Худоё, Ватанро нажандӣ мадеҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 735
(Қисмате аз мақолаи «Ҷилваи «Ашки нур» аз дурахши «Тоҷи офтоб»)
Ҳақназар Ғоиб дар радифи шоирони номдорамон устод Мӯъмин Қаноъат, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор ва дигарон дар таҳаввулоти шеъри навини тоҷик саҳми арзандае дорад. Арӯзро хуб медонад ва гоҳо ба хотири тасвирҳои хушобуранг ва навгӯӣ бо ҷуръати чашмгире қолаби азалии шеърро мешиканад. Суханаш сареъ ва дилрас ба забон меояд ва бо як назар қабули табъу назари хонандагон мегардад.
Аз боби муҳтавиёти осори Шо ири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб тайи солҳои охир таълифоти зиёде ба табъ расидаанд, ки мунаққидон ва ҳаводорони назми сареҳ ва бадеъ паҳлуҳои гуногуни навиштаҷоти шоирро дар ин пардозҳо ташреҳ дода, бо ибрози ақида ба муваффақияти эҷодии эшон афзудаанд. Нигоштаҳои доктори илми филология профессор Абдунабӣ Сатторзода «Ҳақназар ва шеъри нарми ӯ», нависандаи маъруфамон Абдулҳамиди Самад «Гирифтори қаламрави сухан», нависанда ва рӯзноманигор Бахтиёр Муртазоев ва Бобоҷон Абдулвоҳидов «Мусофири олами орзу», муколамаи шоири ҷавону шинохтаи тоҷик Абдулқодири Раҳим бо Ҳақназар Ғоиб «Асли асл дар халқ аст», рисолаи тадқиқотии адабиётшинос Шоҳвалӣ Саид-ҷаъфаров «Фатҳи қуллаҳо», баъдтар мақолаи адабиётшиноси шуҳратёрамон Абдураҳмон Абдуманнонов «Гаҳвораи ёдҳо!», «Аз хандазори кӯдакӣ-аз Тайсафун то бар кунун», ки бо баландтарин эҳсосоти шинохти назми шеър қаламдод намудаанд, номзади илми фалсафа Аҳмад Саид, «Раҳоварде аз шаҳрҳои «Ҳастон» ва «Нестон», Ҳофизи Халқии Ҷумҳурӣ Бобоҷон Азизов «Ҳам ҳофиз, ҳам мутриб, ҳам шоир», омӯзгори фанни адабиёт Одина Шариф «Маро аз ту ояд ҳавои нафас», баъдтар шоир ва суханшиноси эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ «Ҳақназар Ғоиб-шоири ишқ, хамоса ва хирад», «Ҳақназар Ғоиб-аз табори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ» Усмон Назир «Эй дӯст, ҳамеша шуҳраёрат бинам», Атахон Сайфуллоев «Фалсафаи эҳё ва бузургдошти Ватан», Қурбон Восеъ «Ман он субҳам, ки аз баъди ғурубе тофт нури ман», мақолаҳо ва рисолаҳои Аҷамӣ «Шоире бо китобу сабки худшиносӣ», Абдулҳай Қаландар «Тоҷик ва тоҷи офтоб» ва ғайра, ки дар интишороти ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд ва онҳо давраҳои гуногун ва паҳлӯҳои номакшуфу роздори эҷодиёти шоирро мавриди таҳлилу тадқиқи хайрхоҳона қарор медиҳанд, қобили зикр мебошанд.
Оре, аз чунин андешаҳо ва тасвирҳо маншаъ мегирад шеър, шеъри ҷавобгӯи ниёзҳо, шеъри вақту замонҳо, шеъре, ки ба дарди имрӯзи ҷомеа паи марҳамбандии захмҳо офарида мешавад, дилҳоро ба ҳам меорад, ба ҳама ҳастӣ Ватанро гиромӣ медорад ва дар сарҷамъияш ҳарорати бахтро эҳсос менамояд, мекӯшад, ки ҳар фард ҳамчун охирин пуштибон паҳлӯи фарди дигар истода ва устувор бошад, манзараеро меофарад, ки ҳам дил мерабояд ва ҳам касро на танҳо ба андеша, балки ба худфидойӣ ва худшиносӣ раҳнамун месозад. Масалан, порчаи «Исто, сари тоҷик аст», аз достони «Ашки офтоб», дар ҳолати худмаҳкумкунӣ, дар ниҳояти ғамбеморӣ ва шиддати ранҷу тазаррӯъ тасвир шудааст, хоса чун бозича пешпои бегонагон гардидани ҷамҷамаи фарде (сари аз гӯшту пӯст маҳрум шуда) ҳастии касро ба дасти нолаву фарёд медиҳад ва ҷозибааш аршу фаршро фаро мегирад.
Аз ин шамси ховар хурӯшад, ки: «Ист!»
Замин ҳамчу модар хурӯшад, ки: «Ист!»
Ки дар пеши поят сари точик аст,
Зи обу гили модари тоҷик аст.
Ва дар зер гаронмоятарин дурдонаҳои маънавиро барои ифодаи афкораш ба ҳам оварда, кафи дуъо мекушоянд, ки:
Худоё, Ватанро нажандӣ мадеҳ,
Суханро ту бар мустамандӣ мадеҳ,
Бадиро мақоми баландӣ мадеҳ.
Ва боз баландар ва бо амри тазаррӯъ сало мезанад:
Зи мо рӯ магардон, Худойи бузург,
Магардон чалипо ту ройи бузург,
Ки сар гирад аз он хатойи бузург.
Ва ҳам дар банди дигар хирад ба шикаст рӯ ба рӯ меояду фиғони шоир фалакгир мегардад.
Ҳавои ғамам ман, зи оҳам мапурс,
Савобам мапурсу гуноҳам мапурс,
Зи номам мапурсу зи ҷомам мапурс,
Зи шабнавҳаи бардавомам мапурс…
Ин офаридаҳои ҳассос, ки дар заминаи дарки баланди шоирона асос ёфтаанд, таърихро ба чарх меоранд, инсонҳои бедордил баробари шоир меноланд, қисматҳо гоҳо оҳанги ҷангномаҳоро мегиранду гоҳо дар сабки фалакситой бо нолаи ҷигарсӯзи ҳузн рӯ мезананд ва чун дуди оҳ мепечанду бадал мегарданд ба як номаи ҳамосӣ. Чунин ҳамоҳангиву омезиши услуби китобиву халқӣ таъсирбахш эҷод мешаванд ва шӯру қиёму ҷозибияти пораҳои шеъриро меафзоянд, ки дар ниҳоди кас иршоди худогоҳии миллиро такомул медиҳанд ва бештар тақвият мебахшанд. Ва боз бо неруи худогоҳӣ бартар аз ин оҳи синасӯз, аз ранҷи аҷнабиёни ғоратгар,ки моли тоҷиконро рабуда, маънавиёти миллии тоҷиконро ба коми оташу хун кашидаанд, меафзояд:
Занад чашмакие сипас ӯ ба ноз,
Ки афтода Сомон зи тахти фароз.
Ки чашмони фотеҳ чу чашмони мӯр,
Ватанро кашад то сияҳчоҳи гӯр,
Хурад баргу бори дарахти сурур.
Сияҳҷома пӯшонадо бар Ватан,
Бубахшад ба кеҳу ба меҳтар кафан…
Бо фароҳам овардани ин пораҳои шеърӣ, шоир бори дигар саҳифаҳои ғамбору асрорангези таърихро рӯ мегардонад ва барои пойдории ҳуввияти миллӣ, устуворӣ ва мубарро будани ахлоқи ҷомеа, истеҳкоми маънавиёти мардум, бар ғановати шинохти буду ҳасти ноби миллӣ заминаи боэътимод мегузорад. Гуфтаҳои боло ифода гари ҳамин рангинбаёнӣ буданд, ки адабиётшиноси маъруфамон Абдураҳмон Абдуманнонов дар мақолаи тадқиқотии худ «Сурӯши Таърих» бо як ҳисси баланд ва ифтихори нуктадонӣ саҳфа оростааст: «Нидову хитобаҳои пурҳиссиёти ӯ ҳадду садҳои замонро мешикананд ва гӯшу ҳуши имрӯзиёнро тасхир менамоянд… Таассуфҳои пурсӯз, нолаҳои ҷонгудоз аз асорати сад ҳазор тоҷикдухтарони чаҳордаҳсола драматизми асарро шиддати тамом мебахшанд…».
Салими Хатлонӣ,
шоир
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00