Ному шарафи тоҷиконро доғдор накунед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 468
Ҷомеаи имрӯза, ки пур аз таҳаввулоту бархӯрдҳои давлатҳо ва ҳадафҳои геополитикии абарқудратҳо мебошад, падидаҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм низ дар ҳар шаклу қолабҳои нави харобиовар пайдо шуда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Онҳо зуҳуроти нав нестанд, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар сокини сайёра табдил ёфтаанд.
Имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 адад ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ мавҷуд аст, ки фаъолияти аксари онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ мебошад. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин ҷо мехоҳам фикру андешаҳои худро доир ба фаъолияти яке аз ташкилотҳои террористиву экстремистие, ки дар Тоҷикистон маъмун мебошад ва сарвари он баён созам.
Ин ҳам бошад, ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ ва сарвари он, хоини миллату ватанфурӯш М. Кабирӣ мебошад.
Баъди он ки бо қарори Суди Олии кишвар фаъолияти ин ҳизб дар кишвар манъ шуд, тамоми раёсат ва баъзе аъзои фаъоли он тарки Тоҷикистон карда, дар кишварҳои Аврупо ҷою макон ёфта, зиндагии худро бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон пеш бурда истодаанд. Мо зидди он нестем, ки онҳо дар хориҷа зиндагӣ кунанд. Хоҳанд, рафта дар Миррих зиндагӣ намоянд. Боварӣ дорам, ки рафта, он ҷоро ҳам расво хоҳанд кард.
Аммо, амалу рафтори ин хоинони миллат дар кишварҳои Аврупо ному шарафи мардуми тоҷику Тоҷикистонро паст ва доғдор мекунад. Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа истода ба сӯи Тоҷикистон санги маломат мезанад, ки дар кишвар демократияву озодӣ нест. О, дар хориҷа истода аз куҷо медонед, ки дар ин ҷо демократияву озодӣ нест? Ҳаст!
Он демократияву озодие, ки туву тубаринҳо ва хоҷагонатон мехоҳед ба мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бору талқин мекунед, асло лозим нест. Мардуми тоҷик ба хубӣ огоҳанд, ки шумо дар Тоҷикистон ба чӣ кор машғул будеду чӣ нақшаву ният доштед. Мақсаду мароми шумо ҳеҷ гоҳ ба манфиату ормонҳои миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон нест ва нахоҳад буд. Мақсаду мароми шумо танҳо таассубу ниятҳои разилонаи худатон буду халос. Асло парвои мардум надоштед.
Аз ҳамватанон, ҷавонон ва махсусан аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват менамоям, ки ба гуфтаҳои ин хоинони миллат бовар накарда, ба суханҳои пучу беасоси онҳо дода нашаванд. Зеро, дар гуфтаҳои онҳо ғаразҳову нопокиҳо нисбати мардуми тоҷик дида мешавад.
Агар шумо худро тоҷик ҳисобеду номусу ор дошта бошед, ҳарзагӯиву дурӯғбофиро бас кунед, номи тоҷиконрову тоҷикистониёнро доғдор накунед.
Ҳамаи моро лозим аст, ки зери ливои Ватан сарҷамъ омада, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашем.
Хусрав Холдорзода,
раиси суди ноҳияи Шаҳритус
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...