Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фарқи ҳодиса аз фалокат


Фарқи ҳодиса аз фалокат




Одамон сари маънои калимаҳои ҳодисаю фалокат аз нодонӣ фарқе намегузоранд. Ҳатто баъзе мандонамҳо онҳоро синониму ҳаммаънои якдигар дониста, барои як кори намешуданӣ байни худ соатҳо баҳсу талошу кашталканӣ мекунанд, вале дар асл ин тавр нест. Ҳодиса як чизи муқаррариест, ки баъзан рух медиҳад. Масалан, бигирем садамаи автомобилиро, ки гоҳҳо дар он баъзеҳо маҷрӯҳ ва ё ҳалок мегарданд, лекин фалокат...

Ба хонаи домод бо баҳонаи хабаргирӣ омадани хушдоман дар назар як навъ ҳодисаи одист. Ҳодисае, ки ҳарчанд аз он касе маҷруҳ ва ё ҳалок намегардад, аммо ташвишҳои зиёди миёншикан дорад. Баъди омадани вай қандатонро хӯрда, аз хати кашидаи ӯ берун бароед. Агар зимистон бошад, дар ҳар як ҳуҷра асбобҳои гармидиҳиро ба ҷараёни барқ пайваст менамояд, ки чархи ҳисобкунаки маблағ аз он девона мегардад. Дар хонаи мардум на ғами алову на ғами ҳезум. Яъне, кундаалови печкаи деҳаро ба ёд меорад пиразан. Кай парво дорад, ки дар охири моҳ назоратчии барқ кисаи соҳибхонаро мисли халтаи орди холишуда пуштурӯ метакад.

Дар тобистон аз дасти кампир фиғони бодбезан ба фалак мепечад, зеро ӯ ба салқинии ҳавои деҳа одат кардаасту дар шаҳр бе он нафасаш тангӣ мекунад. Дар хона мо - чолу кампир, ба нони аловӣ одат кардаем, -гӯён мефармояд, ки ҳар рӯз аз бозор барояш ҳатман нони танӯрии сурхосафеди болояш кунҷитакдор хорида биёрем. Назараш маскаю ҷурғоту қаймоқҳои арзонбаҳои мағозаҳои шаҳрро намегираду онҳоро туфта мебарорад. Пошна мезанад, ки барояш аз таги замин бошад ҳам, маскаю ҷурғоту қаймоқҳои сифаташон аълоро харидорӣ намоем, зеро қиммат бе ҳиммат нест.

Бачаҳои бечораро кампир дар пӯчоқи писта ҷой мекунад. Хандидану давутоз барои набераҳои бесари шуми шилқинаш моҳу ҳафтаҳои ин ҷо дар меҳмонӣ будани вай қатъиян манъ аст, зеро нағмаю нағомоти зиёдатиро асабҳои чун тори танбӯр таранги пиразан ҳаргиз намебардорад. Маро бошад, ландаҳури гӯлу гаранги ноуҳдабарое мешуморад, ки умри духтари гул арин нозуку нозанинашро хазон кардаам. Дар ноомади кор шиша сангдон шиканад.

Рӯзе трансформатори кӯча вайрон шуду дами бодбезан ба дарун афтод. Ҳайронам, ки мардуми шаҳр дар ин гармои ҷигарсӯз чӣ тавр тоқат мекунанд? - ғур-ғуркунон гуфт кампир ва дасти яке аз набераҳояшро гирифта, кашолакунон ба лаби дарёча рафт. Хост дастурӯ бишӯяд, вале ҳарчанд дар доногӣ аз ҷинси зан худро Афлотуни тайёр метарошид, асрори тақдири азалиро дандони ақлаш пай карда натавонисту ногоҳ пояш лағжида, сарозер ба об афтод.

Наберааш ин ҳодисаро дида, ба фиғон даромаду моҳигиреро, ки дар ҳамин наздикиҳо буд, ба ёрӣ ҷеғ зад. Моҳигир, ки ҳунари шиноварӣ дошт, саросема худро бо либосҳояш ба дарё афканду пиразанро аз марг наҷот дод. Дар бораи қаҳрамонии вай баъдан дар расонаҳои хабарию сайтҳои интернетӣ мақолаҳои ҷононе  гулкорӣ гардиданд. Аз он огаҳ гашта, дар вазъияти тантанавӣ ба моҳигир барои ин шуҷоаташ аз тарафи кормандони ҳолатҳои фавқулодда мукофот тақдим карда шуд.

Чунин наҷотдиҳӣ барои касе, ки як умр бори гарони таънаю маломат ва нозу нузи хушдоманро мекашид, магар дар ҳақиқат фалокат нест?

С. Баёзӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода