Ҳайфи умри одамӣ (Фоҷиа)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 704
Соли 19. Ҳар рӯз шино мекарданд, абрҳо дар осмони нопайдоканор. Абрҳои сиёҳ, села-села. Гоҳо тамоми осмонро фаро мегирифтанд. Ва, ҳамчунон, ғафсу доманадор, ки ана-ана, гӯё вазн мехӯрданд ба замин. Дар кӯҳсор боз ҳам баръало медиданд инро. Ваҳм зер мекард мардумро, ҳине ки абрҳои сиёҳу нафасгир аз болои деҳа мегузаштанду аз худ осори намӣ боқӣ мемонданд.
Хабари задухӯрд дар шаҳрҳои калон, гирдиҳамоӣ дар майдонҳо, ба деҳаҳо зада даромадани сиёпӯшу яроқбадастон дар дили мардуми кӯҳистони чӣ будани ҷангу ҳамдигарбадбиниро намедонистагӣ озах метарошид. Аз хабарҳое, ки радио медод, мардуми якумр сари як дастархон нонхӯрда акнун дар маъракаву чойхонаи деҳа аз якдигар тарс медоштанд. Зӯр зада фикр мекарданд, ки дар ҳамсоягӣ дар гузашта байнашон гапгузаронӣ шуда буд ё хайр?
Ҳошим дар деҳаи Алмостарош шахси омад буд. Даҳ сол пеш аз ин бо роҳхат муаллим шуда омаду ҳаминҷо монд. Куҷо ҳам мерафт. Падару модараш ҳанӯз ҳини хурдсолиаш дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расида буданд.
Ҷавони дидадарою боодоб, ки буд мӯйсафедони деҳа бо маслиҳат оиладораш карданд. Албатта, бародараш дар ин байн чанд маротиба омад, харҷи маҳру тӯёнаро ҳам оварду расму русуми қудогиро баҷо овард. Ҳошим дигар майли ба зодгоҳ баргаштанро накард. Чанд дафъа бародарашро хабаргирӣ мерафт, моҳонашро гирифта.
Рад мекарданд акаву янгааш.
-Худат биё шуд, бачем, мо сариштаи корамонро ёфтагӣ. Байни мардуми бегона худатро саришта кунӣ шуд. Агар тамоман омадан хоҳӣ бо оилаат биё. Хона хонаи худат,- мегуфтанд янгаву акааш. Вале Ҳошим ба деҳаи Алмостарошу мардумаш меҳр баста буд. Зиндагии мардумаш, обу ҳавояш, обҳои зулоли рӯдчаҳои кӯҳӣ, ки аз дили кӯҳ, аз чашмаҳои ширзо ҷудо шуда меомаданд, қариб ки ба муҳити зодгоҳаш мувофиқ буд. Духтарчааш Баҳор ҳам имсол мактабхон шуда буд. Чунон дӯстрӯяку чаққон, ки ҳар сабақи дар мактаб гирифтаашро дар хона тутисифат гуфта медод. Дастёру хабаррасон, хурсандии хонадон буд. Фақат...
Фақат, вохӯрии як ҳафта қаблӣ назди мағозаи деҳа тобу тавон, хобу хӯр, фикру хаёли Ҳошимро аз худ бурдааст. Акнун дар оинаи хотир мебинад, ки даҳ сол пеш меҳтарони деҳ Розияро ба Ҳошим хостгор шуда, номуси хонаводагии падарашро ҳимоя карда буданд. Қазоқ, ин муҷарради сисолаи номи аслиаш кайҳо фаромӯшшуда, ки нисфи умраш дар ҳабсхона гузашта буд, чанд маротиба пеши роҳи Розияро гирифта, “ба падарат гӯй, ки ризо шавад, вагарна...”, китфони нозуки духтарро бо дастони дурушти сернақшунигораш “ғамхорона” молиш дода, таҳдид кардааст.
Розияи нафиспайкар ҳафтае бистарӣ шуд, сиёҳӣ нафастангаш мекард, хобҳои меғшуш медид. Мулло оварда хононданд, боз ба по хест.
Ана ҳамин қисса боис шуду мӯйсафед розигӣ дод. Вагарна, кай парвои он дошт, ки духтараш бо муаллими омад ба ҳам дил додаанду якдигарро нағз мебинанд.
Ана, ҳамон Қазоқ, ки дар арафаи тӯй дар ҳолати мастӣ ҷавони дигареро Ҳошим гумон карда бо корд зада захмӣ карду маҳбасӣ шуд. Инак, баъди гузашти солҳо ба озодӣ баромада, боз дар деҳа пайдо шудааст. Аз нооромии замона истифода бурда, бо се-чор ҳаммаслаку ҳамқадаҳҳояш “штаб” ташкил карда буд, ба қавлаш онҳо гӯё мардумро муҳофизат мекарда бошанд.
“Аз кӣ ва барои чӣ”,- аз фикр мегузаронд Ҳошим. Дар ин маҳали дурдасти кишвар касеро ба касе кор нест.
Аз мактаб бармегашт Ҳошим. Роҳаш аз назди мағоза мегузашт. Назди мағоза чун ҳарвақта серодам. Ҳошим бо мақсади харидани ашёи расмкашӣ, ки хоҳиши духтарчааш буд, ба мағоза даромад. Салом дод ва пушаймон хӯрд. Қафо гаштан маънӣ надошт. Дар як гӯшаи мағоза Қазоқ, боз се нафар дигар қадаҳ дар даст, ки ба ҳамин тараф омадани ӯро барвақт мушоҳида карда буданд, меистоданд. Ӯро сӯйи худ мехонданд.
“Наравам аз рӯи одоб не. Бе ин ҳам, охир байни онҳо ягон хархаша нашудааст. Ва аз байн кам не, даҳ сол гузашт. Шояд одам шуда, ба роҳи дуруст даромада бошад” - бо ҳамин фикр Ҳошим ҷониби онҳо рафта, вохӯрӣ карданӣ шуда, даст дароз намуд.
-Не, ин тавр намешавад, - гуфт Қазоқ ва хез зада аз болои пештахта, ки то ин дам аз тарафи фурӯшанда меистод, гузашту бағал кушод.
Ҳошим ҳам бағал кушод ва ғайричашмдошт Қазоқ ӯро ончунон сахт фишурд, ки кам монда буд нафасаш дарун афтад, гӯшаш алов гирифт. Аз хандаи сахти Қазоқ ғашаш омад, вале истиҳола кард, чизе нагуфт оҳиста табассум кард.
-Барои вохӯрӣ,- қадаҳ дароз кард ба ӯ Қазоқ.
-Штрафник,-қадаҳро пур карда гуфт нафари дигар.
Ҳошим хост узр гуфта нагирад, вале то ба худ омад, ки аллакай қадаҳро ба дасташ қапонда буданд. Механдид, Қазоқ. Ӯро шинохта намешуд. Ришу мӯйлаб расидагӣ, либосҳои чармӣ дар тан-мисле, ки одам дар ғилоф бошад.
Ҳар замон гӯё, ки беқарорӣ мекарда бошад, таппончаи миёнашро дуруст карда мемонд.
Қазоқ механдид, сиву ду дандони зардашро, ки аз асорати носу банг акнун ба сони саргини мол метофтанд, намоиш медод. Ҳошим ларзид. Ӯ ба худ омада буд. Дарк кард, ки кӯзапуштро гӯр ҳам рост намекардааст.
-Бардор, муаллим! Мо нахонда бошем ҳам, ба қадри як чиз-ним чиз мерасидагӣ одам. Ҷояш ояд, ёрдам мекунем,- гуфт Қазоқ.
Ҳама нигарони Ҳошим буданд. Дигар чӣ шуду чӣ монд, чӣ гап гузашт ба гӯшаш намедаромад. Якнавохт ҷаррангос мезад, дар гӯшаш садои хандаи ноҷову безеб ва “ёрдам мекунем” гуфтани Қазоқ.
Инак, ҳафтаест ҳамин вохӯрӣ ӯро азият медиҳад. Дамдузду камгап шудааст. Ба мактаб дилу бедилона, бетайёрӣ меравад. Кош ҳамон вақт ба гапи акову янгааш медаромаду ба хонаи падар мекӯчид. Ҳоло, чӣ? Роҳҳо баста, намедонад онҳо дар чӣ ҳоланду куҷоянд. Розия бошад, дуҷон. Мабодо ин падарсаги Қазоқ биёяд. “Дар чашмонаш хун медурахшид. Ҳамон лаҳза, нафасаш бӯйи арақ не, бӯйи хун мекард”, инро акнун ба ёд меовард Ҳошим. Фикр карду фикр кард, оқибат холаи Розия ба ёдаш расид, ки дар ноҳияи ҳамсоя мезист. Вале Розия ба он ҷо мерафта бошад. Аз бозе, ки модари Розия фавтиду падараш зани нав гирифт, холааш омаду рафтро ба хонаи онҳо қатъ карда буд. Розия ҳарчанд зулми моиндарро мекашид, вале сабр мекард. Бо воситаи кӯҳҳо то он ҷо расидан мумкин, ҳамчунин бехавф.
(Идома дорад)
Исматуллои Гули ОЛИМ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...