«Савлати Маҳмуд» 13 зани деҳотро соҳиби кор кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 964
«Солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди саноат эълон карда шавад». Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ 26 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд. Ин дастури Пешвои миллат дар вилояти Хатлон иҷро гардида истодааст. Қаҳрамони мо бо мавриди истифода қарор додани кооперативи истеҳсолии худ дар амалишавии ин дастур саҳм гузошт. Ҳоло меваи хатлонӣ дар ин корхона коркард шуда, аз он шарбату афшура истеҳсол мегардад.
Холаи Савлатмо Файзова дар суҳбат бо мо аз таъсиси корхонаи саноатӣ дар деҳот чунин иброз дошт: «Чанд сол пеш ин корхонаро бародарам истифода мекард. Аммо фаъолияти инро то ба охир нарасонид. Ман хело ғамгин шудам, зеро дар он ҷо кор мекардам. Аз байн чанд сол гузашт ва ин корхона тадриҷан ба харобазоре табдил меёфт. Рӯзе занҳои маҳалла назди ман омаданд ва гуфтанд, ки танҳо ту метавонӣ ин корхонаро дубора барқарор намоӣ.
Сухани занҳои маҳалла ба ман таъсир карду пайи азнавсозии корхона гардидам. Ба худ гуфтам: «Савлатмо, то ҷойе метавонӣ, кор куну ин коргоҳро соз ва занҳои маҳалларо бенаво нагузор». Ҳамин тавр, ман коргоҳи истеҳсоли шарбату афшураи мевагиро сохтам. Қаҳрамони мо ба хотири дубора барқарор кардани корхонаи фарсуда хело талош мекунад. Заҳматҳои ӯро дида, шавҳараш кумак мерасонад.
Онҳо тариқи лоиҳа аз шарикони рушд таҷҳизотҳои истеҳсоли шарбату афшураро дастрас менамоянд. Дар ҳоли ҳозир аз меваи боғи назди корхона шарбату афшура омода карда истодаанд. Нақша доранд, ки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят меваҳои гуногун харидорӣ карда, истеҳсолро зиёд намоянд. Бояд гуфт, ки солҳои қаблӣ дар вилояти Хатлон танҳо мева содир карда мешуд. Ҳоло бошад, дар доираи рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар ин минтақаи кишвар низ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ кушода мешавад. Корхонаи «Савлати маҳмуд» гувоҳи гуфтаҳои боло буда метавонад.
Пештар корхона дар як рӯз иқтидори то 500 дона банкаҳои шарбату афшура омода карданро дошту халос. Баъди дубора эҳё гардидану бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудан, имконияти дар як рӯз то 10 ҳазор дона банкаҳои шарбату афшураи мева истеҳсол карданро дорад. Аслан фаъолияти корхонаи мазкур мавсимӣ буда, то 30 нафар занҳои деҳотӣ ба кор ҷалб мегарданд.
Савлатмо Файзова ният дорад, ки ҳарчи зудтар иқтидору истеҳсолро зиёд гардонида, корро дар корхона доимӣ гардонад. Дар давоми суҳбат холаи Савлатмо, ки сарварии ин корхонаро ба уҳда дорад, гуфт: «Ман аз хурдӣ орзуи соҳибкор шуданро доштам. Ҳамеша барои расидан ба ин ниятам кӯшиш мекардам. Мехостам дар ин самт таҳсил карда, соҳибкори бузург гардам. Аммо аз набудани шароити таҳсил дар соҳаи тиҷорат орзу дар дилам монд. Баъди таваққуфи чандинсола холаи Савлатмо имрӯз ба орзуяш расид. Бо ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли шарбати мева ин соҳибкорзани хатлонӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузорӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир 13 нафар занҳои соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар ин корхона истеҳсоли консерваи пиёзи анзур низ ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар ҳаҷми 1300 килограмм ин намуди пиёзро барои консервакунонӣ омода карда истодаанд. Масъулин ният доранд, ки дар рӯзҳои наздик 800 килограмми дигар пиёзро ба корхона ворид намуда, консерваи ин намуди маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд. Ба гуфти мутахассисон истеҳсоли консерваи пиёзи анзур дар корхона бори аввал аст, ки сурат мегирад.
Онҳо мегӯянд, барои омода шудани консерваи ин намуди маҳсулот бояд муддати 40 шабонарӯз дар шароити муътадил нигоҳ дошта шавад. Бо азми ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат холаи Савлатмо кӯшиш дорад, ки дар корхона истеҳсоли тамоми намуди шарбату афшураи меваҳо ва қиёми помидорро ба роҳ монад.
Холаи Савлатмо ҳар як қадами худро дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат гузошта, пайи ободии диёри хеш аст.
Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00