Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид мешавад?


Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид мешавад?



Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ба номинаи объектҳои мадании ЮНЕСКО тибқи тартиби муқарраршуда ба Маркази мероси ҷаҳонии ин созмон санадҳои заруриро ба ЮНЕСКО пешниҳод намудааст.

Тибқи хулосаи ин созмон, номинаи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи ЮНЕСКО пурра ҷавобгӯ мебошад. Тадбирҳои мазкур бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2022 «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ» андешида шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода