Ҳ. Абдуллоева: «Даромади якрӯзаам беҳисоб аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Навори видеоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 127
Ҳалима Абдуллоева бо меҳнати ҳалоли худ дар ноҳияи Кӯшониён ва берун аз он ном баровардааст. Ҳарчанд ба синни мубораки 60 расида бошад ҳам, вале барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ заҳмат мекашад. Касби ӯ аслан омӯзгорӣ мебошад. Вале чанд соли охир ба парвариши чорвои калони шохдор машғул аст. Тавре қаҳрамонамон мегӯяд, дар як рӯз аз ҳисоби ширу ҷурғоти гов 400 сомонӣ ба даст меорад.
Мо барои шинос шудан бо фаъолияти кории ин шахси дурандеш ба ноҳияи Кӯшониён омадем. Ӯро ҳангоми дӯғкашӣ ва ҷурғотхобонӣ дарёфтем. Холаи Ҳалима аз мақсади мо воқиф гашта, бо чеҳраи пур аз табассум гарм истиқбол гирифт. Баробари мақсадамонро фаҳмондан гуфт: "Шояд касби нави ман он қадар ҷолиб набошад, зеро он марбут ба мардон аст".
... Ҳалима Абдуллоева аслан омӯзгори фанни математика аст. Чуноне ки худи ӯ мегӯяд, 16 сол дар МТМУ №1-и деҳааш кор кардааст. Соли 1997 бемор мешавад ва фаъолияти омӯзгориашро қатъ мекунад. Ӯ соли 1974 аз падар маҳрум гаштааст. 8 фарзанд дар тарбияи модарашон мемонад. Орзуи хондан дошт. Модараш ӯро дастгирӣ карду ба факултети математикаи Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира ДДБ ба номи Носири Хусрав) дохил шуд. Пас аз хатм дар муассисаи деҳааш муаллима шуда кор мекард.
Ҳамин тавр, соли 1988 бо ҳамсинфи худаш ба шавҳар мебарояд. Дар давоми 34 соли оиладорӣ соҳиби 5 фарзанд (2 писару 3 духтар) мегардад. Ҳалима Абдуллоева пас аз беморӣ ба тиҷорат машғул мешавад. Дар аввал аз лаби ҷӯйҳо пудина чида мефурӯхт. Сипас, аз ҳамсояҳо дӯғу ҷурғот харида, болояш каме маблағ гузошта, дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ва Бохтар бурда мефӯрухт ва тиҷорати худро васеъ кардан мегирифт.
- Шавҳари ман ронанда шуда кор мекард. Ману шавҳарам бо маблағи дӯғу пудина ва маоши ронандагӣ хона харидем, - шукрона карда, нақл мекунад Ҳалима Абдуллоева. - Зиндагӣ мушкил шуд. Ман ба Россия рафтам. Дар як фирмаи калон фаррош шуда кор кардам. Бо пули коркардаам ин хонаро харидем. Мегӯянд, ки сухани ширин морро аз хонааш берун мебарорад.
Холаи Ҳалима бо лафзи ширину меҳри беандозаи худ ҷониби говҳои ширдеҳ "ҷонакам, асалакам" гӯён навозиш мекарданд, ки мушоҳидаи ин чиз моро ҳайратзада кард. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту аз эшон пурсидам: "Холаи Ҳалима, чаро бо ин ҳайвонҳо чун ба кӯдак рафтор мекунед?” Гуфт: "Зиндагии пурнозу неъмати ман аз ҳар яки инҳо вобаста аст. Ман агар онҳоро навозиш накунам, кӣ мекунад? Ин навозиш боз ба хотири ором ҷӯшидани говҳои ширдеҳ ҳам хуб аст". Ҳавлии хурдакаки хола ба як фермаи чорвопарварӣ табдил ёфтааст.
Дар он худу шавҳар ва келину писараш кор мекунанд. Барои парвариш ва нигоҳубини чорво холаи Ҳалима ба фарзанду келинаш маош медиҳад. Феълан аҳли ин оила зиндагии босаодат доранд, ки ҳаваси ҳар бинандаро ба бор меорад. - Дигар ҳоҷат нест, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Дар ин ҷо дар канори оилаам маоше, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо сад азоб, дур аз оила мегиранд, кор карда метавонам. Пеш аз ин, ман дар як ошхона кор мекардам. Раҳмат ба модарам, ки ин корро пеш гирифту зиндагии мо рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, - мегӯяд Рӯзибой Ҳобилов, писари Ҳалима Абдуллоева. Рӯзе ба бозори "Панҷшанбе"-и ноҳияи Кӯшониён барои тамошо меравад, ки таблиғи қарзҳои имтиёзнок барои хариди гов мебинад. Бо онҳо суҳбат карда, 17 ҳазор сомонӣ қарз мегирад. Бар ивази он маблағ як гови ширдеҳи зотиро бо гӯсолачааш мехарад. Онҳоро ҳамроҳи шавҳараш як сол парвариш мекунанд. Гов боз як гӯсолаи дигар таваллуд мекунад. Ҳалимахола гӯсолаи якумашро ба маблағи 9800 сомонӣ фурӯхта, ба ҷояш ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ду ғуноҷини дигар мехарад.
Ҳамин тавр дар муддати се сол соҳиби 20 сар гов мегардад. Ҳоло як гови ин хола дар бозорҳои ҷумҳурӣ на кам аз 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Холаи Ҳалима аз 20 сар гов ҳамарӯза то 400 сомонӣ фоида мебинад. Вай ҳамроҳи келину писараш ҳар рӯз то 150 литр ширу ҷурғоту чакка ба бозор бурда мефурӯшанд. Ҳалимахола мегӯяд, ки дар бозор ҷойи нишаста фурӯхтан надорад ва барои ҳамин ҳар саҳар харидорон моли ӯро мехаранд.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо нархи як литр ширу ҷурғот 4 сомонӣ ва қаймоқ 35 сомонӣ мебошад. Ҳалимахола ҳатто саргини говҳояшро пул мекунад. Ҳамарӯза поруи говҳоро ҷамъ карда, таппак мекунад. Як миқдори таппакҳоро барои зимистонгузаронии худ захира мекунад ва нисфи дигарашро мефурӯшад. Аз ин ҳисоб дар як сол 7-8 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорад. -Бар ивази фоидаи маҳсулоти ширӣ ба говҳоям хӯрока мехарам. Кӯшиш мекунам, ки коҳу алафро барвақттар бихарам. Боз дар баробари ин, ба тиҷорати еми гов машғул ҳастам. Масалан, 2 моҳ қабл ман кунҷораро бо арзиши 4 сомонию 65 дирам харида будам. Ҳоло кунҷора 25 то 30 дирам қиммат шудааст.
Ба ҳамсояҳо бо нархи ҳозира фурӯхта қисме аз хӯроки говҳоямро аз ин роҳ ба даст меорам. Дар якум дарави юнучқа ман ҳар як банди онро 24 сомонӣ харида будам, ки ҳоло 30 сомонӣ шудааст, -иброз дошт ин зани 60-солаи чорвопарвар. Чуноне ки худи холаи Ҳалима дар суҳбат ба рӯзномаи "Хатлон" гуфт, ӯ аз хурдӣ дар хонаи падару модар ба чорводорӣ машғул будааст.
Вақте ба ҳамсинфи худ дар ҳамон деҳа ба шавҳар мебарояд, дар он ҷо низ ин корро идома медиҳад. Аммо на он қадар ҷиддӣ кор мекунанд. Пас аз гирифтани қарзи имтиёзнок аз Фонди қарзии "Меҳнатобод", ки лоиҳаи USAID барои рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон пешниҳод намудааст, соли 2019 ба тиҷорати гов машғул мегардад. Ҳалимахола дар тайёр кардани хӯроки гов аллакай таҷрибаи бой дорад. Ӯ ба келину писараш тарзи омода кардани хӯроки говҳоро нишон медиҳаду онҳо аз субҳи барвақт ба омода кардани он машғул мешаванд.
-Барои зимистонгузаронӣ мо аз давоми тобистон омодагӣ мебинем. Аслан барои як давраи тирамоҳу зимистон 1500 банди алафи хушк захира мекунем. Ба ғайр аз ин, чигит, кунҷора, орди макка ва коҳ захира карда, омодагии ҷиддӣ мебинем. Ҳоло холаи Ҳалима ва аҳли оилааш зиндагии хубе доранд. Ӯ бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои илоҳӣ ба занон тавсия медиҳад, ки ба тиҷорат машғул шаванду зиндагии худро беҳ созанд.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...