РӮЗИ ҚАБУЛ ДАР КӮШОНИЁН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 2 474
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода арзу матлаби сокинони ноҳияи Кӯшониёнро шунид. Қабл аз мулоқот бо аҳолӣ А. Салимзода ба аёдати собиқадорони меҳнати ноҳия рафта, аз вазъи рӯзгору саломатии онҳо пурсон гардид.
Собиқадори заҳмат Ҳасанбой Ҳисориев, ки собиқаи 57- солаи корӣ дорад, дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ҳангоми фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо хоксорӣ, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ ном баровардааст. Имрӯз низ дар тарбияи ҷавонон ва рушди ҷомеа саҳми созгор дорад. Ҳангоми суҳбат Ҳасанбой Ҳисориев бо муовини аввали раиси вилоят, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат низ пурра ба дастгирии соҳибкорону кишоварзон, занону модарон, ҷавонон, хизматчиёни давлатӣ, ниёзмандону маъюбон нигаронида шудааст. Роҳбари давлат пайваста ба ҳама табақаҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин аст, ки ватани азизи мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол сол аз сол рушду нумӯъ ёфта истодааст.
Раҷабгул Қаландарова низ соҳиби маълумоти олӣ буда, собиқаи беш аз 60 солаи корӣ дорад. Ин зани меҳнатдӯст, сокини Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”, деҳаи Байнал фаъолияти хешро аз колхозчӣ оғоз намуда, пасон, сарварии бригадаи пахтакорӣ ва пиллапарвариро бар дӯш дошт. Заҳматҳояш бо ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат” ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст. Раҷабгул Қаландарова низ зимни суҳбат бо муовини аввали раиси вилоят шукргузорӣ аз рӯзгори осуда, ваҳдат, сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат муяссар гардидааст.
Гулаҳмад Шамсиддинов, собиқаи кории беш аз 50-сола дорад. Аз соли 1967 то инҷониб дар муассисаи таҳсилоти умумии №2-и ноҳияи Кӯшониён фаъ-олият кардааст. 54 соли умри пурбаракати хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудааст ва аз касби интихобнамудааш қаноатманд аст. Орзуҳои қалбашро шогирдонаш амалӣ намуда, дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд. Амонулло Салимзода аз ҷониби раиси вилоят туҳфаҳои моддиву пулиро ба собиқадорон расонида ба онҳо тансиҳатӣ таманно намуд.
Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри шаҳрвандон оғоз ёфт.
Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бештар атрофи ҷудо намудани қитъаи замин оид ба бунёди иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, бунёди гармхона, марказҳои хизматрасонӣ ҷиҳати фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва бунёди коргоҳҳо муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин, нисбати таъмини оби нӯшокӣ дар ҳудуди деҳот, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, ташкили хатти канализатсия-обпарто ва амсоли ин сокинони ноҳия ба муовини аввали раиси вилоят арзи матлаб намуданд. Баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои пешниҳодгардида, ба мутасаддиёни соҳаҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд. Муовини аввали раиси вилоят, ҳамчунин, зимни мулоқот бо фаъолони ноҳия ҷиҳати ривоҷу равнақ бахшидан ба корҳои ободониву сабзгардонӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
ВАХШОНА,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03