781 га ҷангалзорҳои кӯҳна аз нав бунёд гардиданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 447
Мираҳмад Давлатов муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар самти ҳифзу муҳофизати ҷангалзор аз тарафи нозирони ҳифзи ҷангал дар давоми шашмоҳаи соли равон 411 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи зиёда аз 218 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.
Аз санадҳо тартибдодашуда 285 санад буриши худсарона дарахт, 85 санади чорвочаронии худсарона, 24 санад ҷамъоварии худсарона маҳсулотҳои ҷангал, 7 санади шикори ғайриқонунии ҳайвоноту наботот ва 10 санади дигар қонунвайронкунҳо мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҳамин давраи соли ҷорӣ дар майдони 536,2 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, дар 781 га ҷангалҳои кӯҳнаро аз нав барқарор карда шуданд. Бунёд ва барқароркунии ҷангалзор мутаносибан ба 100 ва 103%-и нақшаи солона расонида шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...