Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Сӯгвории ҷавонӣ»


«Сӯгвории ҷавонӣ»




Ҷавонӣ рафт. Ва ман кунун мотам дорам. Чун он бебозгашт рафт. Дигар ба ҳеҷ қиммате онро наметавонам баргардонам.


Эй ҷавониам! Магар аз ман ранҷидӣ? 

Медонам, бароят беэҳтиромӣ кардам. Нисбатат бепарвоиву беэътиноӣ ва бетаваҷҷуҳиро раво дидам. Сармасти хушиҳоят будам. Гумон мекардам, ки бо ин ҳама нозу нуз, бепарвоиву танбалӣ ва бефикриву коҳилиҳои ман тоб меориву таркам намекунӣ. Чун дар маҳфилҳову саргармиҳо бо дӯстону “ошноён” сари дастурхон менишастем, он қадар ба худ меболидаму менозидам, ки дигар ҳастиро фаромӯш мекардам. Чун ту ҳамроҳам будӣ ва гумон доштам, ки ҳамеша бо ман боқӣ мемонӣ.

Вақте дар кӯчаву бозор бо неруи ту бардаму чолок қадам мезадам, аз назди пироне, ки асо дар даст базӯр гашта, роҳро танг мекарданд, бошитобу иддао мегузаштам. Чун ман аз ҳикмати “Ҳурмати пирон намову аз ҷавонӣ бас маноз!” бехабар будам. 

Бо ғайрату қуввати дучанде, ки аз баракати ту доштам, меболидаму фикри онро намекардам, ки ин тирҳои рост камони каҷ дар пай дорад, ин дасту пойи гиро ларзидан дорад, ин чашмони шаҳло тира шудан дорад...

Аммо тавре мебинам, иштибоҳи бузурге кардаам.

Билохира, сабри ту сар омад ва рафтӣ. Ва ҳамаи дороиямро бо худ бурдӣ. Қомати шамшодро, нутқи буррову озодро, чеҳраи хандону шодро...

Кош, вақте бо ман будӣ ба қадрат мерасидам, зоеъат намекардам, ҳар нафасатро босамар истифода мекардам.
Ай дареғо, ки дубора барнамегардӣ.

Ҷавониам!

Ва ман кунун мотам дорам.

Бар сӯгвории ту...

Р. РАҲМАТОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода