Номаи генерал Азимов ба Муҳаммадиқбол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 635
Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман генерали мустаъфӣ Раҷабалӣ Азимов, аъзои Фронти халқии минтақаи Кӯлоб, аз Тоҷикистони офтобрӯя муроҷиат мекунам.
Муҳаммадиқбол! Ту нисбат ба Роҳбари давлат ва аҳли оилаи ӯ беадолатона сухан мегӯӣ, ин аз рӯи ҷавонмардӣ нест. Адолат моли Худованд аст, онро дар бозор харида ва фурӯхта намешавад. Агар Худованд ба дили кас раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, қадри миллату Ватанро ворид созад, дӯстдори Ватану миллаташ бошад, ӯ шахси адолатпараст аст ва аз дили ӯ ғайри Худованд каси дигар инро берун сохта наметавонад. Дар вуҷудат ҳисси ватандӯстӣ тамоман дида намешавад. Аз гуфтаҳои мо малол набош, чун маълумотҳое, ки ту мегӯӣ, асос надоранд ва ин ҳама маълумотҳоят ба ҷуз туҳмату буҳтон чизи дигар нест. Аз ин лиҳоз, чунин ашхоси ба монанди ту ва тубаринҳоро намаки дастархони миллати тоҷик кӯр мекунад.
Ҳар як амали бад, махсусан беасосу бедалел тӯҳмат задан ба одамони фидокору наҷиб подоши мувофиқ дорад ва ҳар як кор вақту соаташро интизор аст. Вақташ расад, қонун чунинҳоро дар ҷояш мешинонад. Ман бо чеҳраҳои шинохтаи оппозитсияи тоҷик баъди сулҳу салоҳи тоҷикон кору фаъолият кардам. Ба мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зиёев Мирзо (Худо биомӯрзад) ва ғайра. Сарҳад Адҳамов, Сарабек Ҳаким ва садҳо дигарро бисёр хуб медонам. Бовар кун, ин суханони худи онҳо мебошад. Ҳамон вақтҳо мегуфтанд, ки «Худо Раҳмоновро ба мо дод, вагарна, дар кӯҳу пуштаҳо нобуд шуда мерафтем.
Тавонист миллатро сарҷамъ кунад. Вақте ки мо омадем ва ба вазифаҳо тақсим шудем, баъд фаҳмидем, ки қадри Ватану миллат чунон баланд будааст, ки охир надорад. Мо худро озод ҳис кардем, меҳрубонӣ нисбат ба Ватанамон зиёд шуд».
Агар, ба гуфтаҳои хоҷаҳои беруна гӯш надиҳед, дар вақти кӯтоҳ нисбат ба миллату Ватан чунон меҳр пайдо мекунед, ки худатон дар ҳайрат мемонед.
Мегӯянд, ки ба худододагон ситеза макун. Худованд ба Эмомалӣ Раҳмон дод, охир ҳамин миллат, ҳамин сарзамин замоне дар ихтиёри роҳбарии Шумо буд, чаро миллатро тақсим кардед? Чаро ба ҷанг хестед? Чаро хуни ноҳақ рехтед ва дидед, ки оқибаташ чӣ шуд?
Вақте дар майдони Озодиву Шаҳидон мардум гирдиҳамоӣ ташкил карданд, ман хуб медонам ва ёд дорам, ки мо бе яроқ рафта будем. Дар майдони Шаҳидон мардум қариб 50% мусаллаҳ буданд, магар ин тайёрӣ ба ҷанг аз тарафи шумо набуд?
Русҳо мегӯянд, мардуми дар майдони Шаҳидон ҷамъшуда таҳрик мекарданд, ки ҳарчи зудтар паррон-паррон шавад ва аз ҳамон ҷо сар карда, одамкушӣ сар шуд. Чаро гуноҳи онҳоро намебинеду яктарафа сухан мегӯед? Одамкушро Худо намебахшад.
Ман дар ин ҷанг фарзанди падар гум кардаам, ӯ афсари Вазорати корҳои дохилӣ буд. Шаби 4 декабри 1992 аз утоқи кориаш бурда, дар масҷиди «АВУЛ » бо ҳамроҳии 11 нафар ҷавон ба қатл расониданд. Чизе буд, набуд, ин бадбахтӣ ба сари миллат омад ва имрӯз бартараф шуд. Акнун вақте омадааст, ки заҳмату меҳнати Роҳбари давлатро қадр созем, барои оянда боз ҳам Ватанро обод намоем.
Шумо аз дур истода, ба ҷониби давлату ҳукумат санги маломат меандозед, ки ин нодуруст аст. Хуб мешуд, ки ба Тоҷикистон биёед ва аз Сарварамон хоҳиш кунед, мебахшад. Президент гунаҳгоронеро бахшид, ки гуноҳашон ниҳоят вазнин буд. Ман боварӣ дорам, ки туро низ мебахшад. Биё, бо миллату Ватанат зиндагӣ кун!
Амири беватан хору фақир аст,
Фақир гар дар Ватан мирад, амир аст.
Муҳаммадиқбол!
Аз шунидаҳои ман, падарат шахси бад набудааст, ҳоло намедонам ҳаст ё не. Дар ҳама ҳол Худо дастгираш бошад, лекин арвоҳи гузаштагону аҷдодони худро парешон накунед, биёед якҷоя дар ин обу хоки худодод зиндагӣ кунем ва барои насли ояндаамон чизе боқӣ гузошта тавонем.
Вақте Маҳмуд Худойбердиев ба хоки Тоҷикистон чун террорист ворид шуд, нангу номуси ҷавонони Раштро нагузошт, ки бе тараф бошанд. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт барои ҳама хуб шуда наметавонӣ, агар аз осмон, ки ситора биёрӣ, боз ашхосе пайдо мешаванд, ки аз ману ту ё Сарвари давлат норозигӣ баён мекунанд.
Ватану миллат ягона такягоҳ, умед, орзу ва хокаш охирати ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Биё, дигар аз дур истода, ба чашми ғайр нигоҳ ба миллату Ватан накунему аз наздик дар байни халқи худат зиндагиву фаъолиятро давом деҳ. Сарвари мо марди ҳақ ҳастанд, одилу қобиланд, заҳматҳои бепоён кашидаанд, арзандаву якто мебошанд.
Нанг аст, ки номус бибарад тир бар ҳадаф,
Ҷое, ки мард ҳаст зи номард назанад ҳарф.
Оғӯши Тоҷикистон ҳамеша кушодааст. Ҳар ки бо дилу нияти нек мехоҳад вориди ин сарзамин шавад, марҳамат!
Тоҷикистони азизам, зинда бош,
То қиёмат ҳамсафар бо роҳбараш.
Азимов Раҷабалӣ,
генерали мустаъфӣ, мудири кафедраи мудофиаи граждании
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...