Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Шамоли мурда


Шамоли мурда



Аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, хостам дар хиёбонҳои шаҳр, ки сахт пазмонашон шуда будам, гардиш карда, аз зебогиҳояшон лаззат барам. Тасодуфан дар роҳ бо як адиби куҳансоли шиносам, ки ӯро кайҳо надида будам, вохӯрдам. Ҳарду бағалкаш вохӯрию ҳатто аз рӯи меҳр аз сирояти коронавирус ҳам наҳаросида, бо ӯ бӯсобӯсӣ намудам. Вай таклиф кард, ки беҳтараш ба ягон тарабхона даромада, суҳбатамонро он ҷо сари як пиёла чой давом диҳем.

-Дидор ғанимат,-гӯён ба таклифаш бо ҷону дил розӣ шудам.-Тамошои шаҳр гурехта намеравад,-андешидам дар дил.

Дар тарабхона аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шудем. Устод дар омади гап гуфт, ки романи навашро ба анҷом расонидааст ва аз ман хоҳиш кард, ки онро муҳаррирӣ намоям. «Зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр», гуфтагӣ барин, ҳарчанд корам аз мӯи сар зиёд буд, аз рӯяш гузашта натавониста, ноилоҷ розӣ шудам.

Баъди соатаке дар тарабхона нишастан берун баромада, устодро, ки дар ҷабинаш осори пирӣ лангар партофтаю бо асо базӯр роҳ мерафт, то хонаашон гуселониданӣ шудам. Роҳамон аз назди гӯристон мегузашт. Устод аз оринҷам дошта, бо зорию тавалло хоҳиш намуд, ки сари қадам ба қабристон даромада, ба арвоҳи гузаштагон дуою фотеҳа хонем, «зеро ҳар кӣ арвоҳ шод кунад, қиёмати худ обод кунад». Лекин ҳамин вақт телефони мобилиам занг зад. Ҳамсарам гирён хабар расонид, ки тезтар расида биёям, зеро набераам сахт бемор шудаасту мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ задаанд.

Ба устод, ки аз остинам кашида, маро зӯран ба гӯристон бурданӣ буд, вазъиятро фаҳмонида, бо илоҷе аз вай халос хӯрдаю ба хона шитофтам. Хайрият, баъди сӯзандору гузаронидани духтурон аҳволи набераам беҳ шуда буд, ки рӯи ҳавлӣ бозӣ мекард. Аз ин шукрона карда, гузашта болои кӯрпачаи рӯи кат нишастам. Китоби тарҷумаи ҳолии адибонро, ки ҳанӯз имконияти пурра хондани онро наёфта будам, ба даст гирифтам. Чашмам ба акси устод афтоду сатрҳои охирини ҳолномаи вайро хонда, дар баданам мурғак давид. Маълум шуд, ки устод ҳанӯз соли 2012, яъне чандин сол пеш дар набудани ман вафот кардаасту банда бехабар. Ҳеҷ боварам наомад. Бо умеди он ки чашмам саҳв карда бошад, тарҷумаи ҳоли устодро боз аз нав шамол додам. Не, ҳамааш оина барин равшан.
-О, мӯйсафеди гӯрсӯхтаи айёре!-фарёд кашидам девонавор лаҳзаи аз оринҷам дошта, ба сӯи гӯристон кашола карда бурдани устодро ба ёд оварда.

Хабари ба ман расидани шамоли мурдаро шунида, чанд тан аз шиносҳоям ба аёдат омаданд. Маро бовар кунониданӣ мешуданд, ки устод зинда асту дар китоб саҳван иштибоҳ рафтааст. Агар хоҳам, ҳозиракак бод барин рафта вайро гирифта меоранд.

-Не!-чашмонамро қоқ пӯшида, бехудона дод задам аз ҷоям ҷаста. 

-Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Дигарбора тоқати дидани рӯи шуми мурдаро надорам. Ин арвоҳи хонасӯхта боз маро ҳамроҳаш набарад!

Хайрият, ҳамин телефонҳои мобилӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди зарарашон боз маро гоҳо аз фалокатҳо наҷот медиҳанд, вагарна, ҳоло зери гурзборони Мункару Накир мемондам...

С. БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода