Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
(Идома аз шумораи №6)
Соли 1992-ро мардуми Тоҷикистон, гӯё ҳама носозгориҳои соли сипаригардида фаромӯш шуда бошанд, чун анъанаи шукуфоии даврони Шӯравӣ бо ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, арчаороӣ, базму тараб истиқбол гирифтанд. Вале ба зудӣ маълум гардид, ки чи байни мардум ва чи дар сатҳи Ҳукумат, ҳарчанд нахли соҳибистиқлолӣ нумӯ мекард, тарафгириҳо аз байн нарафта будааст. 9 январ аз вазифаи раиси Шӯрои вазирон, ки як шохаи давлатдорӣ ҳисоб меёбад. Изатулло Ҳаёев зери таъсири қувваҳои мухолифин, ба идаои он ки гӯё дар замони фаъолияти ӯ иқтисодиёти давлат коста гардида бошад, аз вазифа меравад.
Баъди дар интихобот ғалаба кардан Раҳмон Набиев батадриҷ командаи худро интихоб мекард. Аз ҷумла, прокурор, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев 2 декабри соли 1991 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон таъйин гардид, ки ин аз нав шуру валваларо байни қувваҳои оппозитсионӣ барангехт ва ба ин иқдом дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа эътирозҳои сиёсии зиддиҳукуматиро ташкил доданд.
Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ҷӯёи ҳамкориҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздик буд. Аз ҷумла, 2 феврал бо кишвари Ҷопон, ки аллакай муносибати дипломатӣ барқарор намуда буд, Созишномаи ҳамкорӣ баст. Аввали моҳи март бошад, Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин дигаргуниву рӯйдодҳои фараҳбахш митингу гирдиҳамоии тарафдорони қувваҳои оппозитсиониву ҳукуматӣ ба истилоҳ тазоҳуротчиён бо ҳар баҳонае авҷ мегирифт. Ин ҳама боис шуд, ки роҳбарони сатҳи болоӣ дар курсии мансабӣ радду бадал мешуданд. Кор то ба дараҷае расид, ки дар рафти яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ мухолифин 20 нафар ҷонибдорони Ҳукумат, аз ҷумла 16 вакили Шӯрои Олӣ ва ду муовини сарвазири мамлакатро гаравгон гирифтанд. Бо ҳамин Сафаралӣ Кенҷаев, ки ҳамагӣ 4 моҳу даҳ рӯз дар мансаби Раиси Шӯрои Олӣ буд, аз вазифа рафт ва Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олӣ шуд. Бояд гуфт, ки Акбаршо Искандаров дар ин вазифа то баргузории ҷаласаи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ (аз моҳи сентябр роҳбарии давлатро низ ба уҳда дошт) монд.
Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ дар ҳар ду майдон, ки он замон майдони «Озодӣ» ва майдони «Шаҳидон» ном гирифта буд, торафт зиёд мегардиданд ва бо роҳҳои гуногун мусаллаҳ мешуданд. Дар баробари он ки истеъфо мегуфтанду талабҳо пеш мегузоштанд, боз ба унвонии ҳамдигар суханони таҳқиромезро раво медиданд, ки ин вазъиятро боз ҳам муташанниҷ мегардонид. Ҳарчанд 1 майи соли 1992, дар рӯзи ҷашни якдилии меҳнаткашон, Президент Раҳмон Набиев Горди миллиро таъсис дода, бо яроқу аслиҳа таъмин намуд, вале ин роҳи ҳалли масъалагузориҳо нашуд. Баръакс муқовимати сиёсӣ, ки дар он даъвохоҳон ба муқобили роҳбарони Ҳукумат бармехестанд, бегумон ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт ва зимоми давлатдориву амнияти миллатро, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ пеш мебурд, ба даст гирифта натавонист. Мухолифин аввалҳои моҳи май телевизионро ба даст гирифта, ташвиқоти зиддиҳукуматиро пурзӯр намуданд. Қисмати азими ҷумҳурӣ - сокинони вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯ-лоб аз ҳақиқати воқеӣ бехабар буданд. Минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ монда буд. Дар минтақаҳои алоҳида задухӯрди тарафҳои мухолиф, ҷанги майдондорони акнун ба маҳалгароӣ фурӯрафта ба амал меомад, ки дар натиҷа мардуми зиёде ҳалок гардид.
Дар ҳамин шабу рӯз (аниқтараш, 14 майи соли 1992) телевизиони Кӯлоб бо роҳбарии Сафаралӣ Эргашев ба мавҷ баромад ва мардум аз ҳақикати ҳол бохабар гашта, фаҳмиданд, ки Ҳукумати қонунӣ дар гирдоби нестӣ аст ва он рӯз дур нест, ки мансабталошону худхоҳон ба мақсади нопок мерасанду миллат ба парокандагӣ. Бино ба хотираҳои сармуҳаррири ҳамонвақтаи телевизион Умар Камолов барномаҳои телевизионӣ, аввал аз худи шаҳри Кӯлоб, баъдан, аз маркази мавҷпаҳнкунии Тошработ ба мардум расонида мешуд. Кормандони ҳамонвақта Абдусалом Утаганов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Қодир Назирматов (барандаи хабарҳо бо забони русӣ), Абдураҳим Исмоилов, Сайҳомид Одинаев, Сарварбиву Мавҷуда, Ойтилло мардумро бо ҳақиқати ҳол ва бадкориҳои мухолифин ошно месохтанд. Дар ин миён, радиои вилоятӣ аз нав бо ташаббуси рӯзномани-гор Боймурод Сайдалиев ба кор даромад ва журналистони содиқ аз нуқтаҳои асосӣ ахборотро ба самъи мардум мерасонид. Дар заминаи рӯзномаи вилоятӣ бошад, нашрияи фронти халқӣ ба фаъолият пардохт, ки рӯзноманигорони сарсупурдаи миллат, ҳақиқатнигорони вақт Сайдалӣ Бобохонов, Сайид Барот, Амиршои Хатлонӣ, Шералӣ Яҳёев, Саттор Қарахонов, Асалмо Сафарзода, Ҳасани Муродиён, Тоҳирҷон Асомиддинов ба қавле «мӯйро аз хамир» ҷудо намуда, мардумро бо кирдори бади мухолифину музаффариятҳои дастаҳои ҳукумати қонунихоҳон ошно месохтанд. Бояд гуфт, ки нақши ВАО дар он давру замон, воқеан ҳам, бесобиқа арзёбӣ мегардад.
Иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ бошад, пайи ҳам баргузор мегардиданд ва дар онҳо масъалаи ивазшавии кадрҳо баҳри ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мегардид. Аз ҷумла, дар Иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 1992 баргузор гардид, дар ин лаҳзаҳои ҳассос Президент, махсусан, оид ба вазъи сиёсии ҷойдошта суханронӣ намуда, барои боздоштани ҷанг, дарёфтани роҳи сулҳ чунин ҳушдор дод: «Он чи ки ҳамаи моро муттаҳид карда метавонад, ин афви умумӣ, бахшидани гуноҳи якдигар, тоза кардани хотир аз ҳар гуна бадбинӣ ва нобовариҳо мебошад». Вале, ҳайҳот! Ин суханонро гӯши аз баҳри мансаб каршудаи мухолифини давлат нашунид. Задухӯрд байни митингчиён бо милитсияву ҳарбиён суръат мегирифт. Саҳари барвақти 24-уми августи соли 1992 Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро шахсони номаълум парронда, ба қатл мерасонанд (баъдтар сиёҳкорон Нуруллобеков ва Маҳмудов, ки дар ин амали террористӣ даст доштанд, дастгир ва ба муҷозот кашида мешаванд).
Раҳмон Набиев, ки аз қасди бади оппозитсионерон огоҳӣ дошт, 7 сентябр хост аз Душанбе ба Хуҷанд сафар кунад, вале кортеҷи ӯро дар фурудгоҳ митингчиён иҳота намуда, маҷбур сохтанд, ки аз мансаби президентӣ даст кашад. Президент маҷбур шуд бо шарти амнияти худу оилааш аризаи истеъфояшро нависад.
Дар ин соли пур аз сару савдо нақши муҳимро Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бозид. Дар иҷлосия баробари вакилон, ҳамчунин, намояндагони салоҳиятдори тарафҳои мухолиф, қумондонҳо ширкат доштанд. Масъалаи басо муҳими иҷлосия дар вазъияти бениҳоят вазнини ҷумҳурӣ интихоби роҳбари давлат, ба эътидол даровардани муноқишаи тарафҳо, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ки ба хориҷи кишвар фирор карда буданд ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ меистод.
Мақоли машҳури «Дасти ҳақиқат ҳамеша болост» бори дигар амри воқеӣ будани худро нишон дод. Дар ин иҷлосия, ки аз тарси ҷон касеро парвои мансабу роҳбарӣ набуд, зимоми давлатдориро Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт ва вақт нишон дод: ин ҷавонмарди бо шири модари тоҷик ком ширин кардаву алфози поки миллати соҳибтамаддунро дар қалбу забонаш тавъам дошта, ки бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба воя расидааст, метавонад давлати анқариб аздастрафтаро пойдор, миллати парокандаро ҷамъугир ва номи баланди тоҷикро, бо душвориҳо бошад ҳам, аз нав эҳё созад…
(Идома дорад)
Исматуллои Гули ОЛИМ
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.