бо занон ва оила, мақомотҳои худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои А. Ҷомӣ ва Қубодиён, инчунин ташкилоту созмонҳои дигари ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Шаҳло Субҳонова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Фародис”, Форумро ифтитоҳ намуда, ҳадафҳо ва ҷараёни амалӣ гардидан ва натиҷаҳои бадастовардаи лоиҳаро ба ҳозирин фаҳмонид.
Сипас, коршиносони лоиҳа Меҳринисо Тӯхтаева ва Иноят Набизода, аз натиҷаҳои фаъолияташон дар доираи лоиҳа ҷараёни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми суҳбат бо занҳои зери хушунати хонаводагӣ қароргирифта, натиҷаҳои ҳосилнамудаашон маълумот доданд.
Ҳамчунин, дар Форуми “Ҳеҷ касро пушти сар нахоҳем гузошт” занони рӯзгордида аз таҷрибаи ҳаётии худ ба ҳозирин қисса намуда, барои сохтани муҳити осоишта ва зиндагии бидуни зӯроварӣ ба иштирокдорон маслиҳатҳои манфиатбахш доданд.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани огоҳии занони ноҳияҳои зикргардида, паст намудани сатҳи хушунати хонаводагӣ, фаҳмонидани ҳуқуқҳои занони ба хушунат гирифторшуда, гузаронидани маъракаҳои тарғиботӣ миёни занҳо ва оилаҳои онҳо, пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли зӯроварӣ дар оила ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонаводаи онҳо мебошад.
Дар доираи лоиҳаи “Маъракаҳои тарғиботӣ оид ба масъалаҳои хушунати хонаводагӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён” барои баланд бардоштани огоҳии 2000 нафар занҳои маҳаллӣ оид ба зуҳур, оқибат ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар 16 ҷамоати деҳоти ноҳияҳои мақсаднок маъракаҳои тарғиботӣ баргузор намуданд.
Ҳамчунин, чорабиниҳои зерин дар доираи лоиҳа баргузор гардидааст:
- мизҳои мудаввар дар сатҳи ҳар як ҷамоат бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолони маҳаллӣ;
- ташкили ток-шоу ба воситаи телевизиони вилоятӣ оид ба масъалаҳои хушунати хонаводагӣ;
- гузаронидани озмуни "Беҳтарин идеяи инноватсионӣ - намуна барои ҳалли мушкилоти хушунати хонаводагӣ".
- Ҳамчунин банди алоҳидаи лоиҳа баргузории озмуни "Беҳтарин идеяи инноватсионӣ намуна барои ҳалли мушкилоти хушунати хонаводагӣ”, ки чанд моҳ қабл дар шабакаи иҷтимоии Facebook эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид. Чор нафар бо бартарияти идеяҳои пешниҳоднамудаашон ғолибиятро ба даст оварданд.
Шодигул Зикиляева, ки омӯзгор асту ҳамзамон дар деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти “Яккатут”-и ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ узви шӯрои занон мебошад, соҳиби ҷойи аввал гардид. Идеяи пешниҳоднамудаашро вай аз таҷрибаи фаъолияти худ гирифтааст. Дар деҳае, ки вай умр ба сар мебарад, чор нафар занони рӯзгордида, ки соҳиби эътибор мебошанд, “Гурӯҳи хушдоманҳо”-ро ташкил кардаанд ва ин гурӯҳ ҳангоми ба миён омадани мушкилот ба оила ташриф оварда, барои ҳалли он мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, агар дар оила нисбати зан хушунат ҷой дошта бошад, “Гурӯҳи хушдоманҳо” аз пайи бартараф кардани он мегардад. Гурӯҳи мазкур махсусан дар байни ҷавонзанҳо (келинҳо) эътибори худро пайдо кардааст ва муроҷиат низ аз тарафи онҳо барои беҳтар намудани муносибати оилавӣ боиси камшавии ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ дар деҳа гаштааст.
Мадина Шербадалова, аз шаҳри Душанбе таклиф кард, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ барномаи мобилӣ ташкил карда шавад, то ба воситаи он ҷабрдида дар сурати ба миён омадани хатар метавонад мақомотҳои дахлдорро ба ёрӣ даъват кунад, бо ин идеяи пешниҳоднамудааш мақоми дуюмро касб кард.
Идеяи пешниҳоднамудаи Тоҷинисо Расулова аз ноҳияи Вахш чунин буд, ки баъди оиладоршавӣ нисбати келин ҳамчун “ғуломи зархарид” муносибат накунанд, дар байни мардум кор карда, фаҳмондан лозим, ки тарафҳо (қудоҳо) бояд маблағи пулии ба тарафи арӯс додашаванда (қалин)-ро бо маслиҳати якдигар кам кунанд ва онро асосан барои хариди молҳои барои рӯзгори ҷавонон зарур истифода кунанд.
Раим Ашӯров аз ноҳияи Қубодиён ба озмун идеяи худро чунин пешниҳод кард: «Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби падару модарони фаъол, ки зиндагиашон намунаи дигарон аст, комиссия ташкил карда шавад, то барои аз байн бурдани зӯроварии хонаводагӣ дар оилаҳое, ки фарзандашон дар муассиса таҳсил мекунад, корбарӣ кунад».
Тоҷинисо Расулова ва Раим Ашӯров дар озмуни мазкур ғолиби ҷойи сеюм гардида, дар форум бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Фарида БАРОТОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00