Суди вилояти Хатлон ҳукми муттаҳамони қатли бераҳмонаи аъзои як оила дар Ҷайҳунро содир кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 723
Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон, Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев барои содир намудани ҷинояти дар якчанд банди моддаҳои 32 (тайёр кардан ва сӯиқасд ба ҷиноят), 104 (одамкушӣ), 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан нест кардани молу мулк)-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида гунаҳкор дониста, ба ҷазои якумра - маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳдорӣ дар колонияҳои махсус маҳкум гардиданд.
Суд, ҳамчунин Адолат Шерматоваро дар айни ҳамин ҷиноятҳо гунаҳкор дониста, ба 28 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.
Ёдовар мегардем, ки хабари куштори 4 узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар нимаҳои моҳи июни соли 2021 сокинонро такон дода буд.
Рӯзи 12-уми июни соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки шахсони ношинос ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд.
Онҳо бо табар ба чор фарзанд, худи Аҳлиддин Маҳмадову ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Ҳамсар ва як писари Маҳмадов зинда монданд, вале худи ӯ бо се фарзандаш аз зарби табар ҳалок шуданд.
Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи Аҳлиддин шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд. Дар ду ҳуҷра 4 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд.
Дертар маълум гардид, ки се узви ин хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи соҳибхона пас аз ним соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...