Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ


САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ


ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 12 феврали соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмониву ободкорӣ аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ба амал оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмони марҳилаи аввали панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар доираи лоиҳаи тасдиқгардида ва талаботи муқарраргардида бо дарозии 800 метр анҷом ёфта, дарозии умумии панҷарабандии гирду атрофи он 9,3 км-ро ташкил дода, марҳила ба марҳила пурра панҷарабандӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар соли ҷорӣ оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии Минтақаи озоди иқтисодӣ ва дидбонгоҳи гумрукии он пешбинӣ гардидааст, ки тадбири мазкур метавонад ба рушди инфрасохтори минтақаи мазкур заминаи устувор гузорад.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии нахустин субъект ҶДММ “Тоҷик Алмос” оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ (воздушные и масленние филтры) оғоз гардида, бо маром идома дорад.

Зимни боздид аз ҳудуди минтақаи мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар ин раванд бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани даромадгоҳ ва гирду атрофи минтақа як қатор дарахтони соя-афкану ороишӣ шинонида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ дар Ҷамоати деҳоти “Зарбдор” дидан намуда, дар маросими кишти картошка дар кооперативи истеҳсолии «Хатлон» иштирок намуд.

Инчунин, раиси вилоят бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Маркази илмии «Ҳамадоншиносӣ» шинос шуд. 

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии раиси вилоят бо фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардид.

Раиси вилоят дар доираи  сафари худ, ҳамчунин, ба аёдати собиқадори меҳнат Бозор Эргашев рафта, бо ӯ мулоқоти самимӣ анҷом дод.

НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

13 феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Муъминобод аз кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Назари Ҷамоати деҳоти "Шамсиддини Шоҳин" дидан намуд.

Дар ин мавзеъ имрӯз, бо иштироки раиси вилоят, мавсими кишти картошкаи лалмии барвақтӣ оғоз гардид. Картошка дар қаторҳои байни дарахтони боғистони мазкур кишт карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур соли 2010 ташкил ёфта, дорои 3 гектар замин аст. Аз ин 1 гектараш боғи мевадиҳанда, аз қабили себ, гелос, зардолу ва нок мебошад. Соли гузашта ҳам хоҷагидорон дар қаторҳои боғи мазкур картошкаи лалмии таҷрибавӣ кишт карда буданд ва ҳосили хуб ба даст оварда, имсол ҳам ин таҷрибаро ба кор мебаранд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки ихтисосманди соҳаи кишоварзӣ мебошад, зимни суҳбат бо хоҷагидорон барои истифодаи самараноки замин ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти картошкаи барвақтӣ тавсияҳо дод.

Сипас, раиси вилоят аз ҷараёни корҳои барқарорсозии токзор дар мавзеи Ҷалоқи Ҷамоати деҳоти "Деҳибаланд" боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки мавзеи Ҷалоқ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти "Деҳибаланд" ва "Боғгаӣ" доман афрохта, солҳои 70-уми асри 20 бунёд гардидааст. 

Корҳои барқарорсозии 200 гектар майдони токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст. 

Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар 60 гектар, аз ҷумла нарм кардани бехи ниҳолҳо, шудгори байни қаторҳо ва башаклдарории ниҳолҳо идома дорад.

Дар наздикии майдони токзор соҳибкори маҳаллӣ ба барқарор намудани собиқ корхонаи истеҳсоли шароб шурӯъ намудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби мутахассисон оғоз гардида, дар сурати ба истифода додани он тақрибан 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз корҳои сохтмонӣ ва таъмири роҳи байни деҳа дар мавзеи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров дидан намуд.

Айни ҳол дар деҳаи мазкур сохтмони фермаи чорводорӣ барои нигоҳубини 100 сар чорвои калони шохдор ва дар масоҳати 3 гектар боғи интенсивӣ, истироҳатгоҳ иборат аз 14 кат идома дорад.

Худи ҳамон рӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Муъминобод мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. 

Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2020 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд: «Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Паёмадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне, мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем”.

Қурбон Ҳакимзода, ҳамзамон, изҳор дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда соҳаҳои сайёҳӣ, роҳсозӣ ва саноат рӯ ба рушд мебошанд.

Имсол аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳи мошингарди Муъминобод-Чилдухтарон дар масофаи 20 км мумфарш мегардад.

Раиси вилоят бо назардошти имконот ва зарфиятҳои ноҳияи Муъминобод ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав, истифодаи самараноки замин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришҳо дод.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии 

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода