Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИРДОРИ ДАҲШАТНОК


КИРДОРИ ДАҲШАТНОК


Тоирова Назокатхон, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Ориён”, деҳаи Оқ-олтин, санаи 09.09.2020 тахминан соати 13 дар манзили истиқоматиаш, бо мақсади қасдан ба қатл расонидани фарзандони ноболиғи худ,  даст ба ҷиноят зад.

Сараввал Тоиров Юнусҷон Муҳамаджонович, соли таваллудаш 29.10.2014-ро ба дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиаш дароварда, бо баҳонаи бозии пинҳоншавӣ дасту пойҳояшро бо рӯймол баста, дар сараш селофани полиэтиленӣ мекашад ва ӯро буғӣ карда, ба қатл мерасонад. Ба мақсади аз ин ҳолат хабардор нашудани фарзандони дигараш, ҷасадро ба ҳуҷраи дигар бурда, дар болои рахт (диван) мегузорад. 

Сипас фарзандони дигараш Тоиров Юсуфҷон Муҳамаджонович, соли таваллудаш 06.01.2011 ва Тоиров Акбар Муҳамаджонович, соли таваллудаш 22.10.2012-ро дар ҳамон ҷо, бо ҳамон тарзу усул ба қатл расонида, ҷасади онҳоро аз он ҳуҷра гирифта, ба дохили ҳуҷрае, ки ҷасади фарзанди ноболиғаш Тоиров Ю.М. гузошта шуда буд, болои рахт (диван) мегузорад. Дар ин маврид фарзанди хурдсолаш Тоиров Анис Муҳамаджоновичро, соли таваллудаш 15.04.2019, дар он ҳуҷрае, ки ҷасади фарзандони ноболиғашро гузошта буд, дар гаҳвора хоб буд. Ӯ селофани полиэтилениро дар сари тифл кашида, вайро низ буғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад. Ҷасади ӯро аз гаҳвора гирифта, болои рахт (диван) дар паҳлуи дигар фарзандонаш мегузорад. Баъди ба охир расонидани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ селофанҳои полиэтиленӣ ва рӯймолҳоро дар оташдон месӯзонад. 

Бо мақсади даст ба худкушӣ задани худ 10 дона ҳаб (таблетка)-и демидролро истеъмол карда, ба ҳуҷрае, ки ҷасадҳои фарзандонаш гузошта шуда буданд, даромада, ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худ, шавҳараш ва фарзандони ноболиғашро оташ мезанад. Аз таъсири доруи демидрол ӯро хоб мебарад ва новобаста аз иродаи ӯ оташ фурӯзон нашуда, хомӯш мегардад. Тахминан соати 16 ӯ аз хоб бедор шуда, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта, ба кормандони милитсия оид ба ҷинояти содиркардааш маълумоти худиқрорӣ додааст.    

Нисбати Тоирова Назокатхон бо аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои «а», «в», «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду шахс ё бештар аз он, баръало ноболиғ ва дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани онҳо барои гунаҳгор аён аст ва бо бераҳмии махсусро муқаррар менамояд,  аз тарафи шуъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилоят  санаи 9.09.2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, баъди ба итмомрасии тафтишоти пешакии он   бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори вилоят  ба суд ирсол карда шуд. 

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон санаи 3-юми декабри  соли 2020 парвандаи ҷиноятии мазкурро баррасӣ намуда, Тоирова Н.-ро дар содир намудани    ҷинояти бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в” ва “е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста,  ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати 25 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон умумӣ таъйин намуд. 

 

Варқаи Зайниддин,

ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода