Ин хоки сабз рӯи сурх афрӯхт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 714
Рӯшани забонадори баҳраманду фарёдрасу оростагар рӯ-рӯи паҳнаҳои сабзу кабуду сурху нуқрагуни кишвари тоҷикон таши фатҳу фараҳи озодиву соҳибватанӣ афрӯхтан дорад. Чун Ҷоми ҷам, Ҷоми ҷаҳоннамои ниёкони пайдоргару пояндагару афрӯзагар. Қалъаи ормони миллатро чароғон карда, бо дифоъ, фарёди пинҳони ватангириву ватандориро зиндагӣ бахшида, бо шонати худгариву худнигариву ҷаҳоншиносӣ. Чӣ хуш, озодному озодкому озодандеш, осудадили ватандор, давлатмандона нозишу созиш. Чӣ комёбе оштиву муросои сарҷамъу дили пур!
Муҳаққиқон ва таърихбандон некӯ натиҷа бардоштаанд, ки назму ҳидояти ин ҳама рӯшангариро рӯҳу неруи волову сутурги сарфарозида аз користони Иҷлосияи тақдирнамои Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ бароварда карда.
Воқеан, ин анҷуман сароғози Истиқлолияти побарҷо, оинаи тақдирнамои сулҳу гироишу эҳёи сохтмони давлати вижагии тоҷикист. Мунтаҳо фатҳи мубине, ки камина хеле ва хеле гиромиаш медорам ва халқи Ватан ҳамагон азизу шарифаш гирифтанд, эҳтизору ҷамъбандии навини тоҷикона, ватанёбии дубораи ҳазорон ҳазор фирориёни умедгумкардаи раҳрезу порези қади чӯлу ғору дараи кӯҳу хору зори дари деҳи мулку макони бегона аз асароти ҷанги бародаркуш мебошад.
Ифтихор бар табъу талошу хиради корсозу давлатгиру барҷастасози вакилони мардумии он иҷлосияи сарнавиштсоз, ки аз саҳнаи хунини фитодан ба нугуни минтаҳо меъроҷи болобароӣ пайдо карданд. Эмомалӣ Раҳмон ном муборакқадам родмардеро ба тахти сарвариву пешвогарӣ шинонданд, ки бо тавонмандии хеш оташи ҷанги шаҳрвандиро кушт, марзу буми бехалал эҷод кард.
Ва миллати мухтори созанда,
Ва сулҳи бародарнавози созанда,
Ва давлатгирии якояк
Ва баҳори поксози андӯҳи парокандагиву бародарбарандозӣ.
Ва баст дар ба рӯи рӯдхонаву найистону чӯлу бодияҳои муҳоҷиргурез, барканд хаймаҳову пардаҳои офтобу боронхӯрдаи кӯчиро, бардошт рӯи ҳамватанҳои ҳиҷронрӯзиро аз погаҳи мардуми бурунсӯ. Сарҷамъие, ки аз баъди он Иҷлосия чеҳра барафрӯхт, азизтарин созгори иҷтимоиву сиёсиву фарҳангии миллат аст, ки ҳазорон сароишу шукронаву ситоишро сазовор аст. Камина аз ҳамин шукргузоронам, ки дубора ватанёб шудам. Бошад, ки ин навишта ба мизони қаламу андешаам шарафномаи ёдҳои ба ватан бозрасӣ, даст бар сина ҳиштану сар ба пои Тоҷикистон андохтани мани собиқан ғарибафтодаи хонадарпушту косакуҷомонами марзу буми Афғонистонро бинамоёнад.
Борҳо ва борҳо навиштаму гуфтаму шунавондам дарду доғу аламу рӯзи сиёҳи ватангумиро, аммо дилам холӣ намешавад аз он бори аҳманд. Дилам боз ҳам мекашад, сих мезанад, мекӯбад ба девори синаам, ки бигӯ, бигӯ, бигӯ, бинавис, бинавис, бинавис: Ҳеҷ қалъаву қибла, ҳеҷ қасру ошёни мармарини муҷалло, музайан бо чилчароғу панҷараҳои зарҳалину нуқрафоми мулки бегона рафоҳияту хушии зиндагонии рӯи сӯфасанги хокфарсӯдаи бобоии тоҷикистониро намерасанд. Хоки Тоҷикистон шарбати хӯрданист, сер мекунад ҳам зиндаро ҳам мурдаро, ҳам ятимро, ҳам маибро, ҳам ғарибро ҳам гадоро.
Каҳдуди Тоҷикистон ширинмаззаст. Хори Тоҷикистон сӯзандорӯест, аз канзи шифои ҳазрати Луқмони Ҳаким рӯйидааст. Бӯи Тоҷикистон нӯшдорӯест нобиноро бино, карро шунаво, гунгро гӯё, бегонаро ошно, бедилро соҳибдил бисозад.
Э дарди Тоҷикистон дард нест, дард нест.
Заҳри Тоҷикистон заҳр нест, заҳр нест.
Зодбуми гиромигуҳарам, аз оҳу умеду дарди интизориҳоям ва ашку аламу ҳасрату садои доғандуди ҳазорон чун худам ҳиҷратзадагон фаҳмидам туро ва шинохтам, ки дар сангу хасу гарди роҳат ҳам рӯҳест фараҳбахш чун нози сари китфу бозуву бағали падар. Сарсари ағбаҳои Мӯрчадара, Паншеру Чордараву Чатрол, пай-пайи харобаҳои Қундузу (Куҳандиж) Балху Самандону Бағлон, таҳ-таҳи хаймаҳову кандакҳову порисаҳои заҳкашидаи Боғи Ширкату Хонободу Кампи Сахиву Тахористону Ҷаҳоб... ду чашмам-ду парандаи ғариб, ёду умедам чун абрҳои боронӣ сӯсуям бол мезаданду эҳсос мекашидам. Чӣ қадар азизу мунису ширину маҳбубу маъҷунӣ.
Аз худамвори муҳоҷире пурсон шудам: “Чӣ ҳол дорӣ?” Посухаш, гуфтӣ, ҳарду пойи даргаштамро бурид:-Ҳоли як ҷонбарбод. Дар даҳони гургаму поҳом кашол, аз биме, ки ёди Ватанро нағалтонам.
Эй Ватан обод мону, эй Ватан озод мон,
Гарчӣ баҳри ман надорӣ кулбае, кошонае ҳам.
Ватан. Ширини маззаву ширинии хандаву ширинии фироқу ширинии ғамҳоятро ман дар дари ғурбату дурият чашидаму нӯшидаму оҳ кашидам. Ҳеҷ гиряе талхтар аз гиряи ғарибон набуда ва ҳеҷ шоме сиёҳтар аз шоми ғарибон.
Ватан танҳо барои макону осоишгоҳ, кулбае ё кошонае маҳбубият наёриста. Мо дидем, бо ҷаҳу ҷалоли азамат, киштзору корхонаву мансабҳои боло, ҳам ононе, ки хокдони бобоӣВатан надоранд, ҳақиру бе банду бору нотавону ашки сари мижгонанд ва мунтаҳо ормони сар ба сари сангу ба пои кӯҳсори Тоҷикистон ниҳода ҷон ба ҷонофарин додан доранд.
Ватан сарпаноҳи бофазост. Ватан модари бахшандаи меҳрубон аст, гоҳе бо гуноҳу лағзиш фарзанд биранҷад ҳам аз ӯ як рагу пай канда наметавонад. Ҳамин аст, ки инсон аз сиришти Офаридгораш мамлакати маънавии хешро мепарварад. Дар он мамлакат ҳам офтобу замин ҳаст. Раъду барқу боду борону кишту хирман. Ва ин шугун доиман дарёду ҳуш зангӯла мезанад: “Меҳри Ватан аз гӯшаи имондорист”.
Дар ноҳияи Панҷ аз 5 ноябри соли 1994 то имрӯз мардуми муташаккир дар шароити нахустин ташрифи муҳаббатрези Эмомалӣ Раҳмон бар эътибори сарвари навини кишвари ҷангзада (ноҳияи Панҷ ҷангхӯрдатарин) хотирот меафзоянд. Ношинос буд ба аксар ҳуззори пешвозгир. Нигоҳи хайрбинашро бо ранги фурӯтаниву дӯстнавозӣ ба нигини чашму дил шинонданд.
Ранги худашон ба сурати як бародар, фарзанди азизе, муҳимтар пуштибону муттакову ҷасурмарде тофт. Яке бо нигоҳи маъсуму навозишгар аз пойзинаи идораи ҳукумати ноҳия аз миёни издиҳом модари хостадили куҳнапӯшеро ба пеши худ хонд.
Адолатапа, ки хурду бузурги маркази ноҳия чун зани шоистаи коромади ҷомеа хуб мешин охтандаш аз ин хандаи тақдир, ин дидори ни горфу табаррукро, ки интизор набуд, худро гум кард фурсате. Бо куртаи рангпарид аву чеҳраи заъфаронив у пойафзоли канда ба саломи подшоҳ? Як е мадор пайдо кард ушит офт ба пеши шахси авв али кишв ар ва бо чашм они ашк олуди худ дарё фт, ки дид агони меҳмони азизу бузург ҳам гирясоранд . Аммо на бо ашки нотавонӣ , бо дурахш е, ки қалби ҳушёр , замири пок, орм они волои қавии ми ллат барҷ ост ва ин арзиш ҳо ни яту амалҳои душм анони ҳарис у хонабарандозу кишв арс ӯзро фанои хок месозад.
-Бовар кунед,-гуфт Сарвар, ба зудии зуд хешу ақрабои бе ватанмондаи шумо аз он сӯи рӯди Панҷ ба буму бари бобоӣ бармегарданд. Ин сарманзили холишуда боз аз мардуми сурхрӯву сарбаланд пур мешавад. Ҳамаро дар марзу буми Ватан сарҷамъ месозам.
Бовар карданд ӯро, ки дониста аст, дард мекашад: дарде сӯзандатар аз оҳу нолиши муҳоҷири дарбадари ватан нест. Ва ин оҳу нолиш фузунтар дар дили хешу ақрабои интизори азизи дил гумкарда шӯъла мезанад. Хоки Ватан месӯзад таҳ ба таҳ аз ин ғам.
Он айём мо паноҳандаи хайманишини чӯлу бодияҳои Афғонистон будем ва маро аз ин бовар касе огоҳ намекард.
Дар варақи рӯзҳои зарду шомҳои сиёҳи қади чӯл як ҳамин танини хуну ғами номуродӣ буд: Садсолаҳо гурезаҳои тоҷикистонӣ дар Афғонистон (ҳарчанд он ҳам азниёхоки бостонии муштараки мост) ватандори расмӣ қабул наёфтаанд. Мегарданд он ғарибакони пиру хастадил ва тухму тӯлашон бо чашмони сурхидаву рӯи камнур дилҳои фигору беҳанг, қоматҳои чангу хамида, белу каланду юғу испори рӯздуриву мардикорӣ дар сари шона-талбандагиву шарманда рӯзҳоро чун селаи зоғони сиёҳ ҳай карда вале мудомат рӯ ҷониби офтобаро метобанду дар паси кӯҳҳои дуродур хаёлан ба ёди Балҷувону Ховалингу Ҳисору Зарафшону Вахшону Ҳоиту Вахё меноланд. Хобворе ба дин пиндор:фонӯси роҳи гумшудагон кӣ мешуда?
Ошнои афғоние мо ду муҳоҷир-банда ва амаки Фатҳуллоро ба меҳмонӣ хонд. Қаблан худро ба мо шиносонда буд, ки набераи Мавлоно Икромиддини Бухороист (Дар Афғонистон тоҷикони ин сӯи Омӯро ғолибан бухороӣ ном мебаранд). Аслаш мо бо хоҳиши Мавлоно даъватӣ гашта будем, хотирхоҳ дар айни пириву хастадилӣ бубинад ҳамватанони навмуҳоҷирашро.
Рафтем ба сарвақташ. Чанд ҳафта ҷогаҳӣ буда маҷоли хезу рав надошта. Вале чун сар бардошту моро дид, рӯи зону хесту дар оғӯшамон сари по. “Шукри Худо, ватан мебинем”, дасти дуо бардошт. “Чи қадар зебоед тоҷикони ман”-хитоб андохту гирист, ки моро ба гирён овард. Тӯли 72 соли ҷудоӣ дури асли лафзи дариро ҳамоно бо ширинии асалии дар зери забон пос дошта.
-Аз куҷои тоҷикистонед,-пурсид ларзону ошуфта.
-Асли ман ҳоитӣ,-ҷавоб дод амаки Фатҳулло,-ин бародар аз мардуми Вахиё,-ҷониби ман ишора намуд.
Мавлоно гуфтӣ ҷони нав дароварду моро бағал кашида, бӯиду бӯсиду гиря андохт, овоз дод: “Ҷонам дар пеши пойи ҳардутон. Банда ҳам аз хокдони Ҳоитам. Худои мутаол шуморо аз Ватан канда накунад, ба зодгоҳ бирасонад, сулҳу салоҳи ватанӣ насиб гардонад. Инҷо хору мискин мегарден, баргарден бо сулҳу салоҳ манзили аҷдодӣ” -дуо дод моро рӯ ҷониби қибла гардонид.
... Зотан қавми тоҷик дар тариқи расидан ба озодиву сулҳу саодату ватангироӣ дар ҳама рӯзи бад, дар ҳар лағжишу афтиш, дар ғурбат ё асорат, дар банди кундаву дору завлонаву зиндон тӯли таърихи беш аз панҷҳазорсола зод ба зод аз Худои мутаол аввал нафас ба сурати Рустаме чирадаст бедории рӯҳу пирӯзии ормони якояки хешро хоста ва ин ду гавҳари гиромигуҳарро ба тоҷи сари хеш ситора часпонд. Дар Қасри Арбоби Хуҷанд он Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халоиқи мушарафи тоҷикистонӣ сарнигоҳбонаш ихтисос дода, беҳин сароишу ситоишу шукронаи сари дар амонаш мебахшанд, он тоҷи фитода аз дасти бародарҷангро дубора бароварда карду дар фарқи сари миллат шинонд. Дурахшид он дар фазои куҳанбуми қаҳрамонпарвар, рӯ-рӯи минбари сангини кӯҳсор, бо мавҷу хурӯши дарёи ба чашми ҷаҳониён. Нармии мавҷуди тоҷикона, фарҳанги сулҳпарвари тоҷикона, лутфу лабханди хушу дӯстписанди тоҷикона, эҳдои амонии тоҷикона баҳри беҳдошти ҳаёти бани башар армуғон дод.
Аз он минбар алайҳи тамоми ҳирмонҳову исёнҳову нисёнҳо тобиши се гавҳари поки яке аз аввалин фарҳангсолорони башарият Зардушти Испитамен : “Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек”, овозаи футуҳоти эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, садои давлатмардии Оли Сомон, зарбулфатҳи Рустаму Суҳробу Темурмалику Сиёвушу Спитамену Деваштичу Муқаннаъу Аҳмадшоҳи Масъуди хешро ба сони шарораҳо дар бағал боло карду машъала бахшид.
Маро боз пиндорҳои бедору ҳушдордеҳ мекашад ба бурунсӯ, ба он сӯи Омӯ, ба чорсӯи худҷӯиву имдодхоҳиву худгарӣ. Ҳар қадар аз он рӯзгор канор мехоҳам, ёдмондаҳо ҷафстар мефишорандам, баландтар фарёд мекашанд, ки бинавису бигӯву бишунавон перомани Қасри ормони миллат, оқибати ситезу омезу хатароту футроти душманогариву худгумиву ношумардории якдигариро. Бигӯ, ки ин оштиву муросои бародарнавоз чун гули дар ҷӯши алов уфтода буд. Ифтихор ба оне, ки даст дар оташ андохту ин гули зиндагисозро вораҳонид, эҳёи тамаддуни сарманзили азизро бо он сурати ҷаҳонзеб бахшид.
... Хосдеҳ-порае аз ноҳияи Фархори Афғонистон. Имрӯз, ки ин деҳа чун ёдраси суроғаи гумшудагон пойгаҳи поксозӣ аз кинаву кудурату нобовариву ашку таҳдидҳо маъруфият дорад, мо дар аввал як деҳаяки ҷангзадае, гӯшаи яъсҳо, бечоранолиҳо ва ғазабу тасаллутситезӣ дида будемаш. Хосдеҳро аз имтидоди печу хами қарнҳо дастёбе бедор карду чун маъвои музокироти дипломатии сарони давлатҳои Афғонистону Тоҷикистон муҳри сулҳбандии тоҷикона зад бар пешона. Он атои Худо аз қудуми мубораки онвақта Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хезид, ки аз он пас Хосдеҳ чун маъвои кабутарони сулҳгустар, шаҳри умеду орзуҳо, шаҳри футуҳоти нодир дар тариқи куштани ҷангу хусуматҳо ва бозёбӣ маҳзари ибтикори зиндагисоз дар хотир ва саҳифоти таърихи музаффари мо ҷовидон мемонад.
Аз ёддошти ҳамсафарони онрӯзаи Ҷаноби Олӣ (10 декабри соли 1996) боёфт гардидам ва мо муҳоҷирон ҳам огоҳӣ доштем, ки ин ташрифро хатароту маҳлакаи нохушоянд рӯ ба рӯ буд: “Сӯи балоай Юсуфи танҳо чӣ меравӣ?”. Замину обу ҳавои ин қисмати Афғонистон пур аз бархӯрдҳои оташин (ҷангҳои дохилии кишвар) нолиш дошт. Аммо ӯро пайи ному шарафу нанги ҳамватанони фирорӣ фурсати дами ором намедод. Ҳадафе дошт: Расидан ба истиқболи нусрати ҳақиқии ҷамичи тоҷикон на ба нафъи худдифоӣ. Дар сари ин савганд: “Ҷонамро қурбон мекунаму аз ин сафар рӯ наметобам” панҷа нарм кардани шаҳриёри курсии якуми мамлакат бе назар набуд. Бо худ мебоист нури сапедидамон барад, ки дар чеҳраҳои пажмурдаву заъфарони ҳазорон фирорӣ сурхӣ бидавад. Мардуми ғариб баъди гиряву дуои солиён пеши Худо ва раҳпоии дерининтизор ба истиқболи дучори дастгириву дарвозакушои Ватан чи шодиҳое дар дилу хандаҳое дар лабон дурахшониданд. Баъди ин тавофуқ қаҳрамон, пуштибону хайрандеши мо Аҳмадшоҳ, яке аз созгорони ин тавофуқи тоҷикошноӣ дар дидоре шодиву масаррат армуғон бахшид: “Тоҷикиҳои ма, дилам пур шуд, ки ба тоҷикистони ҳамқавмони мо марди воқеан дардшиноси миллату ватансоз молик шуда. Дасту дилма об мекунам, ки шуморо ба хонаву даратон бирасонам, озодаву сарбаланд”.
Муҳандис, муҳаррик ва мукаллафи бозгардонии муҳоҷирони иҷборӣ ҳам барҳақ Президенти фидокори мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ рафт дар кавири оташрезу дудупечидаи ҷанги таҳмилии бародаркуш ва регистони хушунату тирагаштаву таҳдид ва боғи сабзи ормонҳову хостаҳои тоҷиконро рӯёнд, сабзиву самароварӣ бахшид.
... Рӯзҳои видоъ дар сарзамини Афғонистон, ки сари мо ҳаққи нону намаки афзун дорад, хайрхоҳу шиноси бисёре дуо медод:
“Тоҷикӣ, ба лиҳози худо ором-ором бирасен ба Ватани худ. Боз ҳам Худо кунад, ки кадом аҳде болои дарёи Панҷ пуле бино кунен, дасти шумо мераса. Биёен дидани мо аз хотири дӯстиву бародарӣ. Биёен, албатта, биёен, хоки пойтон тӯтиё”.
Ин пул ҳам сеюми ноябри соли 2003 аввалин бор дар таърихи мавҷудияти ин ду мамлакат болои дарёи Панҷ, байни Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон чун гузаргоҳи мурод бино ёфт. Настӯҳу сутургу баландтар аз он Пешвои миллат пули миёни дилҳо бунёд кард. Чанд соле пеш дар мавриди сафари кориаш ба ноҳияи Панҷ деҳқонсолори номии ҷумҳурӣ Болта Нидоев ба истиқболаш чунин армуғон нисор кард:
-Ҷаноби Олӣ ин издиҳоми мардуми шукуфта чун бӯстонро худатон чида-чида ҷамъ овардед. Вагарна ин макони мо холиву беранг шуда буд. Ҳамакнун, шуморо бо эътибори ҳазор-ҳазор дӯст медорем.
Ҷавоби Пешво ин буд:
-Ман ҳамаи шуморо дуболо дӯст медорам. Инак, ҳамсояҳои ба дил наздики афғонӣ аз миёни ҳама сарварони мамолики дунё нахуст Эмомалӣ Раҳмонро шинохтанд, ки дар мубориза зидди толибони ғаддор муттакову пуштибонашон шуда. Ба аҳли тараққихоҳи олам муддаъӣ шуда, ки ҳукумати толибон ғасби ғайриқонунист. Аҳли ҷаҳон бидонед, ки толибон тӯдаи амрикоимаобанд на исломгирои воқеӣ, на ватансози мувофиқ ба арзишҳои муосири умумибашарӣ.
Дар ҳамин рӯзҳои қариб Пешво боз як сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ анҷом дод. Ҳамон издиҳоми чидаву сарҷамъкардааш ба истиқболаш парчами Ватанро ба баландии беш аз чиҳил метр дар фазои ноҳия афрохта кард. Тандиш баланду муҷаллои Нишони давлатиро фарозид, биноҳои замоназеби идораву маърифатиро ба маърази истифода пешкаш намуд. Ин ҳама эҷоду бунёд хосияти Ваҳдати назиру амал, сулҳу салоҳу озодиву амониест, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ шуълавар гардида.
Муъҷизаҳои ормонии мо: истиқрори бегазанди сулҳу ризоияти миллӣ, бунёди давлати вижагии миллӣ, бо Конститутсия ва тамоми қавонини дигараш, таҷаллии ҳувият ва фарҳанги ваҳдатсозу намоёнгари истеъдоду неруи офаринандаи миллат ва соири корнамоиҳои созандагии осоишта, иншоолоҳ то солиёни мутамодӣ, то бекарон, то ҷовидон фурӯзон шудаанд.
Ифтихор ба ин дастовард! Аз ин ёду вобастагӣ дур намонем, ёфтаҳои муқаддаси хешро ҳифзу афзун намоем. Хезишҳои неку арзишманди давлатсозии навини тоҷикона дар паҳнои замини Ватан ҷовидона муродбахшу бехалал бодо!
Ифтихор ба ин хоки сабзи афрӯзаи рӯи сурху рӯзи сапеди мардуми якшуда!
Мирзо Набот,
собиқадори матбуот,
ноҳияи Панҷ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...