Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Андар бораи 3 соҳибистеъдод


Андар бораи 3 соҳибистеъдод



Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати сокинони мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба шумор меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баланди ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст.

28-уми октябри соли 2022 даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

Мо дар бораи 3 ғолиби ин озмун, ки ду нафараш аз шаҳри Кӯлобу дигарӣ аз ноҳияи Данғара мебошад, ҳарф хоҳем зад.

Ду нафаре, ки аз шаҳри Кӯлобанд, ҳарду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар озмун тӯли 2 соли охир буд фаъолона ширкат менамуданд ки билохира оқибат муваффақ шуданд.

Бахтовар Абдуллоев, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дар жанри эстрадии «Номинатсияи сарояндагӣ» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Бахтовар бисёр овози ширин дошта, сурудҳои мазмуни ватандӯстидошта таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ соли 2022 аз даври вилоятӣ роҳхат нагирифт, аммо рӯҳафтода нашуда, имсол ҳам бо тайёрии хуб иштирок карда, дастболо гардид. Ӯ дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат варзида, яке аз донишҷӯёни пешқадам маҳсуб меёбад. Бо назардошти чунин фйаъолият супориши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Хонаи маданияти донишгоҳ ӯро ба кор қабул карданд. Бародари Бахтовар ҳам истеъдоди сарояндагӣ дошта, дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг ҳамчун устоди донишгоҳ кор карда истодааст. Бахтовар имсол донишгоҳро хатм мекунад ва азм дорад, ки ҳунарашро тақвият бахшад ва дар ансамблҳои давлатӣ ба фаъолияти эҷоди кунад.

Ӯ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст, ки чунин озмунҳоро роҳандозӣ кардаанд, то соҳибистеъдодҳои хуфта ба ҷомеа муаррифӣ бишаванд. Ӯ бар ин назар аст, ки агар чунин озмунҳо намешуд, шояд ин алангаи истеъдоди вай нобуд мешуд ва рушд намекард. Бахтовар аз ватани ободу озод меболад ва бо рӯҳияи тоза сурудхонӣ мекунад. 

Муҳаммадназар Имомов қаҳрамони дуюми мост. Ӯ донишҷӯи соли 2-юми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, дар жанри эстрадии “Номинатсияи навозандагӣ» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Муҳаммадназар истеъдоди баланди навозандагӣ дорад. Ӯ бо як маҳорати хос навозишро иҷро мекунад, ки бинанда аз шунидану дидани ин манзара роҳат мекунад. 

Муҳаммадназар як ҷавони босавод буда, рафтори намунавӣ дорад. Ӯ дар чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ ширкати фаъолона дошта, кор ҳам мекунад. Ӯ шогирдони зиёдеро дар ин роҳ тарбия намуда истодааст ва мо бовар дорем, ки дар солҳои оянда шогирдони ӯ дар ин озмунҳо ғолиб мешаванд. 

Исмоил Раҳмонзода, қаҳрамони дигар хурдсолтар асту хонандаи синфи 7-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Данғара мебошад. Исмоил дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияи «Навозандагӣ. Жанри анъанавӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид. Бо як эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳарф зада, шукронаи ин ватани тинҷу ободро мекунад. Падараш аз аҳли фарҳанг буда, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара солҳои дароз кор кардааст. Исмоил дуторро ончунон зебо менавозад, ки завқи кас меояд. Замоне ғолиб гардид, бо ифтихорнома ва 15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Қисме аз ин маблағро барои тақвияти ҳунараш сарф карда, боқимондаро барои харидории китобҳои соҳавӣ ва дигар корҳои зарур пасандоз кардааст. Ҳунари ӯ инсонро рӯҳия медиҳад ва ба оянда дилгарм месозад. Миллати тоҷик миллати фарҳангӣ буда, дар хонаи аксарият як доираву як дутор ҳаст, то дар рӯзҳои шодиву сурур аз онҳо истифода бубарад.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода