Тахти Сангин ва Дафинаи беҳамтои он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 528
Халқи тоҷик дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар пешрафт ва густариши фарҳангу тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҳиссагузорӣ намудааст. Тоҷикон чун халқи куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳони муттамаддин сазовори мақоми хосаи худ гаштаанд.
Инро ҷустуҷӯю кашфи бостоншиносони солҳои охир дар дохил ва берун аз Тоҷикистони таърихӣ собит намуд. Дар асл, он меросе, ки дар аклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз аҷдодонамону гузаштагон ба мо расидаанд, сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва пешниҳоди ояндагон гардонидан мебошанд. Он халқу қавме, ки мероси гузаштаро дӯст намедорад, эҳтиром наменамояд ба гумномии таърих афтода, аз байн меравад, ба фаромӯшхонаи таърих меафтад.
Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Он қавму миллате, ки ба гузаштаи худ эҳтиром намегузорад, ояндаи он норавшан аст».
Эътибор додан ба масъалаҳои истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангӣ, бахусус ёдгориҳои таърихӣ аз талаботҳои замони муосир мебошад. Шароит фароҳам овардан барои дидани сайёҳон, таҳияи хатсайрҳо, истифодаи васеи онҳо ба ҷалби туризми байналмилалӣ имрӯзҳо яке аз масоили муҳим дар ҷодаи мазкур мебошад. Аз вазифаҳои дигари муҳиму зарурии аҳли фарҳанг ин ба мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ЮНЕСКО ворид намудани мероси гаронбаҳоямон, беҳтарин ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар ва миллати тоҷик мебошад.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ибтидои давлатдории навини тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошт. Ҳатто дар Конститутсияи кишвар гуфта мешавад, ки “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошад. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст”.
Бояд қайд кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021 №577 “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” тасдиқ гардид, ки он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” таҳия шуда, барои рушди соҳа мусоидат менамояд. Тахти Сангин ёдгории монументалӣ мебошад, ки таърихи пайдоиши он ба ҳазораи якуми пеш аз мелод нисбат дода мешавад.
Шаҳри қадимаи Тахти Сангин дар қисми якҷошавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, ки ин ҷоро Амударё низ мегӯянд, воқеъ буда, ҳудудаш ба ноҳияи Қубодиён рост меояд. Тахти Сангин дар баъзе сарчашмаҳо Тахти Қубод муқобили дарёи Ому ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Роҳраву сутунҳои бузурги ин шаҳр бо сангҳо сохта шудаанд. Аз рӯи гуфтаи олимон, ки ин шаҳрро таҳқиқ кардаанд ва онро Тахти Сангин ном гузоштаанд, ба Тахти Ҷамшед монандӣ дорад.
Дар «Энсиклопедияи Советии тоҷик» омадааст, ки: «Тахти Қубод димнаи антиқист, дар райони Қубодиён вилояти Қӯрғонтеппа дар соҳили рости дарёи Ому».
Он дар шакли росткунҷа ҷойгир буда, аз куҳандиз ва бошишгоҳи начандон калон иборат мебошад. Донишмандону олимон ақида доранд, ки “Хазинаи Амударё” аз харобаҳои он дарёфт шуда бошад. Ёдгорӣ дар паси қаторкӯҳи Тешиктош, дар соҳили дарёи Ому дар ҷое, ки оби рӯдҳои Вахш ва Панҷ бошад, ҷойгир аст. Тахти Қубод дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ Тахти Сангин ёд мешавад. Дар бораи Тахти Қубод ном гирифтани ин мавзеъ ривоятҳои зиёде мавҷуд мебошад. Дар ривоятҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Қубод духтари дар ҳусну малоҳат беҳамтое дошт. Духтар ба беморие гирифтор мешавад.
Табибони гуногунро аз гирду атроф меоранд, вале ҳеҷ як табиб дармони духтари шоҳро намеёбад. Яке аз олимони дарбор аз илми тиб бохабар буд, тавсия медиҳад, ки барои табобати бемор як ҷои хушбоду ҳаво ва зебо лозим аст. Ин гуна мавзеи хушобу дорои иқлими биҳиштосоро дар макони ҳозираи ёдгории Тахти Сангин интихоб мекунанд. Шоҳ Қубод ба макони зебо омада, манзараҳои зебою дилкаш, қаторкӯҳҳои баланд, якҷошавии якчанд дарёи мусаффоро дида, хеле шод мегардад. Дар соҳили дарё як қасру кӯшки зебою боҳашамат ва ҷои истироҳатгоҳ бунёд мекунад. Баъдан, дуртар аз ин мавзеъ бо супориши шоҳ Қубод дар ҷойи ҳамвору зебо шаҳре бунёд менамоянд. Баъди гузаштани муддати мадид, духтари шоҳ сиҳат меёбад. Сипас, бо супориши шоҳ Қубод духтар аз Тахти Сангин шаҳре бунёд менамояд ва он Қубодиёни ҳозира мебошад, ки масоҳаташ 100 гектар заминро дар бар мегирифт.
Ҳангоми бунёди шаҳр ҳунари кандакорӣ, миёни бошандагон рушд ёфта буд. Бунёди қасру бошишгоҳҳо бо ороишоти сангу дигар олоти хоси он замон бозгӯкунандаи рушди ҳунармандӣ, хусусан кандакорӣ мебошад. То ин замон он сутунҳои ҳунармандона сохташуда шаклу намуди хешро гум накардаанд.
Мувофиқи гуфтаи бостоншиносон, дар ноҳияи Қубодиёни ҳозира панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиниён пайдо шудааст, ки онҳо низ гувоҳи дорои тамаддуни баланд будани миллати мо мебошанд.
Бузургтарин ёдгории ҷаҳонии давраи Юнону Бохтар Тахти Сангин мебошад, ки дар асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ арзи ҳастӣ кардааст. Он бойигарӣ ва нишонаҳое аз ин давра, 170 адад маснуоти тиллоӣ, аз қабили гӯшвораю танга, дастпона ва ҳатто аробачаи тиллоии шоҳ Кайқубод дар осорхонаи Британияи Кабир ба маъраз гузошта шудааст. Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” омадааст, ки “Хазинаи Амударё” хазинаест иборат аз 1300 сикка ва 176 ашё тиллою нуқра, ки дар соли 1877 аз тарафи аҳолӣ дар ҷойи резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому-наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст. Мувофиқи ривоятҳо “Хазинаи Амударё” он бозёфтҳоро бо тоҷикони бухороӣ Вазиуддин Ғуломмуҳаммад ва Шукралӣ фурӯхтаанд.
Дар вақти ба Ҳиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиконро роҳзанон ғорат кардаанд. Як қисми хазина аз тарафи аскарони англис наҷот дода шуд, қисми дигарашро аз бозорҳои шаҳри Раволпинди Покистон харидорӣ намудаанд. Бозёфтҳои “Хазинаи Амударё”, ки бештар аз тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо, пайконҳои оҳанӣ, ханҷару шамшерҳои оҳанӣ ғилофҳои аз устухони фил сохташуда иборатанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои археологӣ аз шаҳраки қадимаи Тахти Сангин беш аз 3 ҳазор пайкони найзаи оҳанин, 50 адад биринҷӣ ва корду шамшерҳои гуногун пайдо шудааст.
Тахти Сангин яке аз нодиртарин ёдгориҳои даврони тоисломии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дафинаи Амударё” ва ашёи он аз Осорхонаи Британияи Кабир нусхабардорӣ гардида, дар Осорхонаи миллӣ ба маъраз гузошта шудааст.
Истода Мухторова,
омӯзгори коллеҷи тиббии
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00